logo

номаҳо

ПАҲЛУ БА ПАҲЛУ КОР МЕКУНЕМ

Борҳо шоҳиди онам, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳо ва машваратҳои кориаш такрор ба такрор аз муҳимияти Неругоҳи барқи обии Роғун ва ҳар чи зудтар сохтани он ҳарф мезананд. Номуси меҳанпарастӣ ва нангу ори мардӣ маро ба ин сохтмони азими ватанӣ овард. Бо хушнудӣ пешвозам гирифтанд. Ба корхонаи ҶСК «ЧеркенГЭСстрой» ба кор қабул карданд. Фикр кардам, корро бо мардуми доғистонӣ шурӯъ мекунам, чун қаблан маълумот доштам, ки корхонаро марди доғистонӣ Зугаир Османов роҳбарӣ мекунад. Зугаир Алиевич зиёда аз 10 сол бо 50 нафар доғистонӣ ба Тоҷикистон омада, бо маҳорату кордониаш ҷавонони тоҷикро ҳунарҳои кор дар сохтмони неругоҳҳоро омӯзонд.
Вақте ки ба нақби корӣ ворид шудам, дидам, ки аз роҳбарон то коргарони одӣ тоҷиконанд. Рӯзи аввали корӣ марди хирадманду қавиирода роҳнамоям буд. Ӯро акои Рустам ном мебурданд. Баъди чанд рӯзи шиносоӣ фаҳмидам, ки акои Рустам на танҳо нисбат ба ман, балки ба дигар ҷавонон ҳам чун ба фарзанди хеш кор меомӯзонад. Ӯ 4 сол дар сохтмони Неругоҳи барқии обии «Сангтӯда – 1» кор карда, таҷрибаи хуби корӣ андӯхтааст. Ин марди чорпаҳлӯ, ҷасур ва оқилу доно, ки шуғли дӯстдоштааш кӯҳгардӣ ва шикор аст, доимо ҳушёр ва зирак буданро ба ҷавонон таъкид мекард. 10 ноябри соли ҷорӣ мо машғули бастани такягоҳи филизин будем. Ногаҳон акои Рустам фарёд баровард, ки ба боло назар афканед. Дар ин муддат мо 5 нафар сангеро дидем, ки босуръат ба поён меомад. Ҳушёрии акои Рустам буд, ки мо худро ба ҷойи бехавф гирифтем.
Мардони тоҷикистонӣ дар ин коргоҳ ҷамъ шуда, паҳлу ба паҳлу истода кор мекунанд. Роҳбари қитъаро Намозалӣ Кучанов, лоиҳакашон Файзиддин, Самиулло ва сарварии бригадаро Анвар Шеров ба уҳда доранд. Сохтмончиён Рамазон, Муҳаммад, Алиакбар, Қурбоналӣ, Ҳасан, Сироҷ, Исломуддин аз Данғара, Талабшоҳ аз Балҷувон, акои Ғаниҷон аз Норак, Саиднозим аз Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Гадомад аз Фархор на кам аз 9 сол таҷрибаи кор дар сохтмони неругоҳхо доранд. Ин сохтмончиён бунёди Неругоҳи барқи обии Сангтӯда – 1 - ро анҷом додаанд ва имрӯз бо  мақсади сохтани НБО – и Роғун ба ин ҷо омадаанд.
Бояд гуфт, ки дар НБО - и Роғун кор дар ду баст - рӯзона ва шабона дар ҷӯшу хурӯш аст. Дар ин сохтмон ғайр аз тоҷикон мардуми русзабон, эронӣ, доғистонӣ ва дигар миллатҳо паҳлу ба паҳлу истода, кор мекунанд. Агар суръати кор ин тавр давом ёбад, бо боварии комил метавон гуфт, ки мо НБО – и Роғунро ба зудӣ месозем.
Зикр кардан ҷоиз аст, ки  НБО - и Роғун дар Осиёи Миёна калонтарин ва пурқувваттарин хоҳад шуд. Ман ва коллективи меҳнатии мо машғули корем, орзу дорем, ки ба кор даромадани НБО – ро бубинем.

Иноят АДОЛАТОВ,
Сохтмончӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.01.15    №: 8    Мутолиа карданд: 5374
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед