номаҳо
БОЗОРҲО БОЯД ТАНЗИМ ГАРДАНД
Дар шаҳри Кӯлоб се бозор мавҷуд аст, аммо ба онҳо масъулон диққати ҷиддӣ намедиҳанд. Масалан, агар дар бозори марказии шаҳр бидароӣ, раҳгум мезанӣ. Тамоми намуди маҳсулот омехта фурӯхта мешаванд. Агар ин бозорҳо ба фурӯши маҳсулоти алоҳида махсус гардонида мешуданд, бисёр мушкилот ҳалли худро меёфт. Чунин таҷриба дар пойтахти кишвар самараи нек дод.
Мебинему мегӯянд, ки дар назди бозори марказии шаҳр бар асари зиёдии мошину одам садамаҳои нохуш рух медиҳанд.
Бархе аз савдогарон маҳсулоташонро дар атрофу назди бозор мефурӯшанд, чун дар дохили он ҷой наёфтаанд. Баъзан фавҷи одамон барои дуздон имкон фароҳам меоранд.
Воқеан, ин масъала дар замони муосир ҷиддӣ аст, ҳарчанд ба он беэътиноӣ мекунанд. Ба пешрафт, фарҳангу маърифати ҳар минтақа аз рӯи бозораш баҳо медиҳанд. Аз ин рӯ, аз масъулон дархост мекунам, ки ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.
Низом БАРОТ,
шаҳри Кӯлоб
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 6.01.2015 №: 3 Мутолиа карданд: 1394