logo

мулоқотҳо

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Шиаою Жао

19 марти соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Бонки Осиёии Рушд Шиаою Жаоро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин бонки бонуфузи минтақавӣ баррасӣ шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Шиаою Жао аз ҳамкории дуҷонибаи даҳсола изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид доштанд, ки дар ин мӯҳлат Бонки Осиёии Рушд  ба Тоҷикистон беш аз 500 миллион доллари амрикоӣ ҷудо намудааст. Беш аз 130 миллиони онро кӯмаки техникӣ ва грант ташкил додааст. Ҳамчунин барои солҳои 2009 ва 2010 пешниҳод гаштани 102 миллион доллари амрикоӣ бо қаноатмандӣ зикр гардид. Таъкид шуд, ки қисмати зиёди ин кӯмак давоми ҳамин сол ҷудо гашта, 40 миллионаш танҳо ба дастгирии буҷети давлатӣ барои кам кардани  таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ равона мегардад.
Шиаою Жао ба роҳбарияти сохторҳои иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва барномаи зиддибӯҳронии дар кишвар таҳиягашта баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки айни ҳол Бонки Осиёии Рушд дар якҷоягӣ бо кишварҳою созмонҳои дигари мададрасон дар таҳияи Стратегияи нави кӯмак ба Тоҷикистон фаъолона иштирок дорад «ва дар чаҳорчӯби он кӯмакҳои нави молиявӣ, машваратӣ ва ғайра расонда мешаванд», изҳор намуд ӯ.
Шиаою Жао ҳамчунин изҳор намуд, ки Бонки Осиёии Рушд минбаъд низ дар дастгирии буҷети давлатии Тоҷикистон ва маблағгузории сохтмони роҳҳо, нерӯгоҳҳои хурди барқӣ ва хатҳои минтақавии интиқоли нерӯи барқ, аз ҷумла ба сӯйи Афғонистон иштироки фаъол хоҳад дошт.
Ба сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистону Бонки Осиёии Рушд дар чаҳорчӯби Барномаи Ҳамкории минтақавии иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ, ки рушди инфрасохтори нақлиётӣ, энергетикӣ, тиҷоратӣ ва нерӯи инсонӣ аз афзалиятҳои асосии он аст, баҳои баланд дода шуд.
Дар мулоқот ҳамчунин дар бораи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, ҳаллу фасли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ табодули назар карда шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2069
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед