номаҳо
МАСЪАЛАИ НИГАРОНКУНАНДА
Ин ҳақиқат исботро намехоҳад, ки аксар ҷавонон ба либосҳои истеҳсолашон хориҷӣ бештар таваҷҷуҳ мекунанд ва онҳоро мехаранду мепӯшанд. Ин маълум аст, ки ҳоло мо бо рақобати солим дар мавриди истеҳсоли либос ба ҳалли масъала шарафёб шуда наметавонем. Ман ҳам ба баррасии масъалаи мавҷуда зидди интихоби ҷавонон нестам. Аммо агар онҳо либосро оқилона интихоб намоянду ба маънии навиштаҳо, ишораҳо, нишонҳо сарфаҳм бираванд, ба фоидаи кор мебуд. Мутаассифона, аксари навиштаҳо маънои мусбат надоранд. Бархе аз тоҷирони мо ба нархҳои арзони он аҳамият медиҳанду ба бозори дохилии кишварамон ворид месозанд, то гаронтар бифурӯшанд. Дар баъзе аз либосҳо нишону парчами дигар давлатҳо насб гардидааст. Куҷост ифтихори ватандорӣ, ки аксар вақт аз он бисёр мегӯему менависем? Ҳатто дар ҷуробҳо ҳам номи ин давлатҳо навишта шудаанд. Наход мо дар истеҳсоли ҷуроб ҳам бо онҳо рақобат карда натавонем? Бисёр хоҳиш мекунам, ҳар нафаре, ки пойдории истиқрори сулҳ дар кишварамонро хостор аст, барои рушду нумуи он саҳм гирифтан мехоҳад, ба ин масъала ҳаргиз бетаваҷҷуҳ набошад.
Қ. АМИРХОНОВ, ноҳияи Восеъ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 6.01.2015 №: 3 Мутолиа карданд: 1375