logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҶАВОНОН ВА СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 2004 «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, № 7, мод. 459; с. 2011, № 6, мод. 429) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба сархати сеюми қисми якуми моддаи 3 пас аз калимаи «ҷамъиятӣ» калимаҳои «, иқтисодӣ ва сиёсии кишвар» илова карда шаванд.
2. Дар қисми якуми моддаи 4:
- дар сархати дуюм калимаи «мададгори» ба калимаҳои «дастгирии иҷтимоӣ ва» иваз карда шавад;
- сархати понздаҳум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«- таъмини иштироки ҷавонон дар рушди ҷомеа ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ;»;
- ба сархати шонздаҳум пас аз калимаи «ташкили» калимаҳои «фароғат ва» илова карда шаванд;
- сархати ҳабдаҳум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«- ташаккули фаъолияти волонтёрии ҷавонон, мусоидат ба фаъолнокии ҷавонон дар беҳдошти вазъи иҷтимоӣ ва дастгирии давлатии онҳо;».
3. Ба моддаи 9 сархати понздаҳум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«- фаъолияти вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар амалӣ намудани фаъолияти волонтёрии ҷавонон ҳамоҳанг месозад;».
4. Ба қисми якуми моддаи 14 сархати якум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«- иштироки фаъол дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон;».
5. Ба қисми сеюми моддаи 21 сархати дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«- ба соҳибкорӣ машғул будани ҷавонон;».
6. Қисми сеюми моддаи 28 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Мақомоти давлатӣ, мақомоти ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон дар амалӣ намудани вазифаҳои оинномавии онҳо дар доираи имкониятҳои мавҷуда мусоидат менамоянд.».
7. Дар моддаи 29:
- қисми якум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Барои ҳамоҳангсозӣ ва татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои миллии кор бо ҷавонон таъсис дода мешавад. Шӯрои  миллии кор бо ҷавонон фаъолияти худро дар асоси низомномае, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, амалӣ менамояд.»;
- қисми якум қисми дуюм ҳисобида, дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва дастгирии ҷавонон дар назди мақомоти маҳаллии кор бо ҷавонон шӯроҳои кор бо ҷавонон таъсис дода мешаванд.»;
- дар қисми дуюм калимаҳои «ҳуҷҷатҳои меъёрӣ» ба калимаҳои «санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» иваз карда шаванд;
- ба қисми сеюм сархати чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«- масъалаҳои марбут ба татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавононро баррасӣ карда, вобаста ба ҳалли онҳо қарорҳои дахлдор қабул менамоянд;».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон       Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 27 ноябри соли 2014,
№ 1161

ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»
 
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 9 октябри соли 2014, № 1594

ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»-ро  баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            М. УБАЙДУЛЛОЕВ 
ш. Душанбе, 20 ноябри соли 2014 № 752


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.12.2014    №: 236-237    Мутолиа карданд: 1636
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед