logo

маориф

ОМӮЗГОР, ОЛИМ, РОҲБАР

Чанде пеш  дар ҳаёти директори Литсей - интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати ҷумҳурӣ  Манзура Мададзода Тоҷиддин  воқеаи хуши фарҳангӣ ва илмӣ ба вуқӯъ пайваст. Ӯ  бо муваффақият рисолаи номзадӣ ҳимоя кард. Донишмандони соҳаи педагогика -  аъзои Шӯрои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ пас аз саволу ҷавоб итминон ҳосил карданд, ки пажӯҳишгари ҷавони педагогикаи миллӣ ба унвони илмӣ комилан сазовор мебошад.
Номзади илмҳои педагогика Манзура Мададзода дастпарвари Донишгоҳи давлатии  Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, пас аз таҷрибаи кофии педагогӣ андухтан ва фаъолияти босамари омӯзгорӣ ба дифои рисола дар мавзӯи «Шароитҳои педагогии ташаккули арзишҳои худшиносии хонандагони синфҳои болоӣ дар аснои корҳои беруназсинфӣ» камар баст.
Воқеан, ташаккули маънавии наврасон, шакл гирифтани арзишҳои миллӣ дар шуури онон, тақвият додани маърифату худшиносӣ дар заминаи арзишҳои умумибашарӣ, умуман, проблемаи наврасон ва камолоти эшон мавзӯи муҳимест, ки насли калонсолро ба тарбияи шоистаи атфол, наврасон ва ҷавонон водор менамояд. Муаллимаи эҷодкор бо корҳои илмӣ ва фаъолияти шоёни педагогӣ исбот намуд, ки омӯзгорони асил дар ин ҷода рисолати бузургу наҷиб доранд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва панду ҳикмати мутафаккирони халқамон роҷеъ ба таълиму тарбияи фарзанд, баодобу шоиста ба камол расонидани наврасону ҷавонон ва хидмати шоёни онҳо ба падару модар, оила ва ҷамъият дар рисолаи илмии ӯ мавқеи муҳим доранд. «Фарзанди нағз - боғи падар,  фарзанди бад - доғи падар», «Бача лой, падару модар - кулол» барин ибораҳои устувор, ки маънои пухта ва амиқ доранд, бесабаб маъмул нагаштаанд», хулоса  намудааст муаллифи рисола.
Оянда аз насли нав маърифати баланд, ҷаҳонбинии васеъ, дониши амиқ, донистани технологияи навтарин ва забондониро талаб мекунад. Омӯзгорони литсей - интернат кӯшиш менамоянд, ки хонандагони болаёқатро ҳар чӣ бештар бо илмҳои дақиқу бунёдӣ мусаллаҳ намуда, ба дастовардҳои илму техникаи муосир наздиктар шиносонанд. Ҷои инкор нест: дар муддати сарварии Манзура Мададзода дар таълимгоҳ шогирдони боргоҳи илму маърифат дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва озмунҳои фаннии байналмилалӣ дастболо шуданду ҷойҳои намоёнро ишғол карданд.
Бо ибтикори роҳбарияти литсей тибқи бандҳои 7 ва 8 - и Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28. 07. 2009, № 427), Оинномаи Литсей-интернати президентӣ, Низомномаи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади баланд бардоштани шавқу ҳаваси хонандагон ба омӯзиши фанҳои табиӣ - риёзӣ, ҷалби хонандагон ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ, мусобиқаҳои илмӣ ва ба эҷодиёти илмиву техникӣ дар назди литсей Академияи хурди илмҳо бо бахшҳои фанҳои табиӣ - риёзӣ: математика, физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ, аз рӯи бахшҳои ҷамъиятӣ – гуманитарӣ: таърих, забони англисӣ, забони русӣ ва ғайра таъсис дода шуд. Ба ин кор омӯзгорони варзидаю ба натиҷаҳои назаррас ноилгардидаи литсей, олимони соҳавӣ, устодони макотиби олӣ ҷалб гардиданд. Омӯзгори фанни биология С. Саидасанова ба 8 нафар хонандагони синфи 9 «А» ва 9 «Б» мавзӯъ дода, бо онҳо кори илмӣ навиштанро омӯзонд.
Бояд қайд намуд, ки дар се соли охир хонандагони Литсей - интернати президентӣ дар олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби 1 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ шуданд. Дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ бошад, 3 медали тилло, 8 медали нуқра ва 17 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Ба пешравӣ ва муваффақияти онҳо саҳми муаллимони фанни математика ва директор  Манзура Мададзода калон аст.
Шоири машҳури турк Нозим Ҳикмат афкори мардуми пешқадаму муборизро, ки дунёро обод ва халқҳоро озоду бахтиёр дидан мехоҳанд, хеле барҷаста ифода намудааст: «Агар ман насӯзам, агар ту насӯзӣ, агар ӯ насӯзад, пас ин ҷаҳони зулмотро кӣ равшан мекунад?». Манзура Мададзода  низ мегӯяд:
- Оре, агар мо талош наварзем, пас кӣ Тоҷикистони азизи моро ободу зебо мегардонад?

Нигинаи РАҲМОН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.01.2015    №: 6    Мутолиа карданд: 2453
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед