logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 1993 «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1994, №3-4, мод.62; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №10,  мод.127; с. 2000, №11, мод.535; с. 2002, № 4, қ.1, мод.260, мод.263; с. 2003, №4, мод.141) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба Қонун муқаддима бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқӣ, вазъи ҳуқуқӣ,  ҳайат, вазифаҳо, таъинот ва принсипҳои фаъолияти  қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.».
2. Қисми дуюми моддаи 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Қӯшунҳои дохилӣ вазифаҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, амалӣ менамояд.».
3. Дар моддаи 5 калимаҳои «Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»» иваз карда шаванд.
4. Дар қисми якуми моддаи 6 калимаҳои «ва амволи», «муҷтамеъҳои», «амвол» ва «амволе»  мувофиқан  ба калимаҳои «, заминаи», «молу мулки», «молу мулк» ва «молу мулке» иваз карда шаванд.
5. Моддаи 7 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 7. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  бораи  қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.».
6. Дар моддаи 9:
 - дар сархати сеюм калимаи «яроқу» ба калимаи «силоҳу» иваз карда шавад;
- дар сархати чорум калимаи «амвол» ба калимаи «молу мулк» иваз карда шавад;
- дар сархати ёздаҳум калимаҳои «(Қонуни Асосии)» ва «ин Қонун» ба калимаҳои «(Сарқонуни)» ва «Қонуни мазкур» иваз карда шаванд.
7. Дар қисми шашуми моддаи 11 калимаҳои «Вазорати алоқа, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «Хадамоти алоқа, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
8. Дар қисми сеюми моддаи 12 калимаҳои «қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ва санадҳои дигари меъёрии» ба калимаҳои  «қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии» иваз карда шаванд.
9. Дар қисми якуми моддаи 15 калимаҳои «қонуни мавҷуда ҷавобгар мебошанд» ба калимаҳои «қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд» иваз карда шаванд.
10. Дар қисми дуюми моддаи 25:
- дар сархатҳои шашум ва ҳаштум калимаҳои «қонуни мавҷуда» ба калимаҳои «қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд;
- дар сархати ҳафтум калимаҳои «Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
11. Дар моддаи 26:
- дар сархати панҷуми қисми сеюм калимаҳои «қонуни мавҷуда» ба калимаҳои «қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд;
- дар сархатҳои даҳум ва ёздаҳуми қисми сеюм калимаи «амволи» ба калимаҳои «молу мулки» иваз карда шавад.
12. Дар қисми чоруми моддаи 36 калимаҳои «қонуни мавҷуда» ба калимаҳои «қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
13. Дар қисмҳои дуюм ва панҷуми моддаи 38 калимаҳои «Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
Моддаи 2.  Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 27 ноябри соли 2014, № 1149

ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Муовини якуми Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон    А. МИРАЛИЕВ
ш. Душанбе, 7 ноябри соли 2014, № 1648

ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро  баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон      М. УБАЙДУЛЛОЕВ  
ш. Душанбе, 20 ноябри соли 2014, № 740


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.12.2014    №: 236-237    Мутолиа карданд: 1599
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед