logo

маориф

ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РӮЙХАТИ БЕҲТАРИН ТАЪЛИМГОҲҲОИ ОЛИИ ИДМ

Тибқи ҷадвали рейтингии Агентии байналмилалии «Интерфакс»,  Донишгоҳи технологии Тоҷикистон  аз лиҳози   омодагӣ ба навгониҳо миёни 400 муассисаи инноватсионии таълимоти олии ИДМ мақоми 151 – умро ишғол намуда, ба рӯйхати беҳтарин 200 муассисаи олии касбии ИДМ шомил гардидааст. Бо назардошти ин, дар муассисаи таълимии мазкур барои боз ҳам баланд бардоштани мавқеи рейтингии он кӯшиши пайваста ба харҷ медиҳанд. Нуралӣ Шоев, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, дар оғози нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти донишгоҳ  дар як соли гузашта ин хушхабарро расонда, ҳамчунин зикр кард, ки соли 2014 - ро барои ДТТ умуман метавон соли навгонию навовариҳо номид. Дар ин сол дар сохтори таълимгоҳ Маркази мониторинги рақобатпазирии донишҷӯи ДТТдар бозори озоди меҳнат таъсис ёфта, донишҷӯён дар ин марказ қабл аз сессияҳои имтиҳонӣ оид ба ҷавобгӯ буданашон ба ҳафт талаботи рақобатпазирӣ аз санҷиш гузаштанд. Бо мақсади муаррифӣ ба корфармоёни оянда дар сомонаи махсуси марказ зикр намудани номи муҳассилини аз ҷиҳати рақобатпазирии касбӣ беҳтарин таваҷҷуҳи донишҷӯёнро ба азхудкунии донишҳои замонавӣ хеле баланд бардоштааст. Бо итминони комил метавон гуфт, ки маркази мазкур дар самти тавсеаи сифати таҳсилот таъсири муассир хоҳад гузошт. Ҳамчунин, дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди донишгоҳ Маркази рушди зеҳнии ҷавонони Тоҷикистон ва дастгирии истеъдодҳо кушода шуд, ки мақсад аз таъсиси он татбиқи амалии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи маориф», «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ», Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 - 2020, Барномаи рушди неру ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад. Ба роҳ мондани ҳамкориҳои донишгоҳ бо зиёда аз 40 донишгоҳи  хориҷӣ, аз ҷумла муассисоти таҳсилоти олии Русия ҳамасола самарабахшанд. Алҳол дар маҷмӯъ зиёда аз 1000 нафар ҷавонони тоҷик тавассути Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар донишгоҳҳои давлатии индустриалӣ, техникӣ, политехникӣ , технологӣ, тадқиқоти технологияҳои иттилоотӣ, техникаи ҳавонавардӣ, механика ва оптикаи шаҳрҳои Москва, Санкт - Петербург, Ярославл, Костома, Рибинск, Нижний Новгород, академияҳои давлатии кишоварзӣ ва  технологии Воронеж, Иваново ва Приморйе ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Иштироки ҳамасола дар лоиҳаҳои грантии таълимӣ ва илмии байналмилалӣ имкон медиҳад, ки маблағҳои аз ин ҳисоб ба донишгоҳ воридшуда ба  хариди таҷҳизоти таълимӣ - истеҳсолӣ ва бозомӯзии касбии омӯзгорону кормандон  равона карда шаванд. Махсусан, иштироки донишгоҳ дар лоиҳаи барномаҳои ТЕМПУС, FP7, GIZ ва Эрасмус Мундус дар такмили иқтидори моддии таълимгоҳ ва сатҳи касбии ҳайати профессорону омӯзгорон натиҷаи назаррас меоварад. Дар соли 2014 ба кор оғоз намудани Маркази телевизионӣ  дар ДТТ, ки дар тарбияи илмию маърифатии донишҷӯён таъсири бориз хоҳад гузошт, натиҷаи ҳамин ҳамкориҳои  судманд ва иштирок дар лоиҳаҳои грантии барномаҳои байналмилалист. Дар соли таҳсили 2013 - 2014 вобаста ба иҷрои 5 талаботи фаъолияти касбӣ озмуни донишгоҳӣ таҳти унвони «Муваффақият+» ҷамъбаст гардида, 42 нафар бо ҷоиза ва зиёда аз 80 нафар омӯзгору кормандони дигари донишгоҳ бо «Титули фахрӣ» қадр карда шуданд. Варзишгарони донишгоҳ дар аксар мусобиқоти байнидонишгоҳӣ, шаҳрию минтақавӣ ва байналмилалӣ иштироки фаъолона дошта, ба натиҷаҳои назаррас ноил мегарданд. Моҳи март дар бозиҳои осиёӣ дар Туркия бо иштироки варзишгарони понздаҳ давлат ва дар шаҳри Хуҷанд миёни даҳ давлат аз рӯи намуди варзиши кёкушин - хан донишҷӯи соли сеюми таҳсили донишгоҳ Саидаҳмад Олимов  ҷойҳои якумро ишғол намуд. Моҳи апрел дар чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба намуди варзиши кикбоксинг донишҷӯ  М. Лутфуллоев низ ҷойи якумро гирифт. Ба муҳассили донишгоҳ Умарҷон Атоев бошад, дар чемпионатҳои ҷаҳонӣ  дар шаҳрҳои Пекин ва Москва дар намуди варзиши вазнбардорӣ мутаносибан ҷойҳои дуюм  ва якум насиб гардид. Айни замон дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон омодагӣ ба аввалин Форуми байналмилалии «Ҷавонон - неруи зеҳнии ояндаи кишвар: натиҷагирӣ аз ҳамкориҳои Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо таълимгоҳҳои олии Федератсияи Русия  ва Иттиҳоди Аврупо»  оид ба тайёр намудани мутахассисони замони нав барои рушди инноватсионии минтақаҳои Тоҷикистон, ки 15-18 майи соли ҷорӣ дар худи ДТТ баргузор хоҳад шуд, дар сатҳи баланд ҷараён дорад.

Н. ЁРМАДӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.01.15    №: 14    Мутолиа карданд: 5765
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед