logo

сафарҳо

Сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Муғулистон

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Муғулистон заминаи мӯътамади сиёсӣ ва қарордодию ҳуқуқӣ миёни ду кишвари дӯст, ки дар арсаи минтақа ва ҷаҳон манфиату вижагиҳои зиёди умумӣ доранд, муҳайё намуд.
Ин хулоса дар ҷараёни гуфтушуниду мулоқотҳои дуҷониба ва нишасти матбуотии оростаи сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Намбарин Энхбаяр ба таври возеҳу равшан баён гашт.

Рафти ин сафарро ба тартиби хронологӣ инъикос намуда, бояд иттилоъ дод, ки дар роҳи Муғулистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоххоти музофоти мухтори Муғулистони дохилии Ҷумҳурии Мардумии Чин таваққуфи кӯтоҳмуддат намуд.
Дар фурудгоҳи ин шаҳр Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шаҳрдори Хоххот Тан Айчжун мулоқот намуда, оид ба имконоти васеи ҳамкорӣ, ки миёни Тоҷикистон ва ин минтақаи беканори  Ҷумҳурии Мардумии Чин мавҷуд аст, гуфтугӯйи судманд анҷом дод.
Ҳар ду ҷониб ба қарор омад, ки сохторҳои дахлдори сатҳи давлатӣ ва минтақавии Тоҷикистон бо ин музофоти давлати Чин ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои истеҳсол ва коркарди алюминий, маҳсулоти чорво ва дигар бахшҳои кишоварзиро ба роҳ монанд.
Ба фурудгоҳи байналмилалии пойтахти Муғулистон – шаҳри Улан-Батор Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоми 26 март фуруд омад.
Дар фурудгоҳ Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро тибқи муқаррароти сафарҳои давлатӣ ва бо ифодаи эҳтиром гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Мулоқоту гуфтушунидҳои расмӣ субҳи 27 март оғоз ёфтанд.
Маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ дар назди Қасри Давлатии Муғулистон баргузор гашт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон        Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Муғулистон Намбарин Энхбаяр истиқбол гирифт.
Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи горди ифтихорӣ, садо додани сурудҳои миллии ду давлат, эҳтиром овардан ҷониби парчамҳои давлатии ду кишвар, гузаштан аз назди ҷузъу томҳои низомӣ ва арзи салом ба сарбозон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб ҷараён гирифт.
Сипас мулоқоти хосаи сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Намбарин Энхбаяр баргузор гашт.
«Мо омодаем, ки ҳамгироии минбаъдаи худро бо дӯстони муғулистонӣ дар чаҳорчӯби муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ густариш диҳем», - изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Ягонагӣ ва ё наздикии мавқеъҳои ду давлат доир ба масоили асосии муносибатҳои минтақавию байналмилалӣ заминаи хуб барои рушди робитаҳои гуногунҷанба маънидод гардид.
Ба густариши ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла дар самтҳои нақлиёту коммуникатсия, энергетика ва мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир шуд.
Густариши робитаҳо дар соҳаҳои  саноати кӯҳӣ, чорводорӣ, захира ва коркарди саноатии гӯшту шир ва пашму пӯст ва равобити илмию фарҳангӣ   аз самтҳои асосии ҳамкории ду кишвар арзёбӣ шуд.
Миёни ду кишвар таъсис додани комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ зарур шумурда шуд.
Эмомалӣ Раҳмон Намбарин Энхбаярро даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад.
Масоили таҳкиму густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар гуфтушуниди расмӣ бо иштироки ҳайатҳои ҳар ду ҷониб ба таври муфассал баррасӣ шуданд.
Баъди музокироти расмӣ бо иштирок ва дар ҳузури сарони ду давлат як зумра санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расид.
Зери Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Муғулистон оид ба принсипҳои асосии муносибатҳои ду кишвар сарони давлатҳо - Эмомалӣ Раҳмон ва Намбарин Энхбаяр имзо гузоштанд.
Ҳамчунин ба имзо расид:
- Cозишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ;
- Созишнома  миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ;
- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи байторӣ;
- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи карантин ва ҳифзи растаниҳо.
 Дар охир сарони ду давлат -  Эмомалӣ    Раҳмон ва Намбарин Энхбаяр нишасти матбуотӣ ороста, аз натиҷаи мулоқотҳои расмӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.
«Мо барои рушди воқеии ҳамкориҳои дуҷониба  заминаи  кофии қарордодӣ-ҳуқуқӣ муҳайё  намудем», - баён дошт Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва изҳори боварӣ намуд, ки натиҷаҳои  сафари давлатии ӯ, аз ҷумла санадҳои имзошуда, барои густариши ҳамкориҳои ба ҳар ду ҷониб судбахш роҳи васеъ мекушоянд.
Ба гуфти Намбарин Энхбаяр, Тоҷикистону Муғулистон дар баробари ҳамкориҳои гуногунсоҳаи дуҷониба метавонанд дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ҳамгироии густурдаи сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангӣ дошта бошанд. 
Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо муовини раиси Хурали Давлатии Бузурги (Порлумони) Муғулистон Энхболт ва муовини якуми сарвазири он Алтан Ҳуяк мулоқот намуд.
Бо ҳамин барномаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Муғулистон ба поён расид ва нимаи дуюми рӯзи 27 март ӯ аз шаҳри Улан-Батор ба Ватан омад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3287
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед