суханрониҳо
Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласаи кушодаи ШАД СААД аз рӯи авлавиятҳои раёсати Тоҷикистон дар СААД, шаҳри Москваи Федератсияи Русия, 23 декабри соли 2014
Ҳамтоёни муҳтарам,
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкорӣ дар ҳошияи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аҳамияти авлавиятнок дода, онро олати таъсирбахш ва бо мурури замон санҷидашудаи таъмини амнияту суботи минтақаи масъулияташ мешуморад.
Мову шумо аз ин пеш дар бораи ситезаҷӯиҳо ва хавфу хатаре, ки дар наздики сарҳадҳоямон мустақиман арзи вуҷуд доранд ва вазифаҳои вобаста бо ин, ки бояд дар доираҳои СААД ҳал карда шаванд, сухан ронда будем. Мақсад аз раёсати Тоҷикистон дар созмон барои соли оянда ҳалли судманди онҳост.
Мо дар ин росто дурнамои тадбирҳо барои татбиқи тасмиму авлавиятҳои имрӯзаро таҳия намудаем, ки ба фикрамон бояд ба онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир гардад.
Аввалан, ин, албатта, маҷмӯи чорабиниҳо бахшида ба воқеаи барои ҳамаамон фархунда - 70 - солагии Ғалабаи бузург мебошад. Мо онро ба инобат мегирем, ки дар ҳамаи давлатҳои аъзо ба ин санаи таърихӣ таваҷҷуҳи ҷиддитарин зоҳир карда мешавад. Имрӯз ин иди барои ҳамаамон муқаддас аз пештара дида бештар аҳамияти хоса пайдо мекунад.
Сониян, Тоҷикистон умедвор аст, ки соли оянда тасмими Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ «Дар бораи расонидани ёрӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон» аз 23 сентябри соли гузашта пурра дар амал татбиқ карда мешавад. Камина аз ин пеш дар бораи аҳамияти боризи ин бо назардошти вазъияти минтақаҳои бо мо ҳамсоя дар ҷаласаи пӯшида ба ҳамтоёнамон гуфта будам. Фақат мехоҳам зикр намоям, ки вазифаи мураккаби будани воситаи мобайнӣ дар роҳи паҳншавии терроризм, ифротгароии радикалӣ ва қочоқи аслиҳа ва маводи мухаддир дар саросари фазои пасошӯравӣ насиби Тоҷикистон гардидааст. Ва мо дар чунин давраи мураккаб ҳаққи умед бастан ба ёрии таъсирбахши мушорикони худ дар СААД - созмонеро дорем, ки бояд барои таъмини амнияти кишварҳоямон ҳамаи имконоти мавҷударо муттаҳид созад.
Самти дигари дарназардоштаи ҳамкории умумиамон дар давраи пешорӯ ин иборат аз фароҳам овардани механизмҳои самарабахши кори иттилоотию таҳлилӣ дар ҳошияи СААД мебошад. Котибот дар ин самт корҳои зиёдеро анҷом дода, моро бо маводи зарурӣ доимо таъмин мекунад. Вале мо чунин мешуморем, ки бояд боз ҳам пеш рафта, равобити мустақими байни хадамоти дахлдори давлатҳои аъзоро барқарор намоем. Котиботи СААД метавонист, бахши пайвасткунандае гардад, ки дар он тамоми иттилооти мавриди зарурати додани ҷавоби фаврӣ ба ситезаҷӯиҳо ҷамъ карда шавад.
Баъдан мо чунин мешуморем, ки зарурати ба сатҳи баландтар баровардани ҳамкории хадамоти махсусамон расидааст. Ин амнияти ҷудонашавандаи таркибиест, ки ба назари мо ба он таваҷҷуҳи кофӣ зоҳир карда намешавад.
Роҳандозии мубодилаи иттилоот, таҷриба, таҳияи мавод, машқҳои муштараки сохторҳое, ки ба рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода ва роҳандозии амалиётҳои наҷотдиҳӣ машғуланд, танзими ҳамкории онҳо бо қувваҳои мусаллаҳ самти басо муҳими коре мебошанд, ки он имконияти баланд бардоштани сатҳи амнияти кишварҳоямонро фароҳам меорад.
Мо дар ҷаласаи пӯшида дар бораи зарурати ҳамкорӣ бо Афғонистон сухан кардем, бинобар ин чунин мешуморем, ки бояд амалиёте, ки ба манзури таҳкими неруи қувваҳои мусаллаҳи Афғонистон, қӯшунҳои сарҳадӣ, мақомоти амният, пулис ва сохторҳои муборизаи зидди қочоқи маводи мухаддир машғуланд, дар сатҳи миллӣ танзим карда шавад.
Ба касе махфӣ нест, ки ин неру ҳар қадар мустаҳкамтар бошад, фишори хавфу хатаре, ки аз қаламрави ин кишвар бароямон сар мезанад, ҳамон қадар камтар мегардад. Бинобар ин чунин мешуморем, ки бояд усул, стратегия ва тактикаи ягонаи тарбияи кадрҳои афғон барои ин сохторҳо ва такмили ихтисоси онҳо зарур аст. Алалхусус барои он, ки ҳамаи мо дар ин самт таҷрибаи кофӣ андӯхтаем.
Дидани чораҳои судманд ва ташкили механизмҳое, ки имконияти бо эътимод пӯшидани роҳҳои ҷалби шаҳрвандони мо ба сафҳои созмонҳои террористию ифротталабро фароҳам меоранд, масъалаи басо муҳим буда ва ҳалли он барои ҳамаамон ҳаётан зарур аст.
Фикр мекунам, ки ҳодисаҳои сершумори ба сафҳои чунин сохторҳо, аз қабили «Давлати исломӣ», «Ҷабҳат - ун - Нусра» ва созмонҳои дигар дохил шудани шаҳрвандони мо ба манзури иштирокашон дар «ҷиҳод» - и навниҳод барои бисёр давлатҳои узви СААД комилан ғайричашмдошт буд. Фикр мекунам, ки ҳам хадамоти махсуси мо, ҳам мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳам доираи васеи аҳли ҷамъият барои таъмини осмони софи наслҳои оянда мавзӯи фикру кор карданро доранд.
Ва мо, албатта, барои таҳкими неруи СААД, такмили механизмҳои ҳамкорӣ дар ҳошияҳои созмон минбаъд ҳам кор мекунем. Тоҷикистон дар амри иҷрои ин вазифаҳо ба дастгирии шарикони худ умед дорад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.12.2014 №: 254 Мутолиа карданд: 1454