logo

сафарҳо

Маросими ифтитоҳи бинои нави сафорати Тоҷикистон дар Туркия

Субҳи 15 марти соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари пурмаҳсул аз минтақаи озоди иқтисодии Киши Ҷумҳурии Исломии Эрон барои иштирок дар Форуми панҷуми ҷаҳонии об, ки 16 март дар шаҳри Истанбул оғоз меёбад, ба Ҷумҳурии Туркия сафар кард.

Худи ҳамин рӯз Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Анқара дар маросими ифтитоҳи бинои нави сафорати Тоҷикистон дар Туркия иштирок намуд.
Дар маросими ифтитоҳи сафорати Тоҷикистон ҳамчунин вазири корҳои хориҷии Туркия Алӣ Бобоҷон, ҳайати расмии Тоҷикистон, корпуси дипломатии муқими Анқара ва дигар шахсони расмӣ  иштирок намуданд.
Хотиррасон бояд кард, ки моҳи январи соли 2006 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар маросими гузоштани санги асоси бинои нави сафорати Тоҷикистон иштирок намуда буд.
Инак баъди се сол бинои нави сафорати Тоҷикистон дар яке аз мавзеъҳои беҳтарини  шаҳри Анқара расман ба истифода супурда шуд.
Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати кормандони сафоратро бо ин рӯйдоди арзишманд табрику таҳният гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки бо ифтитоҳи бинои нав ва муҳайё гаштани шароити хуби корӣ самараи фаъолияти намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Туркия боз ҳам бештар мегардад.
Вазири корҳои хориҷии Туркия Алӣ Бобоҷон зимни суханронии табрикии худ Тоҷикистонро кишвари дӯсту бародар ва дорои фарҳанги пурғановат арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки Туркия минбаъд низ муносибатҳои гуногунҷанбаи худро бо Тоҷикистон  таҳкиму густариш хоҳад дод.
Дар назди сафорат бо садо додани Суруди миллӣ Парчами давлатии Тоҷикистон барафрохта шуд.
Президенти мамлакат   Эмомалӣ Раҳмон дар назди бинои нави сафорат як навниҳоли ҳамешасабз шинонд.
Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Анқара ба шаҳри Истанбул рафт.
Бегоҳии ҳамин рӯз Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул  ва Сарвазири ин кишвар Реҷеп Тейип Эрдоган мулоқот анҷом медиҳад.
Пагоҳ Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми панҷуми ҷаҳонии об иштирок ва суханронӣ хоҳад кард.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3888
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед