мулоқотҳо
РАЁСАТИ СААД БА ТОҶИКИСТОН МЕГУЗАРАД
Дар ин бора Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) рӯзи 15 декабр, баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хабарнигорон иттиллоъ дод.
Бар пояи иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасии масоили омодагӣ ба иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ, ки ба наздикӣ дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия баргузор мегардад, дар меҳвари мулоқоти Сарвари давлат бо дабири кулли СААД қарор гирифт.
- Интизор меравад, ки дар нишасти навбатӣ вазъи кунунии кишварҳои узв, масоили мубрами вобаста ба фаъолияти созмон баррасӣ шаванд. Дар ин замина, тавсеаи ҳамкориҳои ҳарбию техникӣ, иқтисодӣ, амнияти минтақаӣ ва иттилоотӣ аз мавзӯъҳои калидӣ хоҳанд буд. Ҳамзамон иҷрои қарор дар бораи расондани ёрии фаврӣ ба Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар маркази таваҷҷуҳ қарор мегирад, - гуфт Николай Бордюжа.
Бино ба гуфтаи дабири кулли СААД, дар ин ҳамойиш раёсат дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Тоҷи-кистон мегузарад.
Ф. ҶУМЪАЕВ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.14.12 №: 247 Мутолиа карданд: 2174