logo

номаҳо

ЗАМОНИ КОҒАЗБОЗӢ НЕСТ

Ҳар омӯзгор вазифадор аст, ки пеш аз дохил шудан барои тадрис ба синфхона «конспект» - ашро бо шахси масъул нишон бидиҳаду иҷозат бигирад. Агар омӯзгор рӯзе чор соат дарс бигузарад, бояд ҳатман ба чор варақ ё худ ҳашт саҳифа «конспект» бинависад. Акнун ҳисоб бикунем, ки дар кишвар чӣ қадар омӯзгор дорему дар як рӯз чӣ қадар коғаз сарф мешавад. Дар як моҳ он чанд тоннаро ташкил медиҳад. Дар як сол чӣ?
Ҷойи таассуф дар он аст, ки баъзе аз масъулон ин навиштаҳоро намехонанд ва агар ҳам хонанд, на ҳамаи онҳоро мефаҳманд. Ба ҷуз ин баъзе аз омӯзгорон собиқаи зиёди корӣ доранд ва ҳар мавзӯъро азёд медонанд. Фикр мекунам, ки барои онҳо зарурати «конспектнависӣ» вуҷуд надорад. Инчунин бархе аз омӯзгорон дар кабинетҳои фаннӣ ба компютер таъминанд. Аз ин рӯ, метавонанд бо истифода аз он коғазро сарфа намоянд. Охир мо коғазро аз хориҷи кишвар мехарем ва нархи он сол ба сол дар ҳоли боло рафтан аст.
Бисёр хуб мешуд, ки агар ин масъала бо иштироки мутахассисон баррасӣ мегардид ва роҳҳои беҳтари ҳалли онро пайдо менамуданд. Охир дигар замони коғазбозӣ нест.
Ҳ. ФАЙЗУЛЛОЕВ, ноҳияи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.01.2015    №: 3    Мутолиа карданд: 1444
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед