logo

илм

ТАРЗҲО ВА САРЧАШМАҲОИ ИСТИЛОҲСОЗӢ

Сайфиддин НАЗАРЗОДА,
доктори илми филология, профессор

Солҳои 20 - уми садаи гузашта, вақте ки масъалаи табдили алифбо ва бозсозиву навсозии забони адабии як қатор миллатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба миён омад, суоли ногузире пайдо шуд, ки истилоҳофаринии ин забонҳо чӣ гуна ва бар асоси кадом усулҳо сохта шавад ва ба кадом роҳҳо бояд пеш равад? Зеро дар ҳар ҷумҳурӣ ин масъала мустақилона, бидуни мувофиқа ва ҳамоҳангсозӣ бо ҷумҳуриҳои дигар ҳал мешуд. Гузашта аз ин, дар аксарияти ҷумҳуриҳои миллӣ луғатшиносони варзида ва ошно бо меъёру методологияи нави истилоҳшиносии ҷаҳонӣ мавҷуд набуданд. Ҳатто дар марказҳои муқтадири илмӣ чун Маскаву Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) ҳам чунин мутахассисон кам буданд. Мактаби забоншиносии шӯравӣ ва шохаи истилоҳшиносии он дар ҳоли инкишофу ташаккул буд.
Масалан, аз рӯи иттилооти мавҷуда оғози фаъолияти истилоҳшиносӣ дар замони шӯравӣ марбут аст ба маҳфили истилоҳшиносие, ки дар ибтидои солҳои 20 - уми асри гузашта дар назди Хонаи олимони шаҳри Ленинград ташкил гардид. Нахустин роҳбарони минбаъдаи Кумитаи истилоҳгузинии илмӣ ва техникии АИ ИҶШС академикҳо С. А. Чаплигин ва Д. С. Лотте фаъолияти худро маҳз дар ҳамин маҳфил оғоз карда буданд.
Ба ин нигоҳ накарда дар ин солҳо кӯшишҳои фаровон ба харҷ дода шуд, ки истилоҳшиносон ва истилоҳгузинони тозакори миллӣ дастгирӣ шаванд ва истилоҳгузинӣ дар ин ҷумҳуриҳо то ҷойи имкон мутобиқи меъёрҳои илмӣ пеш равад. Ба ин мақсад дар Анҷумани якуми умумииттифоқии туркшиносӣ (Боку, 1926) ва дертар дар Шӯрои илмии Кумитаи Марказии умумииттифоқии Алифбои нав (КМУ АН) ин масъала мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт ва забоншиносони барҷастаи он замони Иттиҳоди Шӯравӣ ба ин кор ҷалб карда шуданд.
Дар натиҷа Пленуми якуми Шӯрои илмии КМУ АН роҷеъ ба ин мавзӯъ қарори махсус қабул кард ва он барои истифода дар се номаи «Язык и письменность народов СССР» (Москва, 1933) ба чоп расид. Мутобиқи он чор принсипи умумӣ барои истилоҳгузинии нави забонҳои Иттиҳоди Шӯравӣ баргузида шуд:
1. Истифодаи васоити забони модарӣ. Инкишофи истилоҳсозии нав дар асоси забони модарӣ бояд аз нуқтаи назари зайл сурат гирад:
а) офариниши вожагони нав аз решаҳои мавҷудаи он забон;
бо истифода аз системаи хубинкишофёфтаи  пасвандҳои калимасоз;
б) тарҷумаи маъноии истилоҳоти мавриди ниёз ба шеваи  забонҳои пешрафта;
в) додани маънои нав ба вожагони ҷории он забон.
2. Истифодаи истилоҳоти интернат-сионалӣ дар шароити ИҶШС.
3. Истифодаи истилоҳоти илмӣ ва техникии байналмилалӣ.
4. Истифода аз дигар забонҳои наздик (Развитие…, 1986, с. 73).
Дар заминаи қарорҳои пленуми номбурда сипас принсипҳои асосии исти-лоҳофаринии бисёр забонҳои Иттиҳоди Шӯравӣ таҳия ва танзим гардид. Албатта, истифодаи принсипҳои мазкур дар ҳама забонҳо яксон набуд. Дар ҳар забон вобаста ба авомили хоси забонӣ ва ё таҳти таъсири муҳит ва шароити замонӣ ин ё он усул аҳамияти бештар касб мекард. Вале ба таври умум ин принсипҳо риоят мешуд.
Аммо дар мавриди тарзҳои асосии сохтани истилоҳот ва сермаҳсулии онҳо дар марҳилаҳои гуногуни инкишофи ин ришта дар Иттиҳоди Шӯравӣ мутахассисон дар ин мавзӯъ ихтилофи назар доштаанд. Бинобар ин дар адабиёти мавҷуда тарзҳои гуногуни истилоҳсозӣ мушоҳида мешавад. Масалан, баъзе муҳаққиқони истилоҳшинос се тарзи истилоҳгузиниро пешниҳод кардаанд:
- «Истилоҳотонидан»-и вожагони забони адабӣ ва лаҳҷаҳои ҳамон забон;
- Истилоҳофаринӣ дар асоси воситаҳои забони миллӣ;
- Иқтибоси «луғот – истилоҳот» аз забонҳои дигар» (Развитие…, 1986, с. 76).
Як даста олимони дигар чор тарзи истилоҳсозиро дуруст мешуморанд:
1. «Истилоҳотонидан»
2. Реистилоҳотонидан (интиқоли исти-лоҳот аз як соҳа ба соҳаи дигар)
3. Истилоҳофаринӣ
4. «Интернатсионалонидан» (ба орият гирифтан)
Гурӯҳи дигари мутахассисони исти-лоҳшинос тарафдори истилоҳгузинӣ дар асоси қонунҳои соф дастурии забонҳои миллӣ буданд:
1. Семантикӣ (маъноӣ)
2. Сарфӣ
3. Наҳвӣ
4. Тарҷумаи таҳтуллафзӣ (калка)
5. Аббреватсия (ихтисораҳо)
Ҳатто олимоне низ буданд, ки барои баъзе забонҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, асосан забонҳои туркӣ, ки мансуб ба «навъи забонҳои агглютинативӣ» мебошанд, фақат ду тарзи истилоҳсозӣ – аффиксатсия (вандпазирӣ) ва калимасозиро пешниҳод кардаанд (Развитие…, 1986, с. 77) ва ғ.
Сабаби чунин гуногунназарӣ дар ин соҳа ба тахмини донишмандон дар он аст, ки муҳаққиқон нисбат ба ин масъала бархӯрдҳои гуногун доштанд: «Дар бисёр маврид манобеи истилоҳсозӣ ва тарзҳои истилоҳофаринӣ махлут карда мешаванд. Дар баъзе ҳолатҳои дигар манобеи такмили истилоҳот ва тарзҳои (баъзан истилоҳи «роҳҳо» ба ҷои «тарзҳо» истифода мегардад) сохтани онҳо дар як радиф қарор дода мешаванд» (Развитие…, 1986, с. 77) ва ғ.
Вале ба андешаи муҳаққиқони ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ ва хулосаҳои донишмандони шинохтае, ки машғули масъалаи истилоҳсозӣ дар забонҳои халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ буданд, тарзҳои асосии истилоҳсозӣ ва такмили он дар забонҳои миллӣ дар даврони шӯравӣ қарори зайл будааст:
1. Гузаштани (нақли) вожагони забони миллӣ ба қатори истилоҳот, яъне тарзи семантикӣ (маъноӣ). Ин тарз имконоти васеъ дорад:
а) гузаштани вожагони «маъмулӣ»-и забони адабӣ ва ё умумихалқӣ ба сафи истилоҳот;
б) гузаштани истилоҳоти лаҳҷаӣ ба қатори истилоҳоти миллӣ;
в) ретерминологизатсия, яъне гузаштани истилоҳот аз як соҳа ба соҳаи дигар;
1. Калимасозӣ:
а) тарзи морфологӣ (тавассути вандҳо);
б) тарзи таҳлилӣ ва ё синтаксисӣ (калимаофаринӣ);
в) аббреватсия (ин ду тарз хоси сохтани луғот дар асоси истифодаи унсурҳои забони миллӣ мебошанд, вожаҳои иқтибосӣ низ метавонанд дар ташкили чунин тарз иштирок кунанд);
3. Калкасозӣ, яъне тарҷумаи таҳтул-лафзӣ, ки аз як тараф имкониятҳои ду тарзи аввалро истифода мебарад ва аз тарафи дигар дар байни онҳо робита барқарор мекунад. Мафҳум ва идеяҳои иқтибосӣ танзим шуда ва ба расмият даровардани онҳо бо васоили миллӣ сурат мегирад. Ба ҳамин тариқ, дар ин ҷо танҳо ҷанбаи мазмунӣ ғайримиллӣ мебошад.
4. Қарз гирифтани истилоҳоти тайёр. Албатта дар даврони шӯравӣ чунин истилоҳот русӣ, байналмилалӣ ва ё дигар истилоҳоте буданд, ки тавассути забони русӣ ва ё забонҳои дигари хориҷӣ дохил мешудаанд. Тавре медонем қисми охир дар он давра ниҳоят кам буд.
Истилоҳоти тайёр метавонанд чунин бошанд: а) вожагони забони миллӣ, ки аз лаҳҷаҳо ва ё аз дигар соҳаҳо мегузаранд ва б) вожагони иқтибосӣ аз забонҳои дигар.
Тамоми истилоҳоти дигар «дериватҳо» (истилоҳоти ҳосилшуда аз тариқи калимасозӣ - С. Н.) мебошанд. (Развитие…, 1986, с. 78-79) ва ғ.
Дар мавриди манобеи истилоҳсозӣ низ дар замони шӯравӣ корҳое анҷом гирифта буд. Агар ба диққат ба осори парокандаи ба ин мавзӯъ бахшида нигарем, мебинем, ки муҳаққиқони истилоҳшинос назар ба авзои хоси забонҳо дар шароити ИҶШС се манбаъро барои истилоҳсозии забонҳои миллӣ, аз ҷумла забони тоҷикӣ тарҷеҳ додаанд:
1. Забони миллӣ (тоҷикӣ), истифодаи таркиби луғавӣ ва имконоти дастурии он;
2. Забони русӣ, ки забони тоҷикӣ мафҳум ва истилоҳоти омадаро аз он иқтибос мегирифт ва ё тарҷума мекард. Бисёр вақт ин амал ба сурати тарҷумаи калима ба калима сурат мегирифт;
3. Манбаи байналмилалӣ. Вожагони ин манбаъ асосан аз забонҳои аврупоӣ, маъмулан аз забони русӣ ва бо имлои русӣ пазируфта мешуд. Ин меъёр ва ё қолаб тақрибан барои ҳамаи забонҳои миллии Иттиҳоди Шӯравӣ яксон буд.
Албатта, набояд фаромӯш кард, ки усул ва ё тарзҳои истилоҳсозӣ категорияи таърихӣ буда, дар мароҳили гуногуни истилоҳсозии даврони шӯравӣ ин ва ё он тарзи истилоҳофаринӣ ва манобеи он серистеъмолтар мешуд ва ин ва ё он усул аз равнақ боз мемонд. Масалан, дар ин давра дар офариниши истилоҳоти иҷтимоӣ – сиёсии забони тоҷикӣ аз тарзҳои семантикӣ ва ё вожасозӣ аз решаҳои забони тоҷикӣ дида тарзҳои баиқтибосгирӣ ва тарҷума (дар бисёр маврид тарҷумаи таҳтуллафзӣ) бештар тараққӣ карда буд.
Ва ё мебинем, ки таносуби ин се манбаъ дар марҳилаҳои гуногуни истилоҳсозии забони тоҷикӣ яксон нест. Масалан, аз оғози солҳои 60 - уми асри гузашта сар карда, дар истилоҳсозӣ каму беш, боэҳтиёт ва мулоҳизакорона ба манбаи миллӣ, имконоти дохилии забон, истифодаи таҷрибаи ҳамзабонон ва тарҷумаи маънои истилоҳоти иҷтимоиву сиёсӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад. Вале дар амал, чунон ки аз таҷрибаи забони тоҷикӣ ва дигар забонҳои ҷумҳуриҳои ҳамсоя мебинем, тақрибан то ибтидои солҳои 90 - уми асри гузашта дар истилоҳшиносии замони шӯравӣ ду манбаи номбурда афзалияти бе чуну чаро доштанд ва забони тоҷикӣ торафт дар ҳудуди мактаби таҳсилоти миёна маҳдуд мешуд. Шоҳиди ин гуфта хулосаи муҳаққиқон аст, ки дар ин замина навиштаанд: «Манбаи асосии офариниши истилоҳоти нав дар асоси забони миллӣ агар дар ҳама соҳаҳо ҳам набошад, дар бисёр риштаҳо дар доираи истилоҳоти мактаби миёна боқӣ мемонад». (Развитие…, 1986, с. 70).
Вале дар ҳар сурат набояд фаромӯш кард, ки назарияҳое, ки донишмандони замони шӯравӣ таҳия ва тавсия карда буданд, бо вуҷуди нисбати бештар доштан ба забони русӣ, дар маҷмӯъ хислати умумӣ доштанд ва сарфи назар аз вижагиҳои алоҳида барои забонҳои халқҳои шӯравӣ муштарак буданд. Аз ин рӯ, онҳо дар тамоми даврони шӯравӣ ва пас аз он ҳам барои забоншиносон ва вожагузинони тоҷик ҳамчун сармашқ ва роҳнамо хидмат карданд ва имрӯз ҳам чунон аст.


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.12.2014    №: 253    Мутолиа карданд: 20947
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед