муҳоҷират
АНВАР БОБОЕВ: «НИШОНДИҲАНДАҲО ДАР САМТИ МУҲОҶИРАТ БЕҲТАРАНД»
Татбиқи «Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2011 - 2015» ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ қарор дорад. Вале мунтазам тағйир ёфтани муқаррароти қонунгузории давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирони корӣ вазъи будубош ва фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистонро дар қаламрави ин давлатҳо, бахусус Федератсияи Русия рӯз ба рӯз мушкил менамояд.
Дар робита ба ин хабарнигорамон бо Анвар Бобоев, сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба фаъолият ва чорабиниҳои Хадамоти муҳоҷират дар соли сипаришуда ва нишондиҳандаҳои асосӣ дар самти муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон суҳбат кард:
- Дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, инчунин мутобиқи Низомномаи Хадамоти муҳоҷират, соли гузашта корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ бо аҳолии кишвар дучанд зиёд карда шуданд. Бо ин мақсад, дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, нақшаи чорабиниҳои Хадамоти муҳоҷират тасдиқ карда шуд ва кормандони дастгоҳи марказӣ, сохторҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ дар давоми соли сипаригардида 541 вохӯрӣ бо аҳолии кишвар баргузор намуданд, ки нисбат ба соли 2013 - ум 324 адад зиёд мебошад. Дар ин вохӯриҳо 50256 нафар, аз ҷумла дар ВМКБ 7941, вилояти Суғд 15630, Хатлон 10766, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 15919 нафар иштирок карданд.
Дар вохӯриҳо ба аҳолии кишвар оид ба тағйироти нав дар қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Русия, зарурати касбомӯзӣ, гузаштани тест доир ба донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории ин кишвар, гирифтани сертификати дахлдор, тартиби дуруст пур кардани варақаҳои муҳоҷират, бе хато баён кардани мақсади сафар ҳангоми ворид шудан ба қаламрави дигар мамлакат, расмигардонии будубоши худ, саривақт гирифтани патент, гузаштан аз муоинаи тиббӣ, риоя кардани қонунгузории давлати қабулкунандаи муҳоҷирон, ҳимояи ҳуқуқҳои худ ва дар сурати поймол гардидан муроҷиат ба намояндагии вазорат дар Федератсияи Русия, сафорат, консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, зарурати гирифтани шиносномаҳои хориҷӣ, риояи қонунгузорӣ, рафтори бомаърифат дар кишвари будубош, доир ба сабабҳои манъ кардани воридшавӣ ба ҳудуди Русия ва дигар масъалаҳо, маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Соли гузашта Хадамоти муҳоҷират оид ба навовариҳо дар қонунгузории Федератсияи Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ки аз 1 январи соли 2014 мавриди амал қарор дода шуд, бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ 280 ҳазор буклет чоп карда, ҳангоми қабул ва вохӯриҳо ба аҳолии кишвар дастрас намуд.
Назар ба гуфтаи Анвар Бобоев, мувофиқи маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия аз 7 нишондиҳандаи асосӣ дар самти муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 нисбат ба соли 2013 шаштои он беҳтар гардидааст.
Дар соли сипаришуда 420804 (соли 2013-ум 327059) нафар патент гирифтанд. Соли 2014 қарорҳо оид ба берун шудани 126 нафар (соли 2013-ум 1004) ва радди марз намудани 15 нафар (соли 2013-ум 56) ба тасвиб расид. Соли гузашта шаҳрвандони Тоҷикистон ба 229256 (соли 2013-ум 337638) ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ роҳ дода, 229256 нафар (соли 2013-ум 337638) ҷиноят содир кардааст. Ҳамчунин, бояд зикр кард, ки дар давраи ҳисоботӣ нисбат ба 1441 нафар шаҳрванди Тоҷикистон шаҳрвандони кишварҳои дигар ҷиноят содир намудаанд.
Танҳо нишондиҳандаи 7-ум манфӣ мебошад, зеро соли 2014 ҳамагӣ 142000 нафар шаҳрванди кишварамон аз ҷониби кордиҳандаҳои Русия тавассути шартномаи меҳнатӣ ба кор қабул гардида, барои кор иҷозат гирифтаанд, ки ин нисбат ба соли 2013 43750 адад кам мебошад. Чунин рақам тасдиқи он аст, ки сатҳи маълумотнокии шаҳрвандони мо ба талаботи бозори меҳнати хориҷӣ пурра ҷавобгӯ нест ва кордиҳанда дар баъзе мавридҳо аз бастани шартномаи расмӣ худдорӣ мекунад.
Ба гуфтаи мавсуф, вуруди 202004 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия манъ аст, ки рӯйхати онҳо дар Хадамоти муҳоҷират ва шуъбаҳои он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мавҷуд аст. Ин рӯйхат дар чор соли охир аз ҷониби мақомоти дахлдор бо сабаби риоя накардани қонунгузории Федератсияи Русия тартиб дода шудааст. Бояд зикр кард, ки соли 2014 кормандони Хадамоти муҳоҷират 12546 нафарро, ки дар ин рӯйхат буданд, аз сафари бебарор ба Федератсияи Русия нигоҳ дошт.
Хадамоти муҳоҷират дар соли 2015 ҷиҳати беҳтар намудани вазъи муҳоҷирон дар хориҷа, аз ҷумла Федератсияи Русия тадбирҳои иловагӣ меандешад.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.01.15 №: 14 Мутолиа карданд: 25805