logo

энергетика

2015 – «СОЛИ ҲИСОБКУНАКҲОИ БАРҚӢ» ЭЪЛОН ШУД

 - Дар соли 2014 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳии ШСХК «Барқи тоҷик» ба 13 миллиарду 757 миллион кВт - соат баробар шуд. Истеҳсоли гармӣ бошад, дар ин давра 117.2 ҳазор Гкалро ташкил дод, - гуфт Рустам Раҳматзода, раиси ШСХК «Барқи тоҷик» зимни нишасти матбуотӣ. 
Яке аз масъалаҳое, ки дар рафти нишаст мавриди баҳс қарор гирифт,  талафоти неруи барқ буд. Масъулони соҳа омилҳои асосии ба вуҷуд омадани талафотро дар фарсуда будани таҷҳизоти зеристгоҳҳои  аз солҳои 60 – уми асри гузашта боқимонда ва набудани ҳисобкунакҳои барқӣ медонанд.
- Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 1 миллиону 222 ҳазор муштарӣ ҳисобкунаки барқӣ надорад, ки ин нишондод 10 фоизи аҳолиро ташкил медиҳад. Талафот 17,2 фоиз, яъне 2 миллиарду 700 миллион сомонӣ мебошад, - иброз намуд Рустам Раҳматзода ва афзуд, ки дар ҷаласаи ҳукуматӣ аз масъалаҳои зикршуда нигаронӣ намуда, тавсияи ҳарчи зудтар бартараф намудани ин мушкилотро доданд. Аз ин ҷост, ки масъулони «Барқи тоҷик» соли 2015 - ро соли «Ҳисобкунакҳои барқӣ» эълон карданд, ки  ҳадаф аз ин иқдом паст кардани талафоти неруи барқ ва таъмини пураи аҳолӣ бо ҳисобкунакҳои барқист.
Зикр бояд кард, ки ҳамасола беш аз 100 ҳазор ҳисобкунаки барқӣ аз санҷиши озмоишгоҳи махсуси ширкат мегузарад, зеро ҳангоми хизмати чандсола онҳо фарсуда гашта, аз нав ба таъмир эҳтиёҷ доранд. 
 

О. ГУЛБЕРДИЕВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.01.15    №: 21    Мутолиа карданд: 14990
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед