logo

мулоқотҳо

Эмомалӣ Раҳмон бо оятуллоҳ Сайид Алии Хоманеӣ вохӯрд

12 марти соли 2009 дар шаҳри Теҳрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари муаззами Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Алии Хоманеӣ вохӯрӣ намуд.
Зимни сӯҳбат Эмомалӣ Раҳмон нахуст Алии Хоманеиро бо фатҳи кайҳон, ки тавассути мушаки эронӣ сурат гирифт, шодбош гуфта, ин рӯйдодро намунаи барҷастаи болоравии иқтидори кишвари Эрон ва боиси ифтихори дӯстони он дар тамоми олам маънидод кард.
Сардори давлати Тоҷикистон ҳамчунин доир намудани ҳамоиши даҳуми ЭКО - ро низ яке аз иқдомҳои муҳим баҳри густариши ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ ва болоравии обрӯи Эрон дар минтақа арзёбӣ намуд.
Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвари дӯсту ҳамзабонро дорои захираҳои ҳанӯз истифоданашудаи зиёд номида, пешниҳод намуд, ки  ҳарчи зудтар Барномаи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ барои солҳои 2009-2015 таҳия ва қабул карда шавад.
Густариши ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар дар сатҳи байнидавлатӣ ва ҳам тавассути иштироки бахши хусусии Эрон дар иқтисодиёти Тоҷикистон ва таъсиси бештари корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ мувофиқи мақсад дониста шуд.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин оид ба кам кардани мӯҳлати сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2»,  анҷоми пурраи нақби Истиқлол, оғози сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Шӯроб ва нерӯгоҳҳои хурди обӣ, нақби Чормағзак ва дигар лоиҳаҳои инфрасохторӣ сурат гирифт.
Истифодаи имкониятҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бобати тайёр намудани мутахассисони бахшҳои саноат, энергетика, роҳу нақбсозӣ ва технологияҳои муосир низ барои Тоҷикистон муҳим маънидод гардид.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2109
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед