logo

маориф

САИДА ҒАФФОРОВА - ОМӮЗГОРИ БЕҲТАРИНИ СОЛ

Барои Саида Fаффорова соли 2014 аз он ҷиҳат бобарору хотирмон буд, ки ӯ ғолиби даври ниҳоии озмуни «Омӯзгори беҳтарини Тоҷикистон-2014» гардид.  Дар посух ба суоли мо, ки чӣ ӯро ба ғолибият расонд, гуфт, ки «аввалан боварӣ ба донишу неруи худ, сипас эътимоди аҳли кормандону маорифчиён кӯшишу ғайрат ва масъулияти  маро дучанд гардонд. Вақте  моҳи апрели соли ҷорӣ раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев барои ғолибият дар озмуни шаҳрии «Омӯзгори беҳтарини Тоҷикистон - 2013» маро бо мукофот сарфароз гардонд, қавл дода будам, ки дар озмуни ҷумҳуриявӣ ҳатман ҷойи аввалро ишғол менамоям.  Орзуи ягонаи ман  вафо кардан ба ваъдаи худ буд».
Маҳз, дастгириҳои пай дар пайи директори мактаб  Матлуба Турсунова ӯро ба ҳадаф расонд. Ҳангоми баромад  дар даврҳои гуногуни озмун симои устоди азизаш - Матлуба Турсунова, 1605 хонандаи мактаб, 61 омӯзгор ва тамоми маорифчиёни пойтахт  пеши назар меомад. Ин водораш  месохт, бо иродаи қавӣ баромад карда, байни омӯзгорони соҳибтаҷрибаву тавонои беҳтарин дониста шавад. 
Рӯзи аввал ҳисобот ва намоиши корҳои эҷодӣ - мақолаву дастовардҳои муаллимон буд, ки барояш муваффақ анҷом пазируфт. Рӯзи дувум дарси санҷишӣ, соати тарбиявӣ ва таҳлилӣ аз тариқи қуръапартоӣ дар литсейи 55 - и пойтахт сурат гирифт. Саида тибқи ҷадвали дарсӣ ва нақшаи тақвимии муаллими ҳамон литсей, давоми 45 дақиқаи ҷудошуда, дар синфи 9 «в» бо истифода аз усули фаъоли таълим - Кластер, Исерт ва ММД (медонам, мехоҳам донам), тест, саволномаҳо дарс гуфт. Чун огоҳ шуд, ки хонандагон лаёқатманду ғазалдонанд, дарсашро бо пораи намоишӣ, қироати ғазал аз ашъори Абдураҳмони Ҷомӣ оғоз бахшида, бо Ҳофизи Шерозӣ ҷамъбаст намуд. Дар он 10 нафар довар ва 25 намояндаи довталабон ва устодону муаллимон ширкат варзиданд. Баъдан, зимни суҳбат бо хонандагон онҳоро қаноатманду болидарӯҳ  дарёфт. Он замон аллакай худро ғолиб меҳисобид. Зеро ба андешаи ӯ  «кӯдакон беҳтарин доваранд». Вале дар пеш шартҳои дигари озмун ӯро интизор буданд ва хобро аз чашм дур карда, ҷиддӣ омода мешуд. Ҳар рӯз ҳангоми натиҷагирии шартҳои пай дар пайи озмун як ё ду зина аз дигарон дар пеш буд, ин ҷиҳат дилпураш мекард.
Гузарондани маҷлиси падару модарон, посух ба даҳ пурсиш ва кор бо компютер – шартҳои ниҳоии озмун буданд. Баъди натиҷагирӣ, 12 декабр ҳакамон бо 335,2 хол Саида Fаффороваро беҳтарин омӯзгори сол эълон доштанд. Вазири маорифу илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саидов ӯро бо мукофот сарфароз гардонд. Он рӯз барояш беҳтарин буд, чун орзуяшро амалӣ гардонд. Ба гуфтаи Саида Fаффорова, бартарияти озмун дар он буд, ки тамоми шартҳо аз тариқи қуръапартоӣ сурат гирифта, ин ҷиҳат ба шаффоф гузарондани он мусоидат кард.
Саида Ғаффорова муаллимаи ҷавону умедбахш буда, ҳаёти худро ба илм ва таълиму тарбияи насли наврас пайвастааст. Ӯ аз касби басо масъулиятноку пуршарафи худ ифтихор мекунад. Эҷодкориву навоварӣ пешаи ҳамешагии ӯст. Ин аст, ки барои такмил додани донишҳои худ доимо дар ҷустуҷӯву такопӯст. Саидаи ҷавон фаъолияти пурмаҳсул дорад. Дар омӯзиши мавзӯъҳои амиқ дарсҳоро ба тариқи анъанавии ҳикоя, суҳбат, кори амалӣ,  диктант, кор бо китоби дарсӣ ва бо истифода аз воситаҳои аёнӣ (нақшаҳо, буклет, саволнома, тест, картотека, расмҳо, луғат, тезгӯяк, чистонҳо…)  гузаронда, дар омӯзондани маҳорату малака аз усулҳои замонавӣ (ҳамфаъол) аз рӯйи стратегияҳои барномаи «Рушди тафаккури интиқодӣ» самаранок истифода мебарад. Ҳамзамон дар дарсҳояш пахши филмҳои омӯзишӣ тавассути компютер, телевизор ва тахтаи электронӣ роиҷ аст. Дорои сертификат дар хусуси омӯзиши «Технологияҳои инноватсионӣ дар тайёр кардани муаллимони синфҳои ибтидоӣ» дар доираи «Лоиҳаи  таълими босифат» мебошад.
Саида Fаффорова фаъолияти омӯзгориашро  ҳанӯз аз даврони донишҷӯӣ  дар мактаби миёнаи №15-и пойтахт оғоз намудааст. Соли 2003 пас аз хатми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо роҳхат ба мактаби №2-и ноҳияи Ёвон (зодгоҳаш) ба кор равон мегардад. Бо дастгирии устодони сахтгиру меҳрубон Сабоҳат Гурезова, Оиша Латифова малака меандӯхту маҳорати касбиашро сайқал медод. Маъмурияти мактаб кӯшишҳои зиёди ӯро ба инобат  гирифта, соли 2008 ӯро ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ таъйин намуд. Барои анҷоми кори худ ва лоиқи боварии аҳли кормандон гардидан пайваста талош мекард.   Чун ба илм майлу рағбати зиёд дошт, ба кафедраи  адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба ҳайси аспирант шомил шуда, ба таҳлилу таҳқиқи мавзӯи  «Тасвири воқеияти зиндагӣ дар романи «Се рӯзи як баҳор»- и Саттор Турсун пардохт. Таҳти роҳбарии устодони нуктасанҷу серталаб Соҳиб Табаров, Абдуҷаббор Раҳмонов, Ваҳҳоб Элбоев ва чанде дигарон рисолаи номзадиашро омода сохта, барои баррасӣ пешниҳод намудааст. Дар баробари ин, шурӯъ аз соли 2010 ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳри Душанбе баргашта, аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс мегӯяд.  Тайи ин муддат, тавонист худро ҳамчун  донандаи хуби фан ва омӯзгори хушсалиқа нишон диҳад.
Аз соли 2008 инҷониб аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон буда, баҳри амалигардонии ҳадафҳои ин ҳизби барояш пуршараф саҳм гузошта истодааст. Тавре ба ҳамагон маълум аст, ин ҳизб барои дар амал татбиқ намудани барномаҳои мақсадноки роҳбарияти олии мамлакат дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг ҳамеша ҷидду ҷаҳд менамояд. Саида Ғаффорова мекӯшад, ки хонандагонро бештар дар рӯҳияи ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои таърихию фарҳангии миллати куҳанбунёди тоҷик тарбия намояд. Аз ин хотир бештари вақт бо хонандагон ба ҷойҳои таърихии пойтахт ба саёҳат мебарояд. Ҳадаф аз он дар қалби хонандагон бедор намудани арзишҳои олӣ мебошад. Ҳамчунин Саида Ғаффорова бо олимони Академияи хурди илмӣ ҳамкорӣ ба роҳ монд.  Шогирдонаш Комила Муродова, Меҳрангез Сулаймонова кори илмии хешро дар мавзӯъҳои «Образи занон дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ» ва «Симои модари тоҷик дар шеърҳои ба модар бахшидаи Лоиқ Шералӣ» оғоз намуданд.
Дар мактаб маҳфили забони давлатӣ созмон дода, дар он бо хонандагон ба  ғазалхонӣ, луғатомӯзӣ ва шарҳи калимаҳои душворфаҳм машғул мешавад.
- Соли 2014 барои ман бобарор ва муваффақ аст, зеро дар ин сол бо Ифтихорномаи Ҳукумати ҷумҳурӣ сарфароз гардидам, аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қадрдонӣ ва ба  Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аъзо шудам, - мегӯяд Саида Ғаффорова. Мо барои фаъолияти минбаъдаи илмиву омӯзгориаш барор мехоҳем ва барояш фатҳи қуллаҳои боз ҳам баландро таманно менамоем.

Ш. ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.01.2015    №: 1    Мутолиа карданд: 2125
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед