logo

маориф

ИЛМ ДОНӢ, ҚАДРАТ АФЗУН МЕШАВАД

На ҳама волидайн ба тарбияи фарзанд диққати ҷиддӣ медиҳанд, беназоратии онҳо боиси  оворагардию даст задани фарзандонашон ба корҳои номатлуб мешавад. Тибқи омори Вазорати корҳои дохилии кишвар солҳои охир шумораи амалҳои ҷиноятӣ аз тарафи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ афзудааст.
 
Бархе аз волидайн то ҳол моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» - ро дарк накардаанд. Баъзе кӯдакон ба ҷои таҳсил ба кӯчагардӣ, аробакашӣ, мошинашӯӣ ва даҳшатангезтараш ба талбандагӣ машғуланд. Баъзе аз талабагон дар марказҳои шабакаи интернет, маъмул бо номи «интернет - кафе» - ҳо ба бозиҳои компютерӣ машғуланд, ки мафкураи ташаккулнаёфтаи онҳоро вайрон карда, ба рӯҳия (психика) - ашон таъсири манфӣ мерасонад. Ин зумра наврасон бинобар дониши нокомил доштанашон ба осонӣ метавонанд ба ҳар гуна гурӯҳҳо пайваст шаванд ва боиси хастадилии ҳам волидайн ва ҳам муаллимон гарданд. Чунин ҳолатҳо боиси костани сатҳи донишандӯзии ин зумра талабагон шуда, ба мақому манзалати мактаб таъсири манфӣ мерасонад.
Ба алоқаю ҳамкориҳои тарафайн байни волидайн ва муаллимони мактаби таҳсилоти умумии № 72 ба номи Г. Сулаймонии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар тарбияи талабагон, баҳри ташаккули онҳо ҳамчун фарди созандаи кишвар диққати махсус дода мешавад. Чуноне ки яке аз педагогҳои маъруфи олмонӣ аввали асри XIX қайд кардааст: «Тарбиятгар ва муаллим будан модарзодист: онҳоро шавқи табиии модарзодӣ роҳнамоӣ мекунад». Ҳайати муаллимони соҳибкасбу соҳибтаҷрибаи мактаб кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дастпарваронашон вобаста аз шавқу рағбат ба маҳфилҳои гуногуни фаннӣ, эҷодӣ ва варзишӣ ҷалб шуда, комил ба воя расанд. Дарсҳои иловагӣ дар маҳфилҳо аз фанҳои расмкашӣ бо унвони “Мусаввири моҳир”, математика -  “Риёзидони ҷавон”,  физика -  “Эврика”, забон ва адабиёти тоҷик - “Забондон”, забони англисӣ - “Полиглот”, ботаника - “Табиатдӯстон ва экологони ҷавон”, технология - “Дастони моҳир” ва барои дӯстдорони варзиш бошад, бахшҳои “Баскетбол, волейбол ва футбол” амал мекунанд.
Яке аз вазифаҳои ин маҳфилҳо омода кардани талабагон ба олимпиадаҳои фаннӣ ва озмуну мусобиқаҳои гуногуни сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ мебошад.
Мансури Ҳаким фармудаанд: «ҳар чиз зиёд шавад, арзон мегардад, ғайр аз хирад, ки агар зиёд шавад, қиматаш афзун мегардад». Дар тақвияти ин суханон, қайд карданиам, ки чи қадар теъдоди талабаҳои ахлоқу одоби хубдошта зиёд бошанд, рақобати солим байни онҳо меафзояд. Ҳамчунин теъдоди зиёди хатмкунандагони тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактабҳои олии кишвар ва хориҷи он дохил шуда, обрӯю этибори мактабро афзунтар мегардонад. 
Барои омода кардани духтарон ба рӯзгордорӣ низ дар мактаб диққати хоса медиҳанд. Омӯзиши нозукиҳои тайёр кардани хӯришҳо ва хӯрокҳои миллӣ, пухтани кулчақандҳо, ороиши дастурхони идона, тарғиби ҳунарҳои зардӯзӣ, кашидадӯзӣ ва бофандагӣ асоси нақшаи таълимии фанни технологияро дар бар мегиранд. Ҳамзамон бозиҳои зеҳнии касбӣ, монанди тартиб додани сканвордҳо ва чайнвордҳо доир ба мавзӯъҳои зикршуда ва байни синфҳо озмунҳои гуногун бо номи “Дастони моҳир” гузаронида мешаванд. Инчунин, ба машғулиятҳо чевару кадбонуҳои касбӣ даъват карда мешаванд, то ки шавқу завқи духтаронро ба касбу ҳунарҳои миллӣ афзун гардонанд. 
Хулоса, ҷалби пайвастаи хонандагон ба маҳфилҳои гуногуни зеҳнию касбӣ аз маҳорату малакаи муаллимон алоқамандии бевосита дошта, дар ташаккули майлу рағбати онҳо ба ҳунарҳои мардумӣ дар ояндаи наздик самараи хуб ба бор меоварад.
 

Зайнабҷон ҲАКИМОВА,
муаллимаи муассисаи таҳсилоти миёнаи № 72, шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.01.15    №: 15    Мутолиа карданд: 5673
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед