logo

номаҳо

ЧАРО ДАР МАКТАБ КИТОБИ ДАРСӢ НЕСТ?

Дар қисмате аз мақолаи рӯзномаи «Ҷумҳурият» 26.11.2014, ки ба унвони «Дар мактаб китоби дарсӣ нест» нашр шудааст, сухан сари норасоии китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Файзобод рафтааст, ки наметавон онро нодида гирифт. Тавре мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод Шаъбон Восеев зикр кардааст, яке аз мушкилии асосӣ дар ин самт барнагардонидани қарзи шуъбаи маориф аз ҳисоби иҷораи китобҳои дарсӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки ҳаҷми маблағи қарзи шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод аз ҳисоби иҷораи китобҳои дарсӣ давоми солҳои 2001 - 2014 дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 347 478 сомониро ташкил медиҳад. Қарзи мазкур аз сабаби бемасъулиятии мудирони шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод ва роҳбарони муассисаҳои таълимии он ба вуҷуд омадааст. Сарфи назар аз ин, то ба имрӯз аз ҷониби Вазорати маориф ва илм дар асоси дархости шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод оид ба норасоии китобҳои дарсӣ давоми солҳои 2001-2014 ба муассисаҳои таълимии ноҳия 360 010 нусха китоби дарсӣ ва маводи таълимӣ дастрас карда шудааст.
Инчунин дар суҳбат бо хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод Ш. Восеев аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия бештар норасоии китобҳои дарсӣ барои синфҳои 9, 10, 11 эҳсос мешавад.  Бояд зикр сохт, ки айни замон китобҳои дарсӣ дар асоси дархосте, ки шуъбаҳои маориф барои ҳар номгӯй китоби дарсӣ пешниҳод мекунанд, нашр ва дастрас карда мешаванд. Аммо гоҳо шуъбаҳои маориф дархостро на аз рӯйи шумораи хонандагон, балки сарсарӣ ва тахминӣ ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод мекунанд, ки боиси норасоии китобҳои дарсӣ дар аксар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гарданд. Чунин саҳлангориҳо нисбат ба пешниҳоди дархост оид ба норасоии китобҳои дарсӣ аз ҷониби ин ноҳия низ вуҷуд дорад. Давоми солҳои 2012 - 2014 ба шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод 13 228 нусха китоби дарсӣ танҳо барои хонандагони синфҳои 9, 10 ва 11 ирсол карда шудааст. Дар умум соли 2014 ба шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 077 нусха китоби дарсӣ ва маводи таълим дастрас гардонда шудааст.
  Аз ин рӯ, иддаои мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод дар хусуси он ки танҳо пас аз супоридани қарзи маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ минбаъд аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон китобҳои дарсиро дастрас мекарда бошад, дуруст нест. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дархости шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мунтазам китобҳои дарсиро нашр намуда, ба шуъбаҳои маориф дастрас мегардонад. Аммо шуъбаҳои маорифро низ зарур аст, ки маблағи иҷораи китобҳои дарсиро сари вақт пардохт намоянд, то ки китобҳои навбатӣ нашр карда шаванд. Барои беэътиноӣ зоҳир намудан нисбат ба пардохти маблағи қарзи иҷораи китобҳои дарсӣ дар ҷаласаи назоратии назди вазири маориф ва илм  як қатор мудирони шуъбаҳои маориф, аз ҷумла мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод огоҳонида шуданд.
Имрӯз,  мутаассифона, вақте ки сухан сари норасоии китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ равад, дарҳол ҳама санги маломат ба сари Вазорати маориф ва илм мезананд. Аммо бояд тазаккур дод, ки норасоии китобҳои дарсӣ дар ҳар кадом муассисаи таълимӣ пеш аз ҳама аз бемасъулиятиву ноуҳдабароии роҳбарияти ин муассисаҳо ва баъдан мудирони шуъбаҳои маориф сар мезанад. Зимни пешниҳоди дархост ба норасоии китобҳои дарсӣ аз ҷониби шуъбаи маориф чи миқдор китоб дархост шавад, вазорат ба ҳамин теъдод китобҳои дарсиро дастрас мегардонад. Бинобар ин, агар дар ҳар кадоме аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ директори мактаб ва ё мудири шуъбаи маориф масъулиятшинос ва кордон набошанд, пас барои Вазорати маориф ва илм низ ислоҳ кардани вазъ душвор хоҳад буд.      

Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.12.14    №: 241-242    Мутолиа карданд: 1625
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед