logo

илм

ТАФАККУРИ ФАЛСАФӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Ҳар як рукни фарҳанг, илм, сиёсат, иқтисод, дин, урфу одат, анъана, техника ва ғайра дар ҷомеа мақом ва мавқеи худро дорад. Онҳо дар ҷомеа ҳамчунин вазифаҳои муайянеро иҷро намуда, хусусиятҳои хос доранд, ки якеро аз дигаре фарқ мекунонанд. Аз ин рӯ, вазифаи ин ё он рукни фарҳангро мо набояд маҳдуд  кунем ва ё баръакс аз будаш зиёд  нишон диҳем. Дар мавриди акс, яъне агар мо рисолати ин ё он рукни фарҳангро  маҳдуд гардонем ва ё онро асли ягонаи фарҳанг ҳисоб намуда, дар ҷомеа ҳукмрон гардонем, ҷомеаро ба вартаи нобудӣ раҳнамо мешавем.
Ҳамчунин тамоми рукнҳои фарҳанг вобастаи ҳам буда, якдигарро пурра мекунанд. Аммо вақте ки тавозун байнашон вайрон гардад, ҷомеа низоми табиияшро аз даст медиҳад.  Масалан: сиёсатшиносӣ масъалаҳои ҳокимият, сохтори сиёсии ҷомеа, инкишофи муносибатҳои сиёсии он, таъсирпазир будани ташкилотҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар ҷомеаро мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Дар  маркази омӯзиши иқтисод  раванди истеҳсол ва истеъмол, инчунин соҳаи хизматрасонӣ меистад. Дин ахлоқи ҷомеаро ба танзим медарорад.  Анъанаи  миллӣ дар навбати худ, хусусиятҳои хоси як миллатро нишон дода, онро аз омезиш дар таркиби миллатҳои дигар,  яъне аз вартаи маҳвшавӣ нигоҳ медорад.
Қобили зикр аст, ки дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ  мо пеш аз ҳама бояд ба ҳифзу ҳимояи чунин як рукни муҳими фарҳанг - анъаноти миллӣ  бештар саъй намоем. Аммо анъанаи миллӣ гуфта, танҳо ҷашну маросимҳои миллӣ ва адабиёту санъати гуногунжанри онро дар назар набояд дошт. Зеро аз қадим анъанаи миллии мардуми тоҷик ин будааст, ки андешаҳои худро дар либоси фалсафӣ баён мекард, яъне миллати мо дорои фалсафаи миллӣ мебошад.  Аммо, мутаассифона, имрӯз, вақте ки аз фарҳанги миллӣ ёдовар мешавем, танҳо адабиёт ва рақсу суруду мусиқиро пеши назар меоварем. Фарҳанг бошад, дар асл мафҳуми хеле васеъ буда, ҳамаи дастовардҳои моддӣ ва маънавии инсониятро фаро мегирад.  Бинобар ин, фарҳангро ба моддӣ ва маънавӣ ҷудо кардаанд. Ба фарҳанги моддӣ аз олоти сангӣ сар карда, то нанотехнология дохил мешавад. Фарҳанги маънавӣ аз устураҳои қадиму динҳои ибтидоӣ, то мафҳумҳои муосир, аз қабили плюрализму ҷаҳонишавиро фаро мегирад. Чунонки мебинем, дар байни ингуна дастовардҳои инсонӣ миллати тоҷик на танҳо шеъру каломи мансур ва суруду мусиқиву рақс, балки чизе болотар аз инҳо - фалсафаи миллиро низ  эҷод кардааст.
Ҳангоми бархӯрд бо арзишҳои фарҳанги ҷаҳонӣ  пояи миллати тоҷик  бояд бар андешаҳои фалсафӣ устувор бошад, на танҳо бар адабиёту санъат. Зеро адабу санъат зодаи эҳсосанд, фалсафа - зодаи ақл. Аз ин рӯ, пояи  миллат бояд қабл аз ҳама бар ақл устувор бошад. Чунки  эҳсос дар бисёр маврид инсонро метавонад ба иштибоҳ барад, аммо ақл аз роҳи ғалат ӯро нигоҳ медорад. Маълум аст, ки ҳангоми ворид шудан ба олами эҳсосу тахайюл инсон одатан аз воқеият каме дур меравад. Дар натиҷа маҳсули коргоҳи эҳсосот, агар дар пояи баланд қарор надошта бошад, дар бисёр маврид ҷавобгӯ ба ниёзи мардум нагашта,  дар ҷомеа харидор пайдо намекунад. Аз ҷиҳати дигар, адабиёт аз фалсафа дурӣ ҷуста, аксаран бо андешаи рӯзмарра ҳамоҳанг гардидааст. Ин ҳамоҳангӣ  натиҷаи босамар  дода наметавонад ва боиси тағйири афкори ҷомеа намегардад. Олами берун аз эҳсосу тахайюл ба таври дигар ҳаракату инкишоф дорад. Оид ба ин масъала ҳанӯз  Муҳаммад Иқбол фармуда буд:
Ғазал он гӯ, ки фитрат сози худро парда гардонад,
Чӣ бошад з-он ғазалхонӣ, ки бо фитрат ҳамоҳанг аст?
Ин ҷо зери вожаи «ғазал» танҳо жанри адабии маълум дар назар нест, балки тамоми анвои сухан мавриди таъкид қарор дорад. Яъне, сухан бояд тарзе бошад, ки на танҳо инъикоси андешаи муқаррарии мардум бошад, балки дар андешаи фард ё кулли ҷомеа дигаргуниеро ворид намояд.
Ҳамчунин, ба хубӣ маълум аст, ки агар ҳамбастагӣ ва робита байни адабиёти бадеӣ, санъат ва ҷомеа ба вуҷуд наояд, дар натиҷаи он асари бадеӣ хонанда ва ё театр тамошобин пайдо карда наметавонад. Ин ҳама сабаби пайдоиши холигии номатлуб дар ҷомеа мегардад. Мардум дар ин ҳолат барои қонеъ гардондани ниёзҳои маънавии худ ба андешаҳои омиёнаи диниву асрмиёнагӣ рӯ меоваранд.  Ин омил дар навбати худ боиси гармии бозори онҳое мегардад, ки ба қавли Муҳаммад Иқбол, таъбирашон Худову Ҷабраилу Мустафоро дар ҳайрат меоварад.
Ин ҷо саволе ба миён меояд: оё дин ҳамчун рукни фарҳанг метавонад ваҳдати миллиро нигоҳ дошта,  ҳангоми бархӯрд бо фарҳанги бегона миллатро аз вартаи маҳвшавӣ наҷот диҳад?  Тазаккур бояд дод, ки дин, агарчи ба ҳайси рукни фарҳанг баромад кунад ҳам, аммо ба нишонаҳои миллат дохил намегардад. Аз ин рӯ, дар раванди ҷаҳонишавӣ дин на танҳо фарҳанги миллиро метавонад аз ғанишавӣ аз  фарҳанги минтақа ва ҷаҳон боздорад, балки барои тезонидани раванди ҷудоихоҳии он низ хизмат мекунад. Аз ин рӯ, ба эътиқоди мо, дин бояд дар даврони муосир чун эътиқоди шахсии фард баромад карда, олами маънавии ҳар шахсро оро диҳад, на ин ки ба афкори иҷтимоӣ табдил ёфта, чун асли асосию ягонаи фарҳанг шинохта шавад. Ин нукта бар ҳама мусаллам аст, ки дар қатори дигар рукнҳои фарҳанг дин низ танҳо як рукни он ба ҳисоб рафта, дар ҷомеа мақом ва мавқеи баробар бо дигар аркони тамаддуни инсониро соҳиб аст.
Зиёда аз ин, қобили зикр аст, ки дини ислом ҳамчун маҳсули тафаккури минтақаи муайян, дар ибтидо бештар хусусиятҳо ва ҳувияти миллии қавмҳои ҳамин минтақаро инъикос мекард. Аз ин рӯ, дар солҳои аввали паҳншавии ислом, вақте ки он ба қаламрави ориёинажодҳо омад, мардуми ин минтақа, ки дорои фарҳанги озодипарастӣ буданд, шариати исломи ибтидоиро ба хусусиятҳои миллии худ созгор наёфтаанд. Аммо чун исломро омӯхтанду донистанд, ки ин дин танҳо аз шариат иборат набуда, дорои паҳлуҳои дигар, аз қабили тариқату ҳақиқату маърифат низ мебошад, онҳо вориди тасаввуф ва марҳилаҳои болои он гардида, дар ривоҷу равнақи ин дини мубин саҳми беандоза бузурге гузоштанд.
Ин ҷо низ саволе ба миён меояд, ки чаро ориёинажодон шариати исломи ибтидоиро бо хусусиятҳои миллии худ созгор наёфтанд? Ба андешаи мо, бунёди шариат дар ислом, чунонки болотар таъкид ёфт, бештар бо тафаккур ва ҳувияти ҳамондавраи мардуми ин минтақа мувофиқ поягузорӣ шуда буд. Аммо аз таърих маълум аст, ки бештари қавмҳои он минтақа қабл аз ислом аз арзишҳои зиёди фарҳангӣ бебаҳра буда, он замонро худ низ дар сарчашмаҳо чун замони ҷоҳилия ба қалам додаанд. Аммо дар  қаламрави ориёитаборҳо мардум аз фарҳанги волои мувофиқ ба давру замон бархурдор буданд. Абёти машҳури Ҳаким Фирдавсӣ низ маҳз ба ҳамин даврони ҷоҳилия ишора мекунанд:
Зи шири шутур хурдану сусмор,
Арабро ба ҷое расидаст кор,
Ки тоҷи каёнро кунад орзу,
Туфу бар ту,  эй чархи гардун, туфу.
Акнун биёед ба таври қиёс мулоҳиза кунем, ки оё метавон, масалан ягон барномаи тарбиявӣ ва таълимиеро, ки барои шахсиятҳои душвортарбия  пешбинӣ шудааст,  нисбат ба муҳассилини тарбиятдида ҷорӣ намуд? Ба ҳамин минвол шариати исломи ибтидоӣ, ки пас аз реҳлати паёмбари ислом дар қаламрави озодагон ҷорӣ гардид, мардуми онро водор сохт, ки алифбои зиндагиро бо барномаи дигаре аз сари нав биомӯзанд. Аммо вазифаи шариат ин инсониятро аз олами ҳайвонӣ ба олами инсонӣ овардан буд, дар қаламрави ориёитаборҳо бошад, аллакай ин марҳиларо паси сар намуда, шариатро барои худ бори гарон меҳисобиданд. Ин аст, ки донишмандони баъдӣ, махсусан Мавлоно Румӣ, шариатро чунин раванди гузариш меҳисобиданд, ки инсоният набояд тамоми умр дар он боқӣ бимонад. 
Сабаб чист, ки дар асри  XXI низ чун дар асрҳои гузашта баъзе одамон ба намояндагони илму фалсафа кам таваҷҷуҳ карда, бештар ба нимчамуллоҳои камсавод эътиқоду эҳтиром доранд?  Ҷавоби ин саволро метавон бо баррасии саволи дигар пайдо намуд. Чаро дар кишварҳое, ки сатҳи иқтисодиашон на он қадар хуб аст, мардум майл ба хариди молҳои камсифати арзон доранду ба бозори молҳои сифатнок камтар таваҷҷуҳ мекунанд? Дар масъалаҳои маънавӣ низ ҳамин ҳолат ҷой дорад - сатҳи дониши мардуми камсавод ба онҳо имконият намедиҳад, ки ба ҷуз аз сухани нимчамуллоҳои камсавод сухани олиме ё файласуферо фаҳм кунанд. Ба қавли Ҳаким Носири Хусрав:
Киро меъда пур гардад аз хору хас,
Шавад комаш аз ширу равған фигор.
Ба андешаи мо барои тағйир додани андешаи ҷомеаи муосири Тоҷикистон мақоми тафаккури фалсафӣ дар он бояд баланд бардошта шавад. Зеро аз як тараф агар тарзи баёни фалсафии андеша аз анъанаҳои миллии мо ба ҳисоб равад (аксарияти мутафаккирони мо андешаҳои фалсафии худро дар қолаби шеър баён медоштанд), аз тарафи дигар, фалсафа боиси ташаккул ва инкишофи афкори интиқодии ҳар фард  мегардад. Бо чунин афкори илман асосноку интиқодӣ бошад, ба пешвози фарҳанги ғайр баромадан ва онро дар коргоҳи тафаккур ба табиати миллӣ созгор намудан хеле саҳлтар буда, метавон фарҳанги миллиро аз маҳвшавӣ дар таркиби фарҳанги ҷаҳонӣ наҷот бахшид.
Дар охири сухан таъкид карданием, ки бидуни афкори илмӣ ва фалсафию интиқодӣ инсон ба муқаллиди фарҳанги ғайр табдил меёбад. Тақлид ба фарҳанги ғайр бошад, сабаби нобудии фарҳанги худӣ мегардад. Дар ин сурат инсон ҳамон зоғеро мемонад, ки  ба хиромидани кабк тақлид намуда, рафтору хироми онро ёд намегирад, вале шеваи парвози худро ҳам аз даст медиҳад. Мутаассифона, имрӯз ҳам баъзе мардуми мо ҳамон зоғро мемонанд ва афкори диниро ба тақлид мепазиранд, на ба сират ва на ба ақлу на ба фалсафа. Аз ин рӯ, имрӯз низ чун дар замони Мавлонои Румӣ бар сари ин бефаҳмиҳо бояд фиғон кард:
Халқро тақлидашон барбод дод,
Эй дусад лаънат бар ин тақлид бод.
 

Шукрат КАРАМХУДОЕВ,
номзади илми фалсафа


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.12.14    №: 248    Мутолиа карданд: 19350
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед