logo

маориф

ЧАРО НАҚШАИ ҚАБУЛ ИҶРО НАШУД?

Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат мақоми хоса дорад. Он зодаи даврони истиқлолият буда, дар давоми бештар аз 20 соли
фаъолияташ барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии  халқи кишвар кадрҳои зиёдеро тайёр намуд.
Дар 21 кафедраи донишгоҳ 313 нафар устодон ба фаъолияти  омӯзгорӣ ва корҳои илмӣ машғул мебошанд, ки аз онҳо 10  нафар унвони доктори илм, 48 нафар номзади илм мебошанд. Донишгоҳ дорои 8  факулта буда, аз рӯи 39 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва 17 ихтисос дар  шуъбаи ғоибона мутахассисони дорои маълумоти олии зинаи бакалавр, мутахассис ва магистр тайёр мекунад. Айни ҳол 4262 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. 249 нафар донишҷӯён бо  Квотаи президентӣ дохил  шудаанд, ки 148  нафарашон духтарон мебошанд.
Соли 2014  гурӯҳҳои низоми кредитӣ ба 76 адад расид. Аммо дар маъракаи қабули соли 2014 Донишгоҳи давлатии Хоруғ нақшаро иҷро карда натавонист. Имтиҳонҳои дохилшавӣ дар соли 2014 бори аввал аз тариқи Маркази  миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба таври марказонидашуда сурат гирифтанд. Мувофиқи  нақшаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ДДХ 1854 ҷой ҷудо шуда буд, ки аз ин 736 ҷой барои шуъбаи рӯзонаи  буҷетӣ, 708 барои шуъбаи рӯзонаи шартномавӣ, 45 ҷой барои шуъбаи  ғоибонаи буҷетӣ ва 365 ҷой барои шуъбаи ғоибонаи шартномавӣ  пешбинӣ мешуд. Аммо дар натиҷаи имтиҳоноти марказонидашудаи тестӣ ва суҳбат бо довталабони Квотаи президентӣ ба сафи  донишҷӯён ҳамагӣ 868 нафар қобили қабул дониста шуданд. Барои  иҷрои  нақша 986 нафар довталаб нарасид.
Шермамад Ҷонмамадов, ректори донишгоҳ, сабабро дар он мебинад, ки  дар маъракаи қабул корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ кам бурда  шуданд. Сониян, ихтисосҳое, ки айни  ҳол донишгоҳ медиҳад, дархӯри бозори имрӯзаи меҳнат нестанд. Масалан, аз 39 ихтисос 24 - тои онҳо самти омӯзгорӣ дошта, танҳо 15 ихтисос ба дигар  соҳаҳо равона шудаанд. Ҳамасола донишгоҳро 334 нафар бо  ихтисоси омӯзгорӣ хатм мекунанд ва ба сафи бекорон дохил мешаванд. Ин ҳолат ҷавононро аз дохил шудан ба Донишгоҳи давлатии Хоруғ  боз медорад. Инро ба назар гирифта, бо пешниҳоди Шодихон Ҷамшед, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва раёсати донишгоҳ  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар охири соли 2014 ба Донишгоҳи давлатии Хоруғ қабули донишҷӯёнро аз рӯи 6 ихтисоси  дигар, ки барои хоҷагии халқи вилоят ва ҷумҳурӣ зарур ва дар бозори меҳнат талаботи зиёд доранд, иҷозат дод.
Ҳамчунин усули тестӣ имкон дод, ки бори аввал донишҷӯён аз манотиқи  дигари ҷумҳурӣ дохил шаванд. Боиси хурсандист, ки имрӯз дар  донишгоҳи Хоруғ  аз шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, ноҳияҳои Ғончӣ, Спитамен, Муъминобод, Вахш, Данғара, Ёвон ва Мастчоҳ ҷавонон таҳсил доранд. 
 

Раҳмони ГУЛЗОР, «Ҷумҳурият».


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.01.15    №: 12    Мутолиа карданд: 5483
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед