logo

ҳукумат

НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲО ТАСДИҚ ВА ҚАРОРҲОИ ДАХЛДОР ҚАБУЛ ШУД

30 январи соли равон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар оғози маҷлис Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 зикр гардидаанд, тасдиқ карда шуд.
Нақшаи мазкур аз 74 банд иборат буда, дар он, аз ҷумла доир ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои идоравӣ барои омӯзиш ва иҷрои нишондодҳои Паём, Соли оила эълон намудани соли 2015, таъсиси институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва чорабиниҳои зиёд барои коҳиш додани таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла тавассути афзун намудани истеҳсолоти ватанӣ ва иқтидори содиротии кишвар ва муҳайёсозии беш аз 200 ҳазор ҷойҳои нави корӣ дар соли равон пешбинӣ шудаанд.
Сипас ҳайати Кумитаи тадорукот оид ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳо оид ба истиқболи ин санаи фархундаи таърихӣ, ки қариб аз 200 банд иборат аст, тасдиқ гардид.
Таъкид шуд, ки 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бояд бо дастовардҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ истиқбол гардад.
Роҳбарияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда шуданд, ки корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободонии муҳити зист, бунёди корхонаю муассисаҳои истеҳсолӣ ва афзун намудани ҷойҳои кориро вусъат бахшида, рушди босуботу бонизоми иҷтимоию иқтисодии кишварро таъмин намоянд.
Як зумра чорабиниҳои муҳими дигар доир ба тарғибу ташвиқи арзишҳои воло ва муқаддасоти таърихию фарҳангӣ, тарбияи ҳисси хештаншиносӣ ва ифтихору сарфарозӣ аз давлатдории миллӣ ва баланд бардоштани масъулияти ватандории насли ҷавони кишвар дар назар аст. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ” маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Доир ба як қатор масъалаҳои дигар низ қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.01/15    №: 22    Мутолиа карданд: 14948
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед