logo

ҳукумат

ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР БА БУНЁДИ БОҒҲОИ ИНТЕНСИВӢ ВА МЕВАҲОИ СОДИРОТӢ

29 декабр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон, маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғози маҷлис Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2015 ва тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015” тасдиқ шуд. Таъкид гардид, ки ҷиҳати иҷрои нишондодҳои Буҷети давлатӣ, истифодаи босамару ҳадафманди маблағҳои буҷетӣ ва коҳиш додани таъсири манфии омилҳои беруна тадбирҳои муассир ба амал оварда шаванд.
Инчунин фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳияи нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ дар солҳои 2016 - 2018 ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016” қабул гардид.
Доир ба рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2007 “Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2010 - 2014” ҳисоботи Вазорати кишоварзӣ шунида шуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, давоми 5 сол дар 53562 га боғу токзори нав бунёд ёфт, ки ин баробар ба 114,2% нишондодҳои Фармони мазкур аст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва боғу токзори меваҳои содиротӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардад, зеро талабот дар хориҷи кишвар ба меваю сабзавоти Тоҷикистон хеле зиёд аст.
Ба иловаи ин дастури аз обу ҳавои ҳозираи водиҳои Тоҷикистон пурсамар истифода бурдан дар мавсими кунунӣ ва аз ҳоло вусъат додани маъракаи ниҳолшинонӣ, ки нисбат ба баҳор беҳтар аст, таъкид гардид.
Ба як қатор қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла қонунҳо “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон”, “Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ”, “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандон”, “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйиру иловаҳо пешниҳод карда шуд.
Барномаи давлатии сармоя-гузориҳо, грантҳо ва сохтмони асосӣ барои солҳои 2015 - 2017, Стратегия оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 - 2024, Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2015 - 2019 ва Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои солҳои 2015 - 2019 тасдиқ карда шуд.
Дар фароварди маҷлис доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2014 ва муайян намудани вазифаҳои афзалиятнок барои соли 2015 ва солҳои баъдӣ супоришҳои мушаххас дода шуд. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки барои коҳиш додани таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисоди Тоҷикистон нақшаи тадбирҳои зиддибуҳронӣ таҳия ва пешниҳод гардад.
Инчунин супоришҳо доир ба таъмини тартибу низом ва пешгирӣ аз сӯхтору дигар ҳодисаҳои нохуш дар рӯзҳои истиқболи Соли нави мелодии 2015 низ дода шуд.


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.12.2014    №: 257    Мутолиа карданд: 11476
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед