logo

номаҳо

ДАР ТАВИЛДАРА ПАРВОИ КОРАФТОДА НАДОРАНД

Солҳост қалам ба даст нагирифта будам. Вале тасодуф буд ё чизе дигар, ки баъди нашри матлабе бо номи «Мудири худписанд» дар рӯзномаи «Ҷумҳурият»  ночор қалам ба даст гирифтам.
Дар хусуси мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Тавилдара Шодӣ Раҳмонов чизе гуфтанӣ нестам. Ҳамкор аст. Аммо ин ҷо масоили рӯзмарраи зиндагии мардуми ин гӯшаи аз назарҳо дури кӯҳистонро каме бошад ҳам, мехоҳам рӯи коғаз биоварам.
Банда солҳои 1988 – 1992 ҳамчун хабарнигори мустақили «Ҷумҳурият»  дар бораи аз сари нав барқарор шудани ноҳия бо номҳои «Тавилдара диёри куҳанобод», «Эҳёи Тавилдара зарур аст» матолиб ба табъ расонда будам. Шояд ҳиссае барои барқароршавии ноҳия гузошта бошам. Аммо…
Маркази ноҳия аз охирон деҳаи мо дар масофаи 43 километр дуртар воқеъ аст ва кирокашҳо барои ба ин ҷо расонидан 40 сомонӣ роҳкиро мегиранд. Бовар кунед барои ҳуҷҷатгузории як фурӯшгоҳ шаш моҳи расо саргардон шудам. Барои як хулосаи имзои раиси об панҷ маротиба рафта омадам. Ва бисёр корафтодаҳо барои ночизии коре ҳафтаҳо дар ба дари идораҳо гашта, кореро ба сомон расонида наметавонанд. «Шеф» нест, пагоҳ биё», - мегӯяд котиба ва намедонад барои омадани пагоҳ боз 40 сомонӣ роҳкиро додан даркор аст.
Хулоса, кадом камбудиро ба қалам биоварам? Корат на дар бонк иҷро мешаваду на дар назди лоиҳакашу заминсози ноҳия. Дар ин хусус устод шодравон Ашӯр Сафар хеле хуб гуфтааст:
Дарди дилро дилбари дилдор медонад фақат,
Ҳолати беморро бемор медонад фақат.
Барои ҳамин ҳанӯз ҳам аксар мардуми мо бо таассуф мегӯянд: «Кош аз ҳайати собиқ Комсомолобод (Нуробод) намебаромадем. Онҳо одамони дигар буданд. Дар як маротиба «хуш омадед» гуфта,  мушкилатонро ҳал мекарданд. Аз мо чӣ? Даҳ бор равӣ ҳам, касе парво надорад».
Дар фарҷом ҳаминро илова карданиам, ки шумораи аҳолии ноҳияи мо нисбат ба дигар ноҳияҳо кам аст. Чӣ дорад? Якчанд муассисаи таълимӣ, бунгоҳҳо ва фурӯшгоҳҳои қади роҳ. Ҳар вақте ки мутасаддиёни идораҳои дахлдори ноҳия биоянд, албатта, тафтишро аз мактабу бунгоҳҳо ва фурӯшгоҳҳо оғоз мекунанд. Мекӯшанд, то камбудиро биёбанду дастхолӣ бознагарданд. То охирон тангаи зардакатро кашида мегиранд.
Боду ҳавои Тавилдара ҳамин гуна аст. Лекин фаромӯш накунед, одамони мушфиқу меҳрубонаш низ кам нестанд.
 

Муҳаммадшоҳи МИРЗО,
деҳаи Дамоби Ҷамоати деҳоти Чилдара


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.12.14    №:    Мутолиа карданд: 5414
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед