logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ГАРАВИ АМВОЛИ МАНҚУЛ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2005 «Дар бораи гарави амволи манқул»  (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, № 3, мод. 133; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2014, № 1117) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
 1. Номи Қонун дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«ДАР БОРАИ ГАРАВИ МОЛУ МУЛКИ МАНҚУЛ».
2. Дар муқаддима, номи боби 1, сархатҳои чорум, панҷум, шашум ва ёздаҳуми моддаи 1, моддаи 2, номи моддаи 3, ном ва қисмҳои 1, 2, 3  ва 4 моддаи 4, моддаи 5, ном ва қисми 1 моддаи 6, ном ва қисми 10 моддаи 7,  моддаи 8, қисми 5 моддаи 9,  матни моддаи 10, қисми 1 моддаи 11, моддаи 12,  моддаи 13, матни моддаи 14,  моддаи 15, моддаи 16, моддаи 17, моддаи 18, моддаи 19, номи моддаи 20, номи боби 2, ном ва қисми 1 моддаи 21,  ном ва сархатҳои дуюму сеюм ва чоруми қисми 2 моддаи 22, қисми 2 моддаи 221,  моддаи 25, номи моддаи 26, номи фасли II, қисми 1 моддаи 28, қисмҳои 1, 2 ва бандҳои 1), 2), 3) ва 5) қисми 3 моддаи  29, қисмҳои 1 ва 3 моддаи 30, матни моддаи  31, қисми 1 моддаи 34, бандҳои 1) ва 4) қисми 1 ва қисми 2 моддаи 35, банди 5) қисми 1 моддаи 36, қисми 1 моддаи 37, номи фасли III, номи боби 6, қисми 2 моддаи 41, бандҳои 1) ва 2) қисми 5 ва қисми 10 моддаи 43, сархати дуюми қисми 3 моддаи 44, қисми 2 моддаи 45, қисми 1 моддаи 48, сархати сеюми моддаи 50, қисмҳои 2, 3 ва 5 моддаи 51, қисмҳои 1, 2, 3 ва сархати сеюми қисми 4 моддаи 53, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 54, матни моддаи 55, ном ва  қисмҳои 2 ва 3 моддаи 58 калимаҳои  «амволи», «АМВОЛИ», «амволии», «амволе», «амвол», «Амволе», «Амволеро», «амволеро», «амволро», «Амволи»  ва «амволӣ» мувофиқан ба калимаҳои «молу мулки», «МОЛУ МУЛКИ» «молумулкии», «молу мулке»,  «молу мулк», «Молу мулке», «Молу мулкеро», «молу мулкеро», «молу мулкро»,  «Молу мулки» ва «молумулкӣ»   иваз карда шаванд.
3. Дар сархати шашуми моддаи 1 калимаи  «муомила»  ба калимаи   «бастани аҳд» иваз карда шавад.
4. Дар қисми 1 моддаи 3 калимаҳои «гаравгузорон ва нигоҳдорандагони гарав» ба калимаҳои «гаравдеҳон ва гаравгирон» иваз карда шаванд.
5. Дар қисми 1 моддаи 6 калимаҳои «асосноки нигаҳдошт, ки» ба калимаи «асоснок»  иваз карда шавад.
6. Қисми 7 моддаи 7 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«7. Тавсифи предмети гарав  инфиродӣ ё умумӣ шуда метавонад то ба дараҷае, ки дар лаҳзаи ба миён омадани масъалаи вобаста ба воқеият, бо навбат ё маҷбуран амалишавии гарав, имконияти муайянкунии предмети гаравро диҳад.».
7. Дар  қисми 1 моддаи 29  калимаҳои «Нафъи амволи предмети гарави додашуда (заклад)» ба калимаҳои «Фоидаи молумулкии аз предмети гарави додашуда (заклад) бадастомада» иваз карда шаванд.
8. Дар моддаи 32:
- қисми 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«1. Гаравхона (ломбард) шахси ҳуқуқие (ташкилоти махсусгардонидашудае) мебошад, ки ба додани қарзи кӯтоҳмуддат бар ивази гарави молу мулки манқули шаҳрвандон, инчунин нигаҳдошти молу мулки манқули шаҳрвандон машғул аст.»;
- ба қисми 2 пас аз калимаи «Тоҷикистон» калимаҳои «ва Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» илова карда шаванд;
- қисмҳои 4 ва 5 хориҷ карда шаванд.
9. Ба боби 9 моддаи 591 бо мазмуни зайл илова карда шавад: 
«Моддаи 591. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ  барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 27 ноябри соли 2014 № 1155 

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи гарави амволи манқул»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави амволи манқул» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
ш. Душанбе, 9 октябри соли 2014 № 1598

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи гарави амволи манқул»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави амволи манқул» - ро  баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави амволи манқул» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                      М. Убайдуллоев
ш. Душанбе, 20 ноябри соли 2014 № 746


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.12.2014    №: 236-237    Мутолиа карданд: 1679
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед