номаҳо
Мақола
мавриди баррасӣ
қарор гирифт
Дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз 10 феврали соли 2009, №21 (21528) Н. Худойбахшов мақолаи ҷолиберо зери унвони «Кӯлоб: корхонаҳо пуриқтидору самараи кор ночиз» ба табъ расонидааст.
Дар мақола муаллиф атрофи масъалаҳои мубрами соҳа изҳори ақида кардааст. Дар ҳақиқат ҳоло дар фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳр камбудиҳо мавҷуданд. Вале мақомоти марбута аз онҳо огоҳ мебошанд. Он гуна ки худи Н. Худойбахшов аз гуфтаҳои вакилон иқтибос меорад, паҳлӯҳои алоҳидаи ин масъала зери санҷиши пайвастаи гурӯҳҳои вакилӣ, комиссияҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр қарор доранд ва дар машваратҳои назди раиси шаҳру иҷлосияҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳр мунтазам мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Вобаста ба масъалаҳои муҳокимашуда нақшаи чорабиниҳо таҳия ва бо қарори мақомоти номбурда ба тасвиб мерасанд. Ин чорабиниҳо зери назорати доимии мутасаддиён буда, ба тадриҷ амалӣ мешаванд.
Бо вуҷуди ин, мақола дар ҳузури раиси шаҳр бо иштироки соҳибмулкону масъулони корхонаҳо рӯзи 24 феврали соли 2008 мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт ва ба онҳо баҳри ислоҳи вазъият дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд. Боварӣ дорем, ки онҳо аз мақолаи Н. Худойбахшов хулосаҳои даркорӣ бароварда, ҷиҳати истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ, рушди минбаъдаи соҳаи саноат кӯшиши бештаре ба харҷ медиҳанд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар навбати худ барои таъмини устувору бемайлони тараққиёти соҳа тамоми чораю тадбирҳои заруриро андешидаву амалӣ хоҳад кард.
Ҳ. АБДУЛЛОЕВ,
раиси шаҳри Кӯлоб
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3172