logo

энергетика

КАЙ БА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ МЕРАСЕМ?

Ин суоле буд, ки дар рафти нишасти матбуотӣ чанд бор ба вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонзода дода шуд. Посух ҳарчанд аниқ набуд, аммо ҳозиронро умедвор менамуд, ки аҷаб нест дар зимистони соли  2017 ба он муваффақ гардем. Он ҳам ба шарте ки иқтидорҳои  нав дар неругоҳҳои амалкунанда ба кор андохта шуда, Маркази барқу гармидиҳии  “Душанбе - 2” пурра фаъол шавад.
Вазир дар нишаст иброз намуд, ки яке аз дастовардҳои муҳими соҳа  дар соли гузашта ба кор андохтани  иқтидорҳои энергетикӣ ба андозаи 210 МВт, аз ҷумла агрегати дуюми НБО “Сангтӯда - 2” бо иқтидори 110 МВт ва навбати аввали МБГ - 2 - и шаҳри Душанбе бо иқтидори 100 МВт мебошад, ки таъмини аҳолиро бо неруи барқ дар фасли зимистон нисбатан беҳтар  намуд.
Ба таври мусбат анҷом пазируфтани асосноккунии техникӣ - иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии сохтмони НБО “Роғун”, ба имзо расидани Протоколи дахлдори Шӯрои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавии интиқоли барқи “САSА - 1000”, ифтитоҳи расмии ду лоиҳаи нави бузург дар соҳаи энергетика – сохтмони лӯлаи гази “Туркманистон  - Хитой”  ва навбати дуюми МБГ – 2 - и шаҳри Душанбе бо иқтидори 300 МВт, инчунин оғоз гардидани корҳои сохтмонӣ дар хати интиқоли барқи 220 кВт “Қайроққум - Ашт”, “Геран - Румӣ” ва сохтмону бароҳандозии дигар иншооти хурду бузурги энергетикӣ аз рӯйдодҳои хотирмони соли сипаригардида мебошанд.
Дар  соли ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ 16,4 миллиард кВт. соат неруи барқ истеҳсол гардида, содироти он 1 миллиарду  321 миллион кВт. соатро ташкил додааст, ки ин нисбат ба соли 2013 356,5 миллион кВт. соат зиёд буда, суръати афзоиш 137,1 фоиз аст.
Дар соли 2014 дар корхонаю ҷамъиятҳои истеҳсолкунандаи нафту газ 24 ҳазору 508 тонна нафт ва 3 миллиону 217 ҳазор метри мукааб гази табиӣ истихроҷ карда шудааст. Вазорат ҷиҳати омӯзиш ва кашфи захираҳои нави нафту газ, инчунин афзудани истеҳсоли онҳо ҳамкориро бо ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон, аз қабили “Газпром”, “Тетис - петролиум”, “Тотал”, “СНПС” ва ғайра идома медиҳад.
-Дар давраи ҳисоботӣ ташкилоту идораҳои марбут ба таъмини об аз сарчашмаҳои гуногуни обгирӣ  ба мақсади обёрии заминҳо, 8,9 миллиард метри мукааб  барои ошомидан ва дигар мақсадҳо 265,5 миллион метри мукааб, дар маҷмӯъ 9,3 миллиард метри мукааб об додаанд, - гуфт дар хотима Усмоналӣ Усмонзода.

Мирзои ФИРӮЗ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.01.15    №: 16    Мутолиа карданд: 14800
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед