мулоқотҳо
МУЛОҚОТ БО ГУРӮҲИ НОМЗАДҲОИ ҲХДТ
13 декабр Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи номзадҳо ба вакилӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешбарӣ шуданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба намояндагии шоиста аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар маъракаи пешазинтихоботӣ, риояи фарҳанги волои сиёсию ҳуқуқӣ, бо таҳаммулу тавозӯъ ба роҳ мондани рақобат бо номзадҳо аз дигар ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, муаррифии дурусту фаҳмои барномаи пешазинтихоботии ҳизби мазкур, ки шиораш “Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагию ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум” мебошад, ҳидоят кард.
Ба вакилӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 28 нафар пешбарӣ шуданд. Аз онҳо 11 нафар занон ва аксари куллашон олимону мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногун, аз ҷумла ҷавонони болаёқату дорои диду нигоҳи нав ба ҳаёти ҷомеа мебошанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.12.14 №: 246 Мутолиа карданд: 2207