logo

маориф

ҲАЙДАР ОДИНАЕВ: ММТ БА ДТТ ДОНИШҶӮ КАМ ПЕШНИҲОД КАРД

Соли хониши 2014 - 2015 756 нафар донишҷӯёне, ки азми ба Донишгоҳи  техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ дохил шудан доштанд, ба донишгоҳҳои дигари кишвар интиқол ёфтанд. Донишҷӯёни мазкур тавассути Маркази миллии тестӣ ҳангоми интихоби ихтисосҳо ва кодҳо, фикр карданд, ки довталаби Донишгоҳи техникии Тоҷикистонанд.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Ҳайдар Одинаев, ректори  Донишгоҳи  техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ иттилоъ дод.
- Тибқи нақшаи қабули соли таҳсили 2014 - 2015 ба ДТТ мебоист, 2 105 донишҷӯ дохил мешуд. Аз рӯйи маълумоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ДТТ ҳуҷҷати 1 411 донишҷӯ пешниҳод гардид. Дар бахши буҷавӣ 618 нафар бо назардошти квотаи  президентӣ, ки баробари 97,3 % ва шартномавӣ 841 нафар ё 57% -ро ташкил дод. Дар маҷмӯъ иҷрои нақшаи қабули донишҷӯён 67,0 % - ро ташкил медиҳад. Агар довталабон зиёда аз 700 нафар ба донишгоҳ қабул мешуданд, онҳо аз тариқи шартномавӣ буданд ва солона ба буҷети донишгоҳ зиёда аз  4 миллион сомонӣ ворид мешуд. Мутаассифона, бо кам роҳхат додан ба Донишгоҳи техникӣ ҳолате пеш омад, ки наздик ба 100 устод аз сабаби мушкили молӣ аз кор рафтанд. Имсол як қатор барномаҳоро рӯйи даст гирифтем, ки то сар шудани бақайдгирии довталабон дар Маркази миллии тестӣ, тавассути шабакаҳои телевизионӣ, радио, матбуот ва ба хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оид ба донишгоҳ, рамз ва бахшҳои он ба ҳангоми интихоб маълумоти дақиқ пешниҳод намоем, то ҳолати соли қабули 2014-2015 такрор нагардад, - иброз дошт Ҳайдар Одинаев.
Феълан дар донишгоҳ 9 244 донишҷӯ таҳсил дошта, 57 нафар донишҷӯ аз кишварҳои хориҷӣ мебошанд. Соли ҷорӣ донишгоҳ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ  29 медал ба даст овардааст, аз ҷумла 9 медали тилло ва зиёда аз 140 донишҷӯ бо дипломи сурх хатм кардаанд.

Ҳарамгули ҚОДИР


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.01.15    №: 12    Мутолиа карданд: 5603
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед