logo

маориф

РУШДИ ТАҲСИЛОТИ КАЛОНСОЛОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Дар шароити бозори меҳнати муосир дастрас будани таҳсилоти сифатнок ба инсон дар ҳама марҳалаҳои ҳаёташ масъалаи умда маҳсуб мешавад.
Бо дарки муҳимияти масъалаи мазкур давлат барои дар асосҳои илмӣ амалӣ намудани ин шеваи таҳсилот тадбирҳои мушаххас рӯйи кор овардааст.  Ин тадбирҳо дар Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онро 2 июни соли 2011 таҳти № 277 тасдиқ кардааст, комилу возеҳ инъикос ёфтаанд. Барои пешбурди принсипҳои таҳсилот дар тӯли ҳаёт дар ҷомеа ва байни сиёсатмадорон пеш аз ҳама фаҳмиш ва дарки ин ғояҳоро ташкил намудан зарур аст. Муттаҳидкунии ҳамаи неруҳои тарафҳои ҳавасманд дар ин самт дар чаҳорчӯби ислоҳоти соҳаҳои таҳсилот низ ниҳоят муҳим мебошад.
Тибқи консепсияи таҳсилот дар тӯли ҳаёт, таҳсилоти классикӣ ва омӯзиш бояд ба дараҷае густурда ба роҳ монда шаванд, ки ҳамаи гурӯҳҳои калонсолон, малакаҳову  сатҳи дониш ва истифодаи усулҳоро бобати имконияти рушди ҳама ва ҳар кас фаро гиранд. Таҳсилот бояд сифатноку босамар бошад. Таҳсилот ба таври инфиродӣ ба ҳар як инсон, барои баровардани эҳтиёҷоти ӯ равона мегардад ва бояд барои ҳама дастрас бошад. Бо ин мақсад ҷузъи муҳими рушди нозук ва дастрасии таҳсилот пешбурди принсипҳои «Таҳсилоти калонсолон» маҳсуб мешавад.
Системаи таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мукаммал мегардад. Шурӯъ аз соли 2008 давлат бо ин мақсад захираҳои зиёд ҷудо менамояд. Айни ҳол дар мамлакат беш аз 20 маркази давлатии таҳсилоти калонсолон бо фарогирии 70 бахш дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъсис дода шудааст, ки дастрасии аҳолии калонсоли бекорро дар курсҳои кӯтоҳмуддат ба таълими касбӣ таъмин менамоянд. Ҳамзамон система ба рушд ниёз дорад. Пеш аз ҳама, иқтидори институтсионалии таҳсилоти касбӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз тавоно нест. Дар натиҷа ҷалби тарафҳои ҳавасманд ба рушди ин бахш ба таври қаноатбахш мушоҳида намегардад. Барои мукаммалгардонӣ ва рушди системаи таҳсилоти калонсолон омӯзиши ҳолати қонунгузории муосир, вазъ дар бозори меҳнат ва натиҷагирии соҳаҳои таҳсилот дар мамлакат басо зарур мебошад. Дар асоси таҳлилҳои ҳамаҷониба барои рушди соҳаҳои таҳсилоти калонсолон дар мамлакат тавсияҳои судманд таҳия кардан шарт аст.
Рушди системаи таҳсилот яке аз вазифаҳои муҳим буда, давлат ҳамасола барои равнақи он воситаҳои зиёде равона мекунад. Аммо имкониятҳои давлат ҳам беохир нестанд ва системаи классикии таҳсилоти касбӣ ҳамасола ба таҳсилоти иловагӣ набояд беш аз 80 ҳазор нафарро фаро гирад.
Дар шароити маҳдудияти захираҳои давлат ва афзоиши аҳолӣ беҳтар он аст, ки сиёсати таҳсилот мавриди баррасӣ қарор гирад, ҷалби ширкати сектори хусусӣ ба таҳсилоти ҳамаи дараҷаҳо ва рушди шарикии хусусӣ-давлатӣ ба роҳ монда шавад. Рукни ягонаи ҳавасмандӣ барои бахши хусусӣ танҳо маблағ буда метавонад ва инро танҳо бо сиёсати нозуки андозбандӣ ва маъмурӣ амалӣ кардан мумкин аст.
Бо назардошти вазъи мавҷуда дар бозори меҳнат ва баҳогузории имкониятҳои давлат рушди системаи таҳсилот дар тӯли зиндагӣ, бо ворид намудани таҳсилоти калонсолон, ҷузъи муҳими таъминоти дастрасӣ ба бозори таҳсилоти хизматрасониҳои нозук маҳсуб мешавад.
Соҳибихтиёрии таъсиси шахсӣ ва иштирок дар ҷомеаи шаҳрвандиро тамоми аҳолӣ, аз ҷумла корҷӯён, бекорон, кормандон, ҳамчунин кордиҳандагону соҳибкорон новобаста аз нажод, синну сол ва таҳсилот бояд дошта бошанд.
Таъминоти соҳибихтиёрӣ дар тӯли зиндагӣ шакли расмӣ надоранд (омӯзиши ҳамарӯза, худомӯзӣ). Вақте ки инсон ба гирифтани маълумот дар шакли расмӣ (томактабӣ, асосӣ, миёна  ва олӣ) машғул мегардад бояд имкони таҳсили ғайрирасмӣ (иловагӣ), ҳам дошта бошад, ки онро муассисаҳо, аз ҷумла ташкилотҳои хусусӣ пешниҳод мекунанд.
Шаҳрванде, ки ба синну соли муайян расидааст, бояд имконияти иштирок дар ҷараёни таҳсилро дошта бошад ва он «таҳсилот барои калонсолон» номида шавад. Бо ин мақсад бисёр муҳим аст, донем, ки дар зери мафҳуми истилоҳи «калонсол» киҳо фаҳмида мешаванд ва таҳти мафҳумҳои «таҳсилоти калонсолон» ва «системаи таҳсилоти калонсолон» чиро дар назар дорем.
Ҳоло дар Тоҷикистон баҳсҳо перомуни «дар таҳсилот киро бояд калонсол номид» идома доранд. Андешае ҷо дорад, ки калонсол ҳамаи афроди ба балоғате расида дониста шаванд. Фикри дигаре низ мавҷуд аст, ки калонсолро ба синну сол набояд ҷудо кард, балки аз рӯи қобили меҳнат будани шахс муайян намуданаш айни муддаост. Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон синну соли қобили меҳнат аз 15-солагӣ оғоз меёбад.
Ашхосе, ки ноболиғиро пушти сар кардаву аз ҳаёт таҷрибаи ғанӣ омӯхта, барои амалу қарораш масъулият ҳис мекунанд, одами калонсол дониста мешаванд. Аслан, омӯзандаи калонсол бо панҷ хислати асоснокаш аз омӯзандаи ноболиғ тафовут дорад:
- ӯ худро соҳибмухтор ва шахсияти худидора меҳисобад;
- ӯ ҳарчи бештар таҷрибаи ҳаётӣ (маишӣ, касбӣ, иҷтимоӣ) меомӯзад ва онҳоро сарчашмаи муҳими омӯзиши худ ва ҳамкорон медонад;
- омодагӣ ба омӯзиш ҳамчун талошҳои ӯ тавассути ёрии фаъолияти таълимӣ ҳал намудани мушкилоти муҳими ҳаётӣ ва расидан ба мақсадҳои мушаххас дониста мешавад;
- ӯ ба татбиқи донишҳои омӯхта, тавоноӣ, малака ва кори сифатнок саъй мекунад;
- фаъолияти таълимии ӯ дар бисёр ҳолатҳо пайванди ҷанбаҳои замонӣ, маконӣ, касбӣ, маишӣ ва иҷтимоӣ мебошанд.    
Фаҳмиши «аҳолии калонсол» ва «таълими калонсолон» дар Тоҷикистон бояд бо назардошти воқеияти мамлакат татбиқ шавад. Дар шароити Тоҷикистон аҳолии калонсоли ниёзманд ба таҳсилот бояд ҳадди ақал аз 25-солагӣ муайян гардад.
Айни ҳол дар кишвар ҷузъҳои гуногуни таълими калонсолон мавҷуд мебошанд. Омори таҳсилоти афроди аз 25-сола боло чунин аст: дар мактабҳои ғоибона – 818 нафар; дар литсейҳои касбӣ – 5016 н. (ҳамагӣ 21850 нафар); дар коллеҷҳои касбӣ – 2228 н. ( ҳамагӣ 47977 нафар); дар мактабҳои олӣ – 12355 н. (ҳамагӣ 159415 нафар); пас аз мактаби олӣ – 1778 нафар; дар Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон – ҳамагӣ 72000 нафар; дар курсҳои кӯтоҳмуддати мақомоти шуғл – 5200 нафар; баланд бардоштани тахассус дар истеҳсолот – зиёда аз 17000 нафар; дар муассисаҳои таълимии расмӣ  набуда (зиёда аз 260 воҳид) – ҳамасола зиёда аз 160 ҳазор нафар.
Бо дарки муҳимияти масъала, тавре ёдрас намудем, давлат бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалӣ Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд. Дар стратегияи мазкур дар  хусуси роҳнамоии таҳсилот барои дастгирии ислоҳоти сохторӣ дар иқтисодиёт, ки барои Тоҷикистон муносибати инноватсионӣ дониста мешавад, ҳаллу фасли вазифаҳои муҳим пешбинӣ шудааст. Татбиқи ин чорабиниҳо ҳамчунин дар Стратегияи миллии рушди таҳсилот то соли 2020, ки аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ гаштааст, мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Соли 2013 Қонун «Дар бораи таҳсилот» дар таҳрири нав қабул шуд, ки асоси ҳуқуқиро барои рушди сиёсат дар соҳаи таҳсилоти калонсолон муайян кард. Қабули қонуни нав «Дар бораи таҳсилот» имкониятҳоро барои таҳияи қонун «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» ба вуҷуд меорад, ки он метавонад дар ин самт зинаи дигари рушди сиёсати нави давлат гардад.
 

Ҷамшед  ҚУДДУСОВ,
коршиноси Маркази тадқиқоти сотсиологии «Сотсервис»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.12.14    №: 246    Мутолиа карданд: 5986
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед