logo

порлумон

ҲАМЛУ НАҚЛИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОСОН МЕШАВАД

Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Ганҷалзода Шералӣ, муовини якуми вазири нақлиёт, зимни ба тасвиб расидани Созишнома байни ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ иброз дошт, ки он аз 27 модда ва се замима иборат буда, мақсадаш таъмини боэътимоду самарабахши ҳамлу нақли автомобилӣ дар самти рушди равобити савдои хориҷии давлатҳои аъзо ва такмил додани шароити ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии бору мусофирон мебошад.

Тибқи он тарафҳо дар раванди амалигардонии ҳамлу нақли автомобилии байналмилалӣ содагардонии масъалаҳои вобаста ба убури сарҳадҳо, дастрас намудани раводид, гумрук, назорати нақлиёти фитосанитарӣ ва ветеринариро дар нақша дорад. Ҳамзамон тарафҳо метавонанд дар ҳамбастагӣ барои рушди инфрасохтори долонҳои нақлиёти автомобилӣ, ки ҳудудҳои давлатҳои аъзоро мепайванданд иштирок ва саҳмгузорӣ намоянд. Назар ба гуфтаи мавсуф, дар асоси моддаи 8 интиқолдиҳандагони давлатҳои тарафҳо ҳангоми амалӣ намудани ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ дар доираи созишномаи мазкур дар асоси мутақобила аз пардохти боҷ ва дигар пардохтҳо вобаста ба соҳиб будан ва ё истифодабарии воситаҳои нақлиёт, инчунин истифодабарӣ ва нигоҳдории роҳҳои автомобилии давлати тарафи дигар озод карда мешаванд.
Абдузафар Иномов, вакили порлумон, зимни ба тасвиб расидани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» гуфт, ки он ба мақсади амалӣ намудани қисми 1 – уми моддаи 10 - уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ», ки мутобиқи он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол, сохтан, хариду фурӯш, коллексиякунӣ ё ба намоишгузории силоҳ ва лавозимоти ҷангии он бояд бо гирифтани иҷозатнома бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шавад, таҳия ва пешниҳод гардидааст. Зеро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» намудҳои фаъолиятеро, ки иҷозатномадиҳиро талаб намуда, асосҳои ҳуқуқии додани иҷозатномаро барои ҳуқуқи машғулшавӣ ба намудҳои мушаххаси фаъолият муқаррар кардааст.
 

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.01.15    №: 18    Мутолиа карданд: 5432
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед