logo

маориф

ҲАРФИ СОЗАНДА

Эҳдо ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» 

Беҳтарин дилномаи аҳли назар,
Ҳарфи ту ҳалномаи фатҳу зафар.
Солҳо бо нангу ори тоҷикӣ
Раҳнавардӣ сӯйи хуршеду қамар.
Дар замони рушди истиқлолият
Ту ба ҳар як тоҷик астӣ ҳамсафар.
Парчамат номуси миллат буду ҳаст,
Ин туӣ қомуси миллат мухтасар.
Сар ба сар созанда бошад ҳарфи ту,
Мекунад он халқро созандатар.
Ҳашт милён тоҷики озодаро
Мебиёрӣ муждаи субҳи саҳар.
Аз ватандории ҳар меҳанпараст
Мерасонӣ бар ҳама дунё хабар.
Дар миёни пиру барно, хосу ом
Дар билоди Тоҷикистон муътабар.
Саҳфаҳоят пур зи користони халқ,
Панди ту болотар аз панди падар.
Гуфтаӣ, ки Тоҷикистон хурд нест,
Оре, аз тангии дилҳо алҳазар!
Сулҳу ваҳдат пояи ҳастии мост,
Аз бақои тоҷиконӣ бохабар.
Сарҳади меҳру вафои мо Ватан
Ҳамраҳи ту миллатам шукронагар.
Дидаи бедори мо «Ҷумҳурият» 
Бо маводу мабдаҳоят хушназар.
Ростин ҳарфу ҳиҷоҳои туро
Бишнавад душман, шавад осемасар.
Ту қаноти шоҳи бедори манӣ,
Ӯ бувад бар миллати ман шаҳписар.
Дар ҳама давру замон бар халқи ман
Нест пайке аз ту беҳ дар баҳру бар.
Тоҷикистонро зи тиру теғи даҳр
Бо сухан будиву ҳастӣ чун сипар.
Дар забони чун асал ширини ту
Дидаам ангезаҳое аз шакар.
Дар паноҳи миллати овозадор
Шод зӣ бо файзу килки пурсамар.
Бар фарози сад равонӣ аз навад
Ҷовидон монӣ ҷавон, пиронасар!
 

Бобоҷони НУРЗОД


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.01.15    №: 16    Мутолиа карданд: 5478
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед