мулоқотҳо
ТАҲКИМИ МУНОСИБОТИ ДӮСТӢ
Нимаи дувуми рӯзи 4 декабр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуррауфи Иброҳимӣ – раиси Вулус Ҷиргаи (порлумони) Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дошт, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвари ҳамсоя баррасӣ шуд. Бар пояи гузориши Хадамоти матбуоти Президенти кишвар, Сарвари давлат дар оғози суҳбат изҳор доштааст, ки «Рушди ҳамкорӣ бо Афғонистони ҳамсоя, ҳамзабон ва ҳамкеш аз авлавиятҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии давлати мо мебошад ва масъалаи комилан ба эътидол овардани вазъияти ин кишвар ва истиқрори сулҳу суботи он барои Тоҷикистон масъалаи калидӣ ва ниҳоят муҳим аст».
Тибқи иттилои манбаъ дар вохӯрӣ изҳори бовар шуда, ки Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон дар амри таҳкими суботу пойдории бардавом, аз ҷумла тавассути нигоҳ доштани тавозуни маъқул ва санҷидаи сиёсӣ, миллию қавмӣ комёб хоҳад буд. Зимнан, оид ба татбиқи лоиҳаҳои минтақаии зербиноӣ барои сохтмони роҳҳои оҳану мошингард, кашидани хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва тарҳҳои дигари муштарак гуфтугӯи судманд сурат гирифтааст.
Абдуррауфи Иброҳимӣ, раиси Вулус Ҷиргаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури хабарнигорон натиҷаи сафараш ба Тоҷикистон, бахусус мулоқот бо Сарвари давлатро муваффақу пураҳамият хонд. Ӯ бо хушҳолӣ аз мавқеи рӯшани Тоҷикистон ва саҳми бевоситаи Президенти мамлакат дар амри пуштибонӣ аз манфиатҳои давлату мардуми афғон дар сатҳи ҳамоишҳои байналмилалӣ қадрдонӣ намуд. Ба андешаи Абдуррауфи Иброҳимӣ, «Равобити Тоҷикистону Афғонистон ба унвони ду давлати ҳамсоя ва бародар, бар асоси муштаракоти таърихию фарҳангӣ ва забонию динӣ қатъан ногусастанӣ аст».
Ҳамчунин дар мулоқот аз сатҳи кунунии ҳамкорӣ миёни сохторҳои марбутаи ду давлат дар бахши амният ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир изҳори қаноат шудааст. Ба гуфтаи раиси Вулус Ҷиргаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҳамчунин дар ин робита оид ба анҷом додани истирдоди мутақобилаи шаҳрвандони ду кишвар аз ҳабсхонаҳои ҳамдигар мувофиқа ба даст омадааст.
Қобили зикр аст, ки дар доираи ҳамкориҳои иқтисодӣ дар ҳашт соли охир ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Афғонистон 100 баробар афзудааст.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 6.12.2014 №: 239 Мутолиа карданд: 1532