logo

мулоқотҳо

МУБОДИЛАИ СУДМАНДИ АФКОР СУРАТ ГИРИФТ

10 феврал Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаевро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омадааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвари ҳамсоя, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсат, амнияти минтақавӣ, иқтисод, тиҷорат ва илму фарҳанг баррасӣ шуданд.
Ба масоили вобаста ба муайянсозӣ ва аломатгузории хати сарҳади миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар қитъаҳои баҳснок таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Дар ин робита атрофи лоиҳаи созишномаи дуҷониба доир ба таҳкими чораҳои боварӣ дар сарҳади миёни ду кишвар мубодилаи судманди афкор сурат гирифт.
Ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба идомаи ҳамкорӣ дар ин самт ва пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои иғвоангез таъйид намуданд.
Таъкид гардид, ки шарикии боэътимоди Тоҷикистону Қирғизистон доир ба ҳалли мушкилоти гуногуни минтақавӣ, аз ҷумла доир ба истифодаи босамар аз захираҳои обию энергетикӣ, нақлиётию транзитӣ ва иқтисодию тиҷоратӣ ба нафъи ду мардуми дӯсту ҳамсоя бояд идома ёбад ва ҳамсоягии накуи мо қавию бардавом бошад.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.02.2015    №: 31    Мутолиа карданд: 1173
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед