номаҳо
ҲАЁТИ ДУБОРА БАХШИДАНД
Арӯси хонадон бо кӯшишҳои зиёди табибони таваллудхонаи Маркази тиббии шаҳри Душанбе Ҷумъахон Хонов ва Ашӯралӣ Қаюмов ва бо ёрии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ наҷот ёфт. Бо сабаби ноогоҳӣ аз ҳолати Шоҳина ва дер расондани ӯ ба беморхона кӯдак дар батнаш фавтида, саломатиаш ниҳоят вазнин шуда буд. Муддати чор шабонарӯз дар ҳолати беҳушӣ (кома) қарор дошт. Хушбахтона, табибон ба мадади ӯ расиданд. Бо ҷарроҳиҳои пай дар пай ва гузарондани хун ба вай ҳаёти дубора бахшиданд. Тамоми амалиёту ёриҳо таҳти назорати вазир ва дигар мутасаддиён сурат гирифт. Ин буд, ки алҳол ҷавонзан дар ҳалқаи хонавода ва назди фарзандони худ қарор дорад. Бинобар ин ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шахсан ба вазир Нусратулло Салимзода ва муовинонаш, ба сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Бобоқул Муъминов ва директори марказ Соҳибназар Раҳмонов, барои расондани кумак миннатдории бепоёни худро изҳор медорам. Ба кори онҳо барору комёбӣ таманно менамоям.
Рустам ОДИНАЕВ, шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.12.14 №: 243 Мутолиа карданд: 5605