logo

илм

БОЗНИГАРИИ УСУЛҲОИ ИСТИЛОҲСОЗӢ

Сайфиддин НАЗАРЗОДА,

доктори илми филология, профессор

Дар забони тоҷикӣ истилоҳсозӣ ва истилоҳшиносӣ имрӯз наметавонад бо пажӯҳишҳои густурда ва амиқи назарии худ ифтихор кунад. Мушкил он аст, ки то ҳол заминаи рушду инкишофи ин ришта ба қадри лозим фароҳам нашудааст, аз ҷумла «таркиби луғавии забони адабии ҳозираи тоҷик ба дараҷаи кофӣ тадқиқ нашуда...ва оид ба масъалаҳои алоҳидаамон ягон асари илмии ба назар намоён ба вуҷуд наомадааст». (Тоҳирова, 1967, с.7). Аз ин сабаб на танҳо масъалаҳои назариявӣ, балки даҳҳо мавзӯъҳои мубрами дигари истилоҳсозӣ ва истилоҳшиносии забони тоҷикӣ ҳанӯз ҳам дар интизори муҳаққиқони хешанд.
Агар ба таърихчаи беш аз шастсолаи истилоҳсозии нави забони тоҷикӣ дар даврони шӯравӣ назар афканем, хоҳем дид, ки аз оғози пайдоиши ин масъала забоншиносон ва муҳаққиқон ҳамеша аз анархия, бетартибӣ ва ҳарҷу марҷ дар ин соҳа шикоят кардаанд. Гоҳҳо ин масъала аз доираи илм хориҷ шуда,  ранги идеологӣ гирифтааст ва мақомоти олии давлати Тоҷикистон роҷеъ ба қоидаву қонунҳои танзими он қарорҳои сиёсӣ қабул кардаанд.
Бино ба аҳамияти сиёсӣ ва илмӣ пайдо кардани ин масъала фарҳангиён ва муҳаққиқону мутахассисони ин ришта дар марҳилаҳои гуногуни инкишофи забони адабии тоҷик саъй варзидаанд, ки барои ба як низоми муайян даровардани он усул ва қоидаҳо таҳия ва тартиб диҳанд. Дар натиҷа дар тӯли 35 сол ду усулнома ва як «қоида»-и тасвибшудаи расмӣ дар ин маврид таҳия гардид. Сарфи назар аз айбу нуқсон ин санадҳо ба «бетартибиҳо» хотима  бахшиданд ва то поёни даврони шӯравӣ ва ҳатто имрӯз ҳам истилоҳсозии забони тоҷикӣ бар асоси онҳо ҷараён дорад.
То нимаҳои дуюми солҳои сиюми асри гузашта пас аз баҳсу мунозираҳои тезу тунд ва тӯлонӣ чандин усул ва принсипҳои умумии истилоҳшиносии забони тоҷикӣ, сарфи назар аз дурустӣ ё нодурустии онҳо, ба таври куллӣ муайян гардид. Ва акнун лозим буд, ки ба таври расмӣ дар қолаби дастуруламал ва ё усулномае барои истифода ва татбиқ пешниҳод шавад. Чунин санади расмӣ соли 1936 бо номи «Установкаи терминологияи забони тоҷикӣ» ба нашр расид.
Соли 1938 ду бор Маҷлиси машваратӣ ва ё ба истилоҳи он солҳо «Совешчания»-и забоншиносон (моҳи феврал ва моҳи ноябр) барпо гардид, ки дар онҳо роҳҳои инкишофи минбаъдаи забони тоҷикӣ муҳокима гардида, лоиҳае ҳам дар ин боб таҳия шуд. 2 январи соли 1939 Комиссариати халқии маорифи РСС Тоҷикистон ин лоиҳаро ба фармони худ (№ 1) тасдиқ кард (Тоҷикистони Сурх (ҳоло «Ҷумҳурият», №19, 28 ноябри  соли1929), ки дар моддаи аввали он чунин омадааст:
1. «Совешчанияҳое, ки дар бобати масъалаҳои сохти забон дар моҳи феврал  ва дар моҳи ноябри соли 1938 аз тарафи КМ ПК (б) Тоҷикистон ҷеғ зада шуда буданд, дар соҳаи ба тартиб даровардани масъалаҳои грамматика, терминология ва орфографияи забони тоҷикӣ як қатор чорабиниҳои конкретӣ муайян карданд. Ин чорабиниҳо ба барҳам додани архаизмҳо, арабизмҳо ва эронизмҳо (таъкиди мо С. Н.) дар забони тоҷикӣ, ба барҳам додани ҷудоии сунъии забони адабӣ ва  забони зиндаи гуфтугӯӣ дар забони тоҷикӣ ҷорӣ кардани шаклҳои зиндаи забон ва советизмҳо равона карда шуданд». (Тоҷикистони Сурх, №19, 28 ноябри  соли1929).
Дере нагузашта дар рӯзномаҳо (Тоҷикистони Сурх, №19, 28 ноябри  соли1929) ин санад ё лоиҳа зери сарлавҳаи «Дар бораи баъзе масъалаҳои забони тоҷикӣ» нашр шуд. Он аз се қисм иборат буд: Қисми 1. «Масъалаҳои грамматика», Қисми 2. «Дар бораи масъалаҳои терминологияи забони тоҷикӣ» ва Қисми 3. «Дар бораи масъалаҳои имлои забони тоҷикӣ».
Бахши ба истилоҳшиносӣ бахшидаи лоиҳаи мазкур дар маҷмӯъ идома ва таъкиду тасдиқи принсипҳои «Установка»-и соли 1936 буда, дар он «қоидаҳои қатъӣ» дар мавриди манобеъ ва роҳҳои такмили истилоҳоти забони тоҷикӣ нишон дода шудааст.
Зимнан бояд гуфт, ки ин «тағйиру иловаҳо» ба тадриҷ дар забон мустаҳкам ҷой гирифтанд ва имрӯз ба андешаи мо яке аз вижагиҳои забони тоҷикиро нисбат ба форсӣ ва дарӣ ташкил мекунанд.
Дастуруламали севум 35 сол баъди “Установка”, соли 1971 зери унвони “Принсипҳои асосии терминологияи забони тоҷикӣ” аз чоп баромад. Тартибдиҳандаи он Я. И. Калонтаров буд. Ин “Принсипҳо” усулҳои истилоҳсозии забони тоҷи-киро ба сурати умум фаро гирифта, аз тарафи “Комитети терминологии АФ РСС Тоҷикистон” тасдиқ шуда, “дар зери таҳрири академик М. С. Осимӣ (Президенти АИ ва раиси Кумитаи истилоҳоти он давра) ва Н. А. Маъсумӣ” таҳия гардидааст. Ин санад бино ба муаррифиномае, ки пеш аз оғози китоб омадааст “...барои шуъбаҳои соҳавии Комитети терминологӣ, тартибдиҳандагони луғатҳои терминологӣ, мутарҷимон, коркунони нашриёт ва муаллимон дастуруламал мебошад”. (Принсипҳои… Душанбе, 1971, с. 2). Дастуруламали сеюм, мутаассифона, то ҳол охирин санади расмиест, ки ба масъалаи истилоҳсозии забони тоҷикӣ, роҳҳои такомул ва тартибу низоми он бахшида шудааст. Дар он таҳаввулот ва дигаргуниҳое, ки дар ин соҳа баъди “Установка” рӯй додааст, ба таври мухтасар ҷамъбаст шудааст. Вале аз муҳтавои китобчаи мазкур чунин бармеояд, ки дар тӯли беш аз сӣ соли ахир (то соли чопи китобча 1971) проблемаҳои истилоҳсозӣ ва бесару сомонӣ дар ин ришта камтар нашудааст. Истифодаи нодурусти истилоҳот, “худмухтории” муаллифони аҳлу ноаҳл дар ин соҳа, риоя накардани қоидаҳои маъмули истилоҳсозӣ ва ғайра боиси “роҳ ёфтани ҳаргуна ҳарҷу марҷ дар тартиби термин ва халалдор шудани принсипҳои ягонаи истифодаи терминҳо ва дигар қоидаҳои забон” (Принсипҳои… Душанбе, 1971, с. 6) гардидааст. Аз ин рӯ, ба ақидаи тартибдиҳанда “вақти он расидааст, ки барои ҳалли масъалаҳои муҳимтарини терминҳои ҳозиразамони забони тоҷикӣ, барои муқаррар кардани принсипҳои илмӣ ва барои ба низом даровардани забони адабӣ ва принсипҳои он дастаҷамъона ба кори ташкилии илмӣ камар бандем. Аз ин рӯ, муқаррар намудани терминҳои илмӣ, ҷамъиятӣ, сиёсӣ, техникӣ ва ғайра масъалаи ҳаётан муҳим ва кори таъхирнопазири давлатӣ мебошад”(Принсипҳои… Душанбе, 1971, с. 6).
Мувофиқи ин дастуруламал дар бахши истилоҳоти забони адабии тоҷикӣ усулҳои зерини истилоҳсозӣ маъмул ва илмӣ шинохта шудааст:
1. Истифодаи фонди луғавии забони тоҷикӣ ва васоили дастурии он. Корбурди вожагони забони тоҷикие, ки “маънои он терминро ифода мекунад». Истилоҳоти зерини ҷамъиятӣ - сиёсӣ аз ҷумлаи чунин луғот шинохта шудаанд: таҷовуз - агрессия; маъмурият - администрация; сулола - династия; корпартоӣ-забастовка; шӯришгар -  инсургент; даста - клика; шиор - лозунг; роҳзани баҳрӣ - пират; матбуот - пресса; иғвогар - провокатор; ислоҳот- реформа; эътисоб-стачка …
Дар соҳаи ҳуқуқ:
афви умум - амнистия; иҷорагир-арендатор; бедодгарӣ, беқонунӣ-беззаконие; пора, ришва – взятка; дуҳокимиятӣ - двоевластие; моли зиёдатӣ - неликвид, ғаромат - неустойка; бадномкунӣ - дискредитация …
Дар соҳаи таърих:
Зиреҳ - броня; хунбаҳо - вира; сафол - керамика; падаршоҳӣ - патриархат; яроқпартоӣ, тарки силоҳ-разоружение; ниқорҷӯ, ниқорталаб - реваншист; қалъа, куҳандиз - цитадель; шоҳзода - принц …
2. Ба роҳи тағйир додани маънои аслии калима ва ба маънои нав ё дигар истифода бурдани он. Масалан: луғатҳои “арбоб” ва “ходим” дар асл маънои «соҳиб», «молик» ва «хизматгор» - ро доштанд. Вале имрӯз ба маънои коркуни масъул дар таркибҳои  арбоби давлатӣ, сиёсӣ ва ё корманд (ходими илм, санъат) ба кор бурда мешаванд.
3. Аз ҳисоби вожагони интер-натсионалӣ ва забони русӣ “бой кардани” захираи истилоҳоти забони тоҷикӣ: баррикада - баррикада; бизнес - бизнес; буржуазия - буржуазия; ветеран - ветеран; вето - вето; диктатура - диктатура; демократия - демократия; кодекс - кодекс; интернационал - интернатсионал; коммунист - коммунист; конгресс - конгресс …
- Дар соҳаи иқтисод:
Акция - аксия; биржа - биржа; валюта - валюта; капитал - капитал; рента - рента; лимит - лимит; экспорт - экспорт; эмбарго - эмбарго …
- Дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ:
Адвокат - адвокат; арбитраж - арбитраж; аттестат - аттестат; декрет - декрет; прокурор - прокурор; Антанта - Антанта; археолог - археолог; барон - барон; граф - граф; помещик - помешик; рыцар - ритсар; уезд - уезд …
4. Бо роҳи тарҷумаи таҳтуллафзӣ (калка) аз забони русӣ:
5. Сохтани истилоҳот аз луғати русӣ ва байналмилалӣ тавассути унсурҳои калимасозии забони тоҷикӣ:
Бетонрез - бетонщик; медалдор - медалист; очеркнавис - очеркист; мошинрон - машинист …
6.  Сохтани истилоҳоти нав аз тариқи шарҳи маънои истилоҳоти бегона:
коркунони соҳаи агрономӣ-агроперсонал, рӯёндан бо қарори суд - отсуждение …
7. Истилоҳоте, ки дар забони русӣ бо ибора таркиб ёфтаанд (муайянкунандаву муайяншаванда) дар забони тоҷикӣ бо калимаҳои мураккаб баён карда мешаванд:
садоафкан - акустический изучатель; садопарда - голосовая связка, сарсатр - красная строка.
8. Баъзе истилоҳоти хориҷӣ (русӣ) дар забони тоҷикӣ бо ду ва ҳатто се калима баён мешаванд, ки ҳар кадоми он маънои истилоҳи хориҷиро (русӣ) хароб намекунад;
касал, бемор - больной; ҳаракат, ҷунбиш, - движение; зилзила, заминҷунбӣ, заминларза - землятрясение …
9. Дар баъзе мавридҳо истилоҳоти русӣ, байналмилалӣ ва тоҷикӣ ба ҷойи ҳамдигар чун синоним кор фармуда мешаванд:
Автономия - мухтор, мухторият, худмухтор; агитация - ташвиқот; актив - фаъол; идеология - мафкура; комедия - мазҳака; метод - усул; термин - истилоҳ; солдат - аскар; философия - фалсафа…
Тавре ки медонем, баъзе вожагон дар забонҳо ба чанд маъно ба кор мераванд, яъне хусусияти сермаъноӣ (полисемия) доранд. Бинобар ин дар вақти истилоҳсозӣ ин хосият ба назар гирифта шудааст. Масалан, як луғат дар ду маврид ба калимаҳои ҷудогона ифода мешавад: Луғати русии “положение” вобаста ба мавқеи худ дар матнҳои гуногун ба маънои низомнома, қоида, вазъият, мавқеъ, мақом, нуқта, муқаррарот ва ғайра истифода бурда мешавад.
11. Як силсила луғот ва истилоҳоти аз решаҳои юнонӣ ва лотинӣ, тавре ки дар забони русӣ ба кор мераванд, дар забони тоҷикӣ ҳам ба ҳамон сурат қабул шуда буданд: аэропорт, биология, демилитаризация, диалог (юнонӣ), контрабанда, контрреволюция (лотинӣ), микрорайон, монография, монолог, неолит, поликлиника (юнонӣ), регресс, ремилитаризация (лотинӣ), филармония, филология, эпизод, эпилог (юнонӣ), этнография, морфология (юнонӣ) ва ғайра.
12. Баъзе истилоҳоти байналмилалӣ ва русӣ, ки суффиксҳои исму сифатсоз доранд, ба забони тоҷикӣ низ бетағйир дохил шуда буданд: аспирант, докторант, коммунар, ассистент, олимпиада, ленинизм, материализм, феодализм, академик, бригадир, идеалист, марксист, коммунист, милитсионер, инспектор, директор, аспирантура ва дигарон.
13. Як силсила суффиксҳои забони русӣ, ки ба забони тоҷикӣ дохил нашудаанд, истилоҳоти тавассути онҳо сохта мувофиқи қоидаҳои калимасозии тоҷикӣ сурат мегирад:
а) суффиксҳои исм: ленинец - ленинчӣ; коллективизация - коллективонидан; колхозник - колхозчӣ; тракторист - тракторчӣ; агентство - агентӣ; идейность - ғоявӣ, идейнокӣ; объективность - объективият; газетчик - газетчӣ.
б) суффиксҳои сифатсоз: элементарный-элементарӣ; декларативный - деклоративӣ; принципиальный - принсипӣ; объективный - объективӣ; большевистский - болшевикӣ; дипломатический - дипломатӣ; демократический - демократӣ; мартовский - мартӣ; докторский - докторӣ; советский - советӣ; процессуальный - просессуалӣ ва дигарон.
14.  Як гурӯҳи нисбатан хурди истилоҳоте, ки дар забони русӣ дар шакли сифатанд, дар забони тоҷикӣ бо истилоҳоти баробармаъно ва суффиксҳои “ёт” ва “ӣ” ифода мегарданд: духовное - рӯҳиёт, маънавӣ, маънавиёт; материальное - материалиёт, моддӣ, моддиёт; субъективное - субъективиёт, субъективӣ; идеальное - идеалиёт, идеалӣ ва чанде дигар.
Тавре ки мебинем, «Принсипҳои асосии терминологияи забони тоҷикӣ” аз ҷиҳати сохтор такмил ва тасҳеҳ шудааст. Бахши усулҳои истилоҳсозии он аз 8 банд, 10 зербанд ё  шарҳу эзоҳ иборат мебошад. Дар “Принсипҳо”-и мазкур чанд зербанд ба сурати нармтар ба бандҳои алоҳида ҷудо гардида, миқдори умумии бандҳо ба 14 расидааст. Аз нигоҳи муҳтаво бошад, бо назардошти дигаргуниҳои ҳаёти сиёсиву иҷтимоии солҳои охир, яъне замони тартиби ин санад (1971), баъзе ибораҳои тунду тези сиёсии “Установка” бардошта шудааст. Вале ба таври куллӣ масъалаи асосӣ, яъне усул ё принсипҳои асосии истилоҳсозии  забони тоҷикӣ ба ҳамон сурати пешин боқӣ мондаанд.
Аз нуқтаи назари илми забоншиносӣ ва истилоҳшиносӣ дар матни ин «Принсипҳо» низ камбудиҳо ҷой дорад. Албатта, ҳадаф дар ин ҷо таҳлилу тақризи муфассал нест, вале зикри баъзеи камбудиҳо, ба фикри мо, барои таҳиягарони ояндаи усулномаи нави истилоҳсозии  забони тоҷикӣ бе манфиат нахоҳад буд:
1. Ҳарчанд ки дар ин санад нисбат ба “Установка” истифодаи манбаи миллӣ аз ҷиҳати шакли баён (дар “Установка”: банди 4 “то мумкин аст бояд забони ҳозираи адабӣ ва гуфтугӯи тоҷикӣ комилан истифода карда” шавад, дар “Принсипҳо” ба «истифода кардани таркиби луғавӣ ва воситаҳои грамматикии забони тоҷикӣ» иваз шуда  бошад ҳам, аммо дар мавриди истилоҳофаринӣ ва эҷодкорӣ дар ин ришта  сухане гуфта нашудааст. Ҳол он ки ҳанӯз соли 1932 донишманди дақиқназар Е. Э. Бертелс дар Конференсияи якуми омӯзиши неруҳои тавлидии РСС Тоҷикистон ба луғатсозону истилоҳофаринони тоҷик чунин машварат дода буд: «Гоҳҳо дар баробари вожагони “маснуӣ”- эҳсоси тарс пайдо мешавад... Ба фикри ман, дар баъзе мавридҳо набояд чандон аз вожаҳои сохта тарсид. Дар ҳар забон миқдори калони вожагон сохта шудаанд. Гузашта аз ин, дар аксарияти забонҳо онҳо аз тарафи шахсони алоҳида сохта шудаанд. Вале баъдтар онҳо аз тарафи забон чунон аз худ карда шуданд, ки тасаввур мешавад худрӯянд». (Бертельс, 1934, т. 2, с. 185).
2. Дар баъзе маврид манобеъ, роҳҳо ва тарзҳои истилоҳсозӣ ба ҳам махлут шудаанд. Масалан, захираи луғавии забони тоҷикӣ ё луғоти интернатсионалӣ манбаи истилоҳсозӣ мебошанд, иқтибосгирӣ ё тарҷума бошад, роҳҳои истилоҳгузинианд, вале сохтани луғоту истилоҳот бо васоили сарфӣ ё наҳвии забон ин тарзи истилоҳсозӣ аст. Аз ин ҷиҳат ба гумони мо онҳо бояд ба таври алоҳида, бо номҳои мушаххаси худ дар меъёрсозӣ зикр шаванд.
3. Дар “Принсипҳо” истилоҳоти “ҷамъиятӣ - сиёсӣ” алоҳида ва истилоҳоти улуми иҷтимоӣ: таърих, фалсафа, ҳуқуқ, иқтисодиёт ва дигарон ҳар кадом ҷудо омадааст, ҷойи шак нест, ки фалсафа, ҳуқуқ, забон, иқтисодиёт истилоҳоти илмии хоси худро доранд. Вале ҷудо кардани истилоҳоти фалсафа, таърих, ҳуқуқ, иқтисодиёт аз ҳамдигар ба фикри мо дуруст нест. Зеро истилоҳоти онҳо муштаракоти зиёде доранд ва рафту омад ва доду гирифти онҳо ҳамеша вуҷуд доштааст. Ба фикри мо, бояд истилоҳоти ин ҳавза зери унвони сарлавҳаи умумӣ – «истилоҳоти иҷтимоӣ-сиёсӣ» оварда шуда, сипас дар зерунвонҳо, масалан,  истилоҳоти фалсафа, ё ҳуқуқ ва ғ., луғоти хоси онҳо оварда мешуд ва амсоли онҳо. Вале сарфи назар аз ин камбудиҳо дар ин санад мушоҳидаҳо, муқаррарот ва матолиби судманде низ ҳаст, ки аз таҷрибаи ин соҳа дар замони шӯравӣ гирифташуда дар таърихи истилоҳсозии забони тоҷикӣ боқӣ мемонанд. Як силсилаи дигар,  албатта, бо шаклу сурати нав дар усулномаҳои нави забони мо дохил хоҳанд шуд.
4. Аз ҷиҳати дигар, як қатор принсипҳо ва ё ибораҳои истилоҳотӣ аз нигоҳи илмӣ ба қадри кофӣ асоснок нашудаанд. Ҳатто таҷрибаҳои ибтидоӣ ва бозёфтҳои хубе, ки дар солҳои аввали баъди инқилоб дар ин замина ба даст омада буд, дар ин аснод ғалат ва «ғайрисиёсӣ» хонда шуданд ва амсоли он.
Аз ин лиҳоз дертар ҷанбаҳои суст ва норасоиҳои ҷиддии истилоҳсозии забони тоҷикиро ба назар гирифта, муҳаққиқони шӯравӣ навиштанд, ки «кор карда нашудани принсипҳои илмии сохтмони истилоҳшиносӣ, кофӣ набудани таҳлили аниқи маънои ин ва ё он истилоҳ… ва ҷамъбаст нагардидани таҷрибаҳои ҳосилшуда, боиси он гардидааст, ки истилоҳоти забони тоҷикӣ стандартонида ва ҳамгун нашудааст». (Развитие…, 1986, с. 73).
Вале бояд қабул кард, ки ин ду дастуруламал бо вуҷуди камбудиҳои зиёд барои ба низом ва тартиб даровардани истилоҳоти иҷтимоиву сиёсии забони тоҷикӣ аз аҳамият холӣ набуданд. Дар даврае, ки дар ин арса ҳеҷ гуна меъёр ва дастуру муқаррароти танзимкунанда вуҷуд надошт, ин аснод ҳадди ақал тартиби пазириш ва имлои истилоҳоти нави иҷтимоиву сиёсии байналмилалӣ ва русиро муайян карданд. Таҷрибаҳои андӯхта ва мулоҳизоти дар ин усулномаҳо баёншуда хоси як марҳилаи муайяни таърихи инкишофи забони тоҷикӣ ва ташаккули истилоҳоти иҷтимоиву сиёсии он мебошад ва ба онҳо бояд аз ҳамин нуқтаи назар нигарист. Бидуни шак дар оянда ғалатҳо ислоҳ ва холигоҳҳо такмил хоҳанд гардид. Имрӯз бояд усулҳо ва тарзҳои истилоҳсозӣ таҷдиди назар гардида, бо дар назар гирифтани шароити замони истиқлол усулҳои истилоҳсозии забони мо аз нав таҳия гардад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.01.15    №: 11    Мутолиа карданд: 18045
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед