logo

маориф

Ш. ОРУМБЕКЗОДА: «БИДУНИ ДАХОЛАТИ ММТ ДОВТАЛАБОНРО ҶАЛБ МЕКУНЕМ»

Яке аз мушкилоти муҳими соҳаи фарҳанг талаботи рӯзафзуни кормандони соҳа, бахусус таъмини ҳунарпешаҳои ҷавон бо ҷойи зист дар шаҳрҳо ва баъди хатми муассисаҳои фарҳангӣ ба ҷои кор барнагаштани мутахассисони ҷавон мебошад.
Дар ин бора Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанг, зимни нишасти матбуотӣ изҳори нигаронӣ кард.
- Талабот ба шароити моддӣ яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи фарҳанг аст. Мо ин талаботро дарк мекунем ва талош карда истодаем, ки бидуни маблағи буҷетӣ барои кормандони соҳа бинои баландошёнаи манзили зист созем ва алабатта бо нархи нисбатан арзон ба кормандони соҳаи фарҳанг фурӯшем. Роҳҳои ҳалли ин масъаларо ҷустуҷӯ дорем. Таъсиси  боғҳои фарҳангӣ дар шаҳру навоҳии кишвар ҳам яке аз самтҳои асосии фаъолияти мо буд. Соли гузашта тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон қабул шудани довталабони муассисаҳои фарҳангии кишвар муваффақ набуд. Зеро Маркази миллии тестӣ довталабони боистеъдодро пушти дар монд, яъне малакаи онҳоро ба назар нагирифт. Дар соҳаи фарҳанг истеъдод авлавият дорад. Ба ин сабаб ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбии миёнаи фарҳанг теъдоди  ками донишҷӯён қабул шуданд. Дар Консерваторияи миллӣ 50% , Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн - 22% ва  коллеҷу муассисаҳои дигари таълимии соҳа 28% донишҷӯ шуданд. Барои ҳалли ин мушкил ба чораандешӣ шурӯъ кардем, минбаъд довталабонро ба таҳсил дар мувофиқа бо Ҳукумат бидуни дахолати Маркази миллии тестӣ ҷалб мекунем. Соли гузашта 37 квотаи президентӣ  ҷудо шуда буд, 35 нафар донишҷӯ гардид. Мутаассифона аз ноҳияи Тоҷикобод ягон довталаби квотаи президентӣ наомад. Дар умум 376 донишҷӯ аз тариқи квотаи президентӣ дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн таҳсил мекунад
 

 Ҳарамгули ҚОДИР


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.01.15    №: 14    Мутолиа карданд: 5540
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед