logo

порлумон

СОЗИШНОМАҲО БА ТАСВИБ РАСИДАНД

Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳров, раиси Маҷлиси намояндагон,  чор созишнома ба тасвиб расид ва ба панҷ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардид.
Ҳамкорӣ дар мубориза алайҳи ҷинояткорӣ Умарзода Икром, муовини вазири корҳои дохилӣ, зимни баррасии Созишнома оид ба ҳамкории гуногунҷабҳа байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон иброз дошт, ки он 27 марти соли 2014 дар шаҳри Кобул ба имзо расид. Дар моддаи якуми созишнома риоя намудани қонунгузории байналмилалии тарафҳо муқаррар гардидааст. Дар моддаҳои дуюм ва сеюм ҳамкории тарафҳо дар заминаҳои дахлдор ва табодули иттилооту таҷриба, аз ҷумла дар робита бо шаҳрвандони ду кишвар, ки бо гуноҳи даст задан ба ҷиноятҳо дар кишвари муқобил таъқиб, дастгир ва ё маҳкум ба зиндон шудаанд ва ё пас аз содир кардани ҷиноят дар кишвари худ ба кишвари тарафи дигар фирор намудаанд, муқаррар шудааст. Моддаҳои чорум, панҷум ва шашум ҳамкорӣ дар доираи созишномаи мазкур дар асоси дархости тарафи манфиатдор доир ба расондани ёрӣ бо ташаббуси тарафе, ки эҳтимоли чунин ёрӣ барои дигар тараф аҳамият дорад, пурра ё қисман иҷро гардидани дархост ва муҳлати иҷрои он зикр шудааст.  Моддаҳои ҳафтум, ҳаштум ва нуҳум аз ҷониби тарафҳо дар бораи таъмини манфиати маълумот ба ҳуҷҷатҳо, инчунин дар ҳолати зарурӣ гузарондани вохӯриҳои корӣ бо мақсади баррасии масъалаҳои таҳким ва баланд бардоштани сифати ҳамкорӣ, ҳалли ихтилофоти байни тарафҳо муқаррар шудааст. Мутобиқи моддаи даҳуми созишнома тарафҳо метавонанд намояндагии худро дар назди вазоратҳои корҳои дохилии ҳамдигар кушоянд.

Сармоягузорон ҳавасманд мешаванд
Қодири Қосим, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ зимни баррасии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Баҳрайн оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ гуфт, ки он зимни сафари давлатии Президенти мамлакат ба Шоҳигарии Баҳрайн 28 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Манама ба имзо расид.
Созишномаи мазкур принсипҳои асосии ҳуқуқиро вобаста ба танзим намудани фаъолияти сармоягузорӣ муқаррар менамояд, ки ин дар маҷмӯъ баҳри тақвияти муносибатҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои сармояи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ду кишвар равона шудааст.

Ба Кодекси андоз 36 тағйиру илова ворид шуд
Ҷамолиддин Нуралиев, муовини якуми вазири молия, оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» гуфт, ки он ба мақсади иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба андозбандӣ, пурра фаро гирифтани андозсупурандагон, аз ҷумла беҳтар ба роҳ мондани андозбандии истифодабарандагони захираҳои табиӣ ва андешидани тадбирҳои иловагӣ нисбат ба шахсоне, ки дар ин самт ба қонуншиканиҳо роҳ медиҳанд ва васеъ намудани манбаъҳои андозбандӣ, такмил додани маъмурикунонии андоз ва дастгирии соҳибкорӣ таҳия шудааст. Ҳамзамон лоиҳа оид ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба андозбандӣ, аз ҷумла оид ба андозбандии фоидаи Бонки миллии Тоҷикистон, андозбандии дифидентҳо, даромадҳо аз фурӯши ҳиссаи иштирок, субсидияҳо, муассисаҳои фарҳангӣ, объектҳои махсусан муҳим, объектҳои ғайриманқул равона шудааст. Дар маҷмӯъ тибқи лоиҳа ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон 36 тағйиру илова дар назар дошта шудааст.
Бо қабул шудани лоиҳаи қонуни мазкур бисёр муқаррароти амалкунанда сода гардида, ба ғанӣ шудани қисми даромади буҷет шароит муҳайё месозад.
Ҳамчунин ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Ҳадаф аз таҳияи он мутобиқ намудани қонунгузории гумрук бо Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Созишнома андозбандиро ба танзим меорад
Ҷамолиддин Нуралиев, муовини якуми вазири молия, дар бораи Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигари Арабистони Саудӣ оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супурдани андозҳо аз даромад ва сармоя гуфт, ки ҳадафи асосии он бунёд намудани асоси ҳуқуқӣ ва ташаккули муносибатҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии байни Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар соҳаи андозбандӣ мебошад. Иқдоми мазкур имконият медиҳад, ки шароити мусоид барои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии давлатҳои аҳдкунанда, аз ҷумла ба танзим овардани низоми андозбандии даромад ва моликият танҳо дар яке аз давлатҳои аҳдкунанда тавассути бартараф намудани андозситонии дукарата фароҳам оварда шавад.
Конвенсия ба афзоиши мунтазами сармоягузории мутақобила мусоидат мекунад.
Мавсуф зикр кард, ки робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар соҳаи иқтисодиёт сол ба сол таҳким меёбад.
Конвенсияи мазкур аз тарафи Президенти мамлакат зимни сафари расмӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 13 майи соли 2014 дар шаҳри Арриёз ба имзо расидааст.
Ба гуфтаи ӯ, чунин созишномаҳо аз тарафи Тоҷикистон бо 28 давлати дунё ба тасвиб расидааст.

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.12.2014    №: 254    Мутолиа карданд: 1294
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед