logo

маориф

РОҲБАРОНИ БЕМАСЪУЛИЯТ

Чунин буд бардошти масъули Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Дар чиллаи зимистон бархе аз макотиби ноҳияи Вахш ба мушкилоти норасоӣ ва ҳатто надоштани ангишт, ҳезум, сӯзишвории дизелӣ ва дар ҳолати шикаста боқӣ мондани шишаи тирезаи синфхонаҳо мувоҷеҳ гардиданд, ки ислоҳ нашуданашон сифати дарсҳо ва сиҳатмандии хонандагону омӯзгоронро зери суол хоҳад гузошт.
Ин дар ҳолест, ки Ҳукумати кишвар чун солҳои пеш моҳҳо қабл аз вуруди айёми бориш ва сардӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахшро дар радифи дигар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муваззаф намуд, то барои зимистонгузаронии соҳаи маориф маблағи кофӣ ихтисос бидиҳад.
Дар истинод ба маълумотномае, ки аз Раёсати маорифи вилояти Хатлон ба мо ироа гардид, ҳанӯз 16-уми октябри соли 2014 нақшаи насби шишаи тирезаҳо дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Вахш гӯё 100 дарсад иҷро гардидааст. Аммо, мутаассифона, воқеият дигар будааст. Биноан, иттилоъ дар хусуси он, ки мактабҳои рақами 8 ва 21-и ноҳия ба зимистон омодагӣ надидаанд, моро нахуст ҷониби мактаби рақами 8 роҳнамун сохт. Зимнан, фақат барои инъикоси нуқси тирезаҳо зарур омад, то 70 акс бардошта шавад. Ва муболиға нахоҳад шуд, агар гӯем, ки дар ҳоли идомаи аксбардорӣ ҳисоби шишаҳои шикаста аз 70 ҳам хеле фаротар мерафт. Дар баъзе тирезаҳо шишаҳо шикаста, роғҳои хурду бузург дар чӯби тирезаҳо ҷой доштанд. Аммо ягон тиреза бо плёнка рӯкаш нашуда буд, то даруни бино аз сардии ҳавою вазиши бод эмин монад. Деворҳои ҷо - ҷо рехта, фаршҳои шикаста, сақфи андовааш афтида, дарҳои корношоям ва шифти куҳна аз камбудиҳои дигари мактаб маҳсуб ёфта, бинои устохонааш ҳушдор медод, ки «имрӯз ё фардо фуру меравам». 
Вазъи мактаби рақами 21 низ чунин буд. Дар 50 дарсади тирезаҳо як шиша мавҷуд набуд, шиша шикаста буд ё роғе дошт. Деворҳои рехта, фаршҳои рӯйкашашон дарида, дарҳои пурроғу курсиҳои шикаста аз камбудиҳое буданд, ки ҳар лаҳза чашмро «мехарошиданд». 90 дарсади тирезаҳои бешиша бо матои шаффофи синтетикӣ маҳкам набуданд.
Чаро мактаб то ба ин ҳад валангор шудааст? Резмон Амонуллоев, сарвари муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8, гуфт, ки дар соли 2014 аз 60 ҳазор сомонии барои таъмир хостааш ягон дирамашро нагирифтааст. «Аз ҳисоби падару модарон 7 ҳазор сомонӣ ҷамъ намуда, онро ба таъмир, аз ҷумла 400 сомониашро барои шишабандӣ сарф намудем, ки ин басанда набуд. Чунки ба ҷуз як бинои навсохт, се бинои дигари мактаб солҳои 1954-1955 сохта шуда, ниҳоят куҳнаанд. Ва азбаски бом фарсуда шудааст, ҳарчанд андова кардем, чакидани обро боз дошта натавонистем. Соли 2013 низ аз 40 ҳазор сомонӣ дираме нарасида буд».
Ҷамшед Абдуллоев, сарвари муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21, изҳор кард, ки маблағҳо барои сохтмони 12 синфхонаи иловагӣ сарф шуданд ва барои таъмир пул нарасид. Омӯзгорону волидон 2 ҳазору 600 сомонӣ ғун намуда, ба таъмир харҷ карданд, ки он низ ба дарди мо нахӯрд. Зеро 2 бинои мактаб аз соли 1954-и қарни гузашта мерос мондааст».
Қобилҷон Ризоев, иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати молияи ноҳия, гуфт, ки соли рафта имкониятҳои молиявӣ маҳдуд буданд. Барои 61 мактаб ба ҷои 1 миллиону 160 ҳазор сомонӣ ҳамагӣ 547 ҳазор сомонӣ ихтисос дода тавонистему бас, ки ин фақат барои таъмири ҷории иншоот кифоят кард. Биноҳои мактаби рақами 21 аз ҳисоби падару модарон бояд таъмир мегардиданд. Ба мактаби рақами 8 баҳри таъмир 10 ҳазор сомонӣ пардохт гашт, ки онро тавассути «Супоришномаи пулии №60» аз 7 ноябри соли 2014 ширкати паймонкор - «Евроазия-2013» гирифта буд.
Резмон Амонуллоев тазаккур дод, ки ин маблағро барои зимистонгузаронӣ гирифтааст, на таъмир.
Дар мактаби рақами 8 дар шароити вазнини таълимие, ки зикраш рафт, дар роҳравҳо 5 камераи мушоҳидавӣ бо харҷи 4 ҳазор сомонӣ насб гардидааст, ки сарчашмаи молиявияшон маълум нест.
Дар ин росто, Қудратулло Абдуллоев, мудири шуъбаи маориф ва Фариштамоҳ Зоҳидова, муовини раиси ноҳия, вуҷуди ноҷӯриҳоро дар мактабҳои мазкур тасдиқ карда, гуфтанд, ки соли гузашта 50 дарсади мактабҳои ноҳия бо сабаби иҷро нашудани андоз аз буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ нашуданд.
Ҷаббор Абдураҳимов, сардори шуъбаи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, иброз дошт, ки барои шишабандӣ нашудан ягон чиз баҳона шуда наметавонад. “Ман аз таҷриба медонам, ки бисёр падару модарон худашон синфхонаҳои иловагӣ сохтаанд. Вале, агар чунин камбудӣ ҷой дошта бошад, вой бар ҳоли роҳбарони бемасъулият! Ростӣ, ман дар ҳайрат афтодаам», - афзуд ӯ.

Кӣ ғамхортар: волидон ё мақомоти маҳаллӣ?
Масъулони Раёсати маорифи вилояти Хатлон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш, шуъбаи маориф ва раёсати молия бар ин назаранд, ки мактабҳо ба фасли зимистон пурра омодаанд. Дар ин хусус дар маълумотномаи Раёсати маорифи вилоят низ омадааст, ки захираи ангишт ва ҳезум дар ноҳияи Вахш 100 дарсад таъмин аст.
Ҳалим Зоиров, сармутахассиси Раёсати маорифи вилояти Хатлон, нафаре, ки масъулияти назорати зимистонгузарониро ба зимма дорад, ироа дошт, ки: «Имсол дар масъалаи зимистонгузаронӣ дар мактабҳои ноҳияи Вахш санҷиш нагузарондаам”.
Қудратулло Абдуллоев, мудири шуъбаи маорифи ноҳия, зикр кард, ки дар муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ ва асосии ноҳия маъракаи зимистонгузаронӣ хуб ба роҳ монда шудааст.
– Дар соли таҳсили 2014-2015 барои зимистонгузаронии соҳаи маориф 320 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда буд, ки он пурра ба 61 мактаб пардохт гардид, - баён намуд Қобилҷон Ризоев, иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати молияи ноҳия. - Зиёдтарин маблағе, ки бо ин мақсад ба мактабҳо дода шудааст, 20 ҳазор сомонӣ ва камтаринаш 2500 сомонӣ мебошад.
Вақте ки мо аз мактаби рақами 64 дидан кардем, аз ангишту ҳезум нишоне наёфтем, муовини директор Душанбой Ҷӯрақулов гуфт, ки 600 кило ангишти порсола доштанд, ки тамом шуд.
Мирзомурод Хоҷаев, сарвари мактаби рақами 53, гуфт, ки барои зимистонгузаронӣ маблағ нагирифт, аммо таъкид кард, ки ба ҳар сурат синфхонаҳо гарманд. «Мо бо ёрии халқ мактабро бо ҳезуму тапак таъмин кардем. Зеро ду-се дафъа аз масъулини ноҳия хоҳиш карда бошем ҳам, «имрӯз ангишт медиҳем, пагоҳ медиҳем» гуфта надоданд», - афзуд мавсуф.
Муассисаҳои таълимии рақамҳои 27, 31, 44 ва 58 низ пас аз дарёфт накардани маблағ аз буҷети маҳаллӣ ин мушкилро бо туфайли дастгирии волидон ҳал намуданд. Тағойбек Олимов, сарвари мактаби рақами 58, чунин гуфт: «Падару модарон ба фарзандонашон ғамхортаранд, нисбат ба мақомоти маҳаллӣ бо онҳо ҳамкорӣ кардан осонтар аст».
Бобо Маллаев, сокини деҳоти «Машъал»-и ноҳияи Вахш, гуфт, ки набераҳояш дар мактаби рақами 31 таҳсил доранд ва ҳар рӯз вақти ба мактаб рафтан аз хона якчӯбӣ мебаранд, то таҳсил қатъ нагардад.
Аз суҳбат бо мутасаддиёни мактабҳои рақамҳои 8, 21, 74, 81 аён гардид, ки ангишту ҳезум доштаанд, лекин кам.
Дар робита ба ин Ҷамшед Абдуллоев, сарвари муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21, изҳор дошт, ки аз буҷети маҳаллӣ барои гармсозии синфхонаҳо маблағ ихтисос наёфт, вале аз мактаби дигаре тавонист ангишт дастрас намояд. “Ҳадди ақал боз 8,5 тонна ангишт зарур аст. Бинобар ин, мо маҷбурем ангишти доштаамонро хеле сарфа намоем. Зеро маълум нест, ки боз ангишт гирифта метавонем ё не”, - афзуд ӯ.

Компютер ва сӯзишворӣ
Дар доираи омодагӣ ба тирамоҳу зимистон дар ноҳияи Вахш барои баргузории дарсҳои компютерӣ беш аз 20 генератор ва 2500 литр сӯзишвории дизелӣ қобили истифода буда, ҳамзамон, аз 64 муассисаи таълимӣ 8-тояш ба хати барқи озод пайваст будааст. Барои қиёс, дар ноҳияи Ҷиликӯл 69 генератор ва 8200 литр сӯзишвории дизелӣ фароҳам буда, 2 мактаб хати барқи озод доштааст. Ин иттилоъ аз маълумотномаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон гирифта шуд.
Мавриди зикр аст, ки хариди сӯзишворӣ низ аз маблағи барои зимистонгузаронӣ ҷудошаванда амалӣ мегардад. Ва бисёр мактабҳо ба норасоии сӯзишвории дизелӣ низ гирифторанд. Мактабҳои рақамҳои 21, 64 ва 81, ки ба хати барқи озод пайваст нестанд, барои зимистонгузаронӣ аз буҷети маҳаллӣ маблағе нагирифтаанд.
“Генераторро аз кадом ҳисоб гардон мекунед?”, - пурсидам аз Ҷамшед Абдуллоев, Бекмурод Қурбонов ва Душанбой Ҷӯрақулов. Посухҳо мухталиф буданд.
Якумӣ гуфт: “Сӯзишвориро аз ҳисоби худам мехарам. Талабагон бояд дарс хонанд”.
Дувумӣ гуфт: “Хонандаҳо меоранд”.
Савумӣ гуфт: “Намедонам”.

Ҳикмате аз Паём
“...Пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии мустақим дорад”, - омадааст дар Паёми ҷадиди Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳикмати нуктаи мазкур ин аст, ки мактабҳо ободу муҷаҳҳаз бошанд, сифати таълим беҳ бошад, дараҷаи саводнокии хонандагон нек бошад, камбуди неруҳои зеҳнию мутахассисони моҳир аз байн меравад ва Тоҷикистон ба дилхоҳ арсаи ҷаҳонӣ бо ғояву ихтироот ва тавлидоти рақобатпазир ворид мегардад. Лек барои расидан ба ин ҳадафи саодатбор ташаккули бемайлони соҳаи маориф дар сартосари мамлакат ҳатмист. Биноан, бисёр муҳим аст, то масъулони ноҳияи Вахш низ аз ин ҳидояти фозилона зимни амалкарди хеш бо мактабу маориф бо завқи том кор бигиранд.

Зокир ҲАСАН,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.02.2015    №: 25    Мутолиа карданд: 1669
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед