logo

маориф

МАОРИФРО БА БОЗОР ТАБДИЛ НАДИҲЕМ

Масъалаҳои доғи маориф: тиҷорати китоб ва суиистифода аз хонандагон кай хотима меёбад?

Баъди нашри маводи таҳқиқотии рӯзнома оид ба фурӯш ва нархи китобҳои дарсӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  ба «Ҷумҳурият» хонандагони зиёд аз тариқи телефон, мустақим ва нома муроҷиат карданд. Масаъалаи мазкур ҳар як оиларо, ки фарзанди мактабхон дорад, бетаваҷҷуҳ нагузоштааст. Идораи рӯзнома ҳам натавонист ба ин масъала нуктаи тамат гузорад. Бо хоҳиши хонандагон дар бархе ноҳияҳо ва ҷамоати деҳот ба суроғи оилаҳо, хонандагон ва мактабҳои таҳсилоти миёна ва шуъбаҳои маориф рафтам, то масъала рӯшантар шавад.

Як гурӯҳ сокинони ноҳияи Абдураҳмони  Ҷомӣ ба рӯзнома нома навиштанд, ки соли гузашта дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 32  китобҳои  дарсии  соли  нашрашон  2001 - ро  ба нархи гарон фурӯхтанд.
- Мо як гурӯҳ волидайн ба назди директори мактаби мазкур рафта, сабаби китобҳои муҳлати иҷораашон ба охир расидаву бо нархи гарон фурӯхтани онҳоро пурсидем. Раҳмат Усмонов, директори мактаб, посух дод, ки дар ин бора ягон иттилоъ надорад ва ин нархро шуъбаи маориф гузоштааст. Аммо ин ҳолатро ислоҳ мекунад. Ба директор бовар кардем. Аммо соли ҷорӣ китоби дарсии «Зоология» барои синфи 7 – ро, ки соли нашраш 2001 аст, бо нархи 3 сомонию 50 дирам фарзандонамон хариданд. Китоби  «Табиатшиносӣ» барои  синфи - 4 бо нархи 5 сомониву 30 дирам  ба дасти хонанда расидааст. «Математика» барои синфи 4 соли нашр - 2004 бо нархи 4 сомониву 80 дирам фурӯхта шуд, - омадааст дар номаи сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба рӯзномаи «Ҷумҳурият».
Бо назардошти тадқиқ намудани баҳси китобфурӯшӣ  дар мактабҳои ноҳияи фавқуззикр бо иштироки намояндаи Аудити Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Тӯйчӣ Маҳмадёров, мудири  шуъбаи маорифи ноҳия Раҳмат Усмонов, директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 32, омӯзгорон ва волидайни хонандагон баррасии масъаларо доир кардем.
Тӯйчӣ Маҳмадёров мегӯяд, ки баҳси фурӯш ва нархи  китобҳо ба қарзи шуъбаи маориф аз соли 2010 - 2013 рабт дорад.
 - Соли гузашта мо қарзи то соли 2011 ҷамъшударо пардохтем. Ҳоло 100 ҳазор сомонӣ қарз аз ҳисоби фурӯши китобҳои дарсии солҳои 2012 - 2013 боқӣ мондааст. Соли ҷорӣ аз ҳисоби китобҳои дарсӣ 560 ҳазор сомонӣ супоридем. Китобҳои солҳои қаблиро, ки муҳлати иҷораашон ба охир расидааст, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ нарх мегузоранд. Зеро талаботи низомнома ҳамин аст. Нарасидани китобҳои дарсӣ дар зинаҳои ибтидоӣ бештар мебошад. Барои синфи 11 ягон китоби дарсӣ нест. Ба Вазорати маориф ва илм дархост пешниҳод кардем, аммо то ба ҳол посух нагирифтем, - зикр кард мудири шуъбаи маориф.
Дар ноҳия 63 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият намуда, 33 95 хонанда ба таълим фаро гирфита шудааст. Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 32 - и ноҳия айни ҳол 506 хонанда таҳсил мекунад.
Холмуҳаммад Шукуров, сокини ноҳия, ки ду фарзандаш дар мактаби мазкур таҳсил мекунад, иброз дошт, ки соли гузашта барои кумак ба мактаб ва шуъбаи маориф барои пардохти  қарзи  фурӯши китобҳои дарсӣ аз ҳар як оила 5 сомонӣ ҷамъ карда буданд. Гӯиё пардохти қарз ба охир расид, аммо имсол низ чунин ҳолат идома дорад.
- Моҳи август барои фарзандони мактабхонам аз бозор ду рӯзнома харидам. Аммо вақте дарс сар шуд, аз мактаб ба онҳо рӯзнома доданд ва гуфтанд, маблағашонро биёред. Ё китобҳои дарсиро, ки нашрашон солҳои 2001, 2004 ва 2005 аст, то охири моҳи сентябри соли ҷорӣ  бо нархи аз 3 то 5 сомонӣ аз мактаб харидем. Рӯзи 30 - юми сентябр директори мактаб гӯиё қарор бароварда, нархи китобҳои дарсии муҳлати иҷораашон тамомшударо нисбатан арзон муқаррар кардааст. Чаро ин қарор аввали моҳи сентябр ё охири моҳи август қабул нашуд? Агар қарор қабул шуд, пас чаро маблағи изофаи супурдаи хонандагонро барои китобҳои дарсии муҳлаташон ба охир расида барнагардониданд?  Ё чаро моҳи август директори мактаб ба хонандагон ё оилаҳо паём нарасонид, ки аз бозор рӯзнома ва китоб нахаранд? Мақсади мо маориф ва мактабро манбаи коррупсия нагардонидан аст, то обрӯи омӯзгор ва мактаб коста нашавад, - гуфт  Холмуҳаммад Шукуров. 
Вақте мо аз китобхонаи мактаб дидан кардем, воқеан ғарами китобҳои дарсии нашрашон солҳои 2001 то 2012 хобидааст. Ороиш ва ранги китобҳо хуб аст, аммо сифати коғаз ва муқоваи онҳо, ҳатто соли нашрашон 2012 ҳам  бениҳоят паст мебошад. Омилҳои пайдоши қарз дар низоми маорифи кишвар кам нест. Масалан, Вазорати маориф ва илм чанд номгӯйи фанҳои дарсиро аз барномаи таълимӣ лағв кардааст ва китобҳои дарсии ин фанҳо аз барномаи таълим бароварда шудаанд.  Лекин то ба ҳол вазорат маблағи сесолаи иҷораи ин китобҳои дарсиро талаб карда истодааст. Муҳлати иҷораи онҳо ба солҳои 2006 ва пеш аз он рабт дорад. Омили дигар на бо роҳҳои расмӣ, балки аз даст ба даст ба вазорат фиристодани маблағи фурӯши китобҳои дарсӣ будааст. То соли 2006 - ум маблағи фурӯши китобҳои дарсӣ аз дасти роҳбари синф ба директори мактаб, баъд ба  шуъбаи маорифи ноҳия ва вилоят мерафт ва аз он ҷо ба Вазорати маориф ва илм мерасид. Вақте миқдори бузурги маблағҳо то Вазорати маориф ва илм нарасид, иқдоми тавассути  суратҳисоби бонкӣ интиқол додани маблағҳо сурат гирифт. Он ҳам аз соли 2006, ки акнун дер шуда буд. Нуктаи дигаре, ки таваҷҷуҳи моро ҷалб кард, нархи китобҳои дарсии фурӯхташуда, ки дар рӯйхати роҳбарони синф қайд шуда буд. Нархи китобҳои дарсии фурӯхташудаи дар рӯйхатбуда ба нархи китобҳои дарсие, ки волидон харида буданд, фарқ дошт. Дар рӯйхати роҳбари синф нархи китоби дарсии «Зоология» барои синфи 7, соли нашр 2001,1 сомониву 50 дирам навишта шудааст, аммо волидайни хонандагон мегӯянд, ин китобро бо нархи 3 сомонию 50 дирам харидаанд. Оё ин ҳолат ҷавобгарӣ надорад? 2 сомонӣ чаро дар рӯйхати роҳбари синф қайд нашудааст? Журнали махсусе, ки Вазорати маориф ва илм барои тақсими китобҳои дарсӣ бо тартиби пешниҳодшуда, муқаррар кардааст, вуҷуд надорад. (Вақте ба баъзе мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои кишвар меравем ва аз онҳо журнали қайди китобҳои дарсиро мепурсем, надорем мегӯянд. Аммо вақте дар ин хусус мавод дар рӯзнома нашр мешавад, масъулони ин бахш аз сатҳи шуъбаҳои маориф ба мо даъво пеш меоранд, ки журнал вуҷуд дорад).
Авлиёқул Соҳибов, раиси ассосиатсияи волидони мактаби мазкур, иброз дошт, ки ҳамеша аз вазъи модии мактаб бохабар аст ва ҳатто дар таъминоти мактаб оид ба маводи сӯзишворӣ ба давраи зимистон ҳам саҳми оилаҳо расидааст. Аммо аз фурӯши китобҳои дарсӣ ва ғайб задани маблағҳо ва ҷабр болои падару модар сахт нигарон аст.
- Соли гузашта директори мактаб гуфт, ки мактаб қарздор аст. Ҳамчун раиси ассосиатсияи волидайн ташаббус ба роҳ монда,  аз сари ҳар як оила 5 сомонӣ ҷамъ кардем. Ба мактаб ёрӣ расондем. Соли ҷорӣ боз  китобҳои дарсиеро, ки муҳлаташон тамом шудааст, бо нархи 34 % ба хонандагон фурӯхтанд. Сифати китобҳои дарсӣ бениҳоят паст аст, оид ба ҳолати нигоҳдории китобҳо назорат нест. Аз ҳар хонанда моҳе 2 сомонӣ барои харидани маводи сӯзишворӣ, ангишт ҷамъ мекунем. Масъалаи бо гармӣ таъмин намудан ва дигар эҳтиёҷоти мактабро ҳамеша дастгирӣ мекунем, - зикр кард Авлиёқул Соҳибов.
Хулоса, мушкилоте, ки сокинони ноҳия ба рӯзнома навиштаанд, пурра тасдиқи худро ёфт. Шуъбаи маорифи ноҳия ҳам ба камбудиҳои худ иқрор шуд. Пеш аз он, ки косаи сабр лабрез мешавад, Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки маорифро аз ба мағоза ё бозор табдил додан наҷот диҳад. Ё ки маблағҳои ба суроға норасидаро аз масъулони ҳамон солҳо талаб намояд. Вагарна бо ҳар роҳ аз хонандаву донишҷӯ ҷамъ гардидани маблағ идома меёбад.

Ҳарамгули ҚОДИР,
«Ҷумҳурият»

Душанбе - Абдураҳмони Ҷомӣ - Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.01.2015    №: 3    Мутолиа карданд: 1955
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед