logo

маориф

CУҒД: МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ ТАВАҶҶУҲ МЕХОҲАНД

…Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки бо ҷалби имкониятҳои созмонҳои ғайриҳукуматӣ, бахши хусусӣ ва шахсони эҳсонкор доир ба таъсиси шаклҳои алтернативии муассисаҳои томактабӣ, таъмиру таҷдид ва таҷҳизонидани онҳо тадбирҳои муассир андешанд.
Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23. 01. 2015.

Агар бо дарназардошти чунин талаботи Президенти мамлакат ба вазъи кунунии муассисаҳои томактабии вилояти Суғд  нигарем,  рӯшан хоҳад шуд, ки ба истиснои ҳамагӣ чанд кӯдакистони нави мувофиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ бунёд ёфта,  дигар аксаран ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй намебошанд ва парваришу таълими кӯдакон мувофиқ ба матлаб нест. Аз миқдори умумии 229 муассисаҳои таҳсилоти томактабии вилоят аксар таъмирталабу садамавианд ва қисме хусусӣ гардонида шуданд.
Тибқи иттилои Сайфулло Раҳматов, муовини сардори Раёсати маорифи вилоят, фарогирии кӯдакон дар қаламрави Суғд ба муассисаҳои томактабӣ ҳамагӣ  36 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки  ин  аз 12 то 16 дарсад баробар асту солҳои охир ин рақам тағйир намеёбад, ки воқеан ҳам боиси нигаронист. Ҳамин аст, ки феълан мутобиқ ба маълумоти расмии раёсати мазкур дар шаҳру навоҳии Суғд наздики 10 ҳазор нафар кӯдакон ҷиҳати фарогирӣ ба муассисаҳои томактабӣ ба навбат номнавис шудаанд. Боз садҳо волидайн  ҳанӯз ба муассисаҳои томактабӣ муроҷиат накардаанд. Аммо мушоҳидаҳо аз ҷараёни таълим дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бозгӯӣ доранд, ки дар асл миқдори ниёзмандон ба кӯдакистон 1,5 то 2 маротиба афзунтар мебошад. Ин вазъият дар иртибот ба ҷойгир кардани фарзандон ба муассисаҳои томактабӣ  муҳити фасод (коррупсия) - ро тавлид кардаасту бо вуҷуди гӯиё набудани ҷой, ҳамзамон бо гирифтани подоши муайян ( аз 400 то 1000 сомонӣ) вобаста ба мавқеи ҷойгиршавии кӯдакистонҳо фарзанди худро ҷой кардан имконпазир аст. Вагарна, ду - се сол навбатро бояд мунтазир шуд.
Он чиз мусаллам аст, ки дар шароити низоми бозаргонӣ дар баробари  таваҷҷуҳи ҳарчи бештари давлату Ҳукумат ба соҳаи маориф, маблағгузории ҳамасола тамоюли афзуншавӣ дошта ҷиҳати ҳаллу фасли комили масъалаи муассисаҳои томактабӣ чун омили муҳими рушди минбаъдаи муассисаҳои таҳсилотӣ иқдомҳои назаррас гузошт. Ҳамон тавре ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Паём таъкид дошт, вақти он расидааст, ки истифода аз таҷрибаи кишварҳои дигар аз манфиат холӣ нахоҳад буд, имкониятҳои ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва, албатта, соҳибкорони маҳаллиро дар бунёди кӯдакистонҳо бояд истифода бурд. Солҳои охир ин таҷриба дар вилояти Суғд ба мушоҳида мерасад, вале ҷавобгӯй ба талаботи давр нест.
Ҳоло теъдоди кӯдакистонҳои хусусӣ дар вилоят ба 23 адад расида бошад ҳам, ин раванд хеле суст ҷараён мегирад. Зиёда аз ин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ҷудо кардани қитъаи замин бо пеш овардани баҳонаҳои беасос монеа эҷод месозанд. Шояд баъди ироаи дастуру супоришҳои Сарвари давлат ба масъулони мақомоти давлатӣ вазъият дар ин самт беҳбудӣ ёбад. Зарур аст, ки кӯдакистони  хусусӣ танҳо ба ном кӯдакистон набуда комилан бархурдор аз ҳамаи талабот ва шароитҳоеро, ки рисолаташ тақозо дорад, бошад. Кӯдакистон танҳо барои сарҷамъиву ғизохӯрӣ набуда, қабл аз ҳама макони тарбия, таълим, олами афсонавӣ барои тифлакон аст, ҳамзамон бо мутахассисони варзида: аз мураббии соҳибистеъдод то равоншиносу табиби кӯдакон таъмин бошад. Зеро имрӯз баъзе кӯдакистонҳо, аз ҷумла хусусӣ, фаъолияти  худро танҳо дар сарҷамъ кардану ғизо додани кӯдакон медонанд.
Дар аксари навоҳии вилоят, дар деҳот чунин ҳолатҳоеро ҳам дучор омадан мумкин аст, ки он кӯдакистонҳои дар тавозуни собиқ хоҷагиҳои ҷамоавӣ (колхоз) ва хоҷагиҳои давлатӣ (совхоз), ташкилоту корхонаҳо ё хусусӣ шуда, самти фаъолияташонро дигар кардаанд ва ё умуман  корношояму садамавӣ буда фаъол нестанд. Масалан, дар шаҳраки Адрасмон, ки  наздик 200 нафар кӯдакон ба боғча ниёз доранд, кӯдакистони корхонаи маъдантозакунии «Адрасмон» чун идораи маъмурӣ истифода мешавад. Имрӯз аз теъдоди зиёди чунин кӯдакистонҳои корхонаву ташкилотҳо танҳо 16 - тоаш  фарогири кӯдакон мебошаду бас.
Самти дигари фаъолияти кӯдакистон тарбия ва таълим мебошад, зеро ҳадаф аз таъсиси муассисаҳо дар баробари инкишофи ҷисмонӣ, омодагии бачаҳо ба таълим, шинос кардани онҳо бо қаламу дафтар, китоб, тарзи навиштану хондан аст, ки ҳатман бояд ин рисолат пайгирӣ шавад. Бояд кӯдакистонҳо бо кормандону мураббиҳои соҳибмаълумот таъмин бошанд, зеро гузорандаи нахустин хишти тарбияву хонишу дониш онҳоянд. Дар вилоят зиёда аз 2700   мураббиён ба таълиму тарбияи кӯдакон машғул бошанд ҳам, теъдоди муайяни онҳо соҳибтахассус нестанд. Чандин бор дар ҷараёни сафари эҷодӣ ба шаҳру навоҳии вилоят ҳангоми дидан аз  ҷараёни фаъолияти муассисаҳои томактабӣ ба чашм мерасанд, ки тарбиятгирандагон бештари вақти худро назди оинаи нилгун бо дидани филмҳои тасвирӣ ва ё барномаи мусиқӣ мегузаронанд.
Барои тифлакон бозиҳои гуногуни мазмундор аз ҳама муҳим арзёбӣ мешаваду ба воситаи маҳз ҳамин бозиҳои рангоранг аз наздик ба дунёи калонсолон ворид мешаванд, сиёҳу сафед, талхиву ширинӣ, афтодану хестанро мефаҳманду ҳисси кунҷковиашон зиёдтар мегардад.

  Ҷовиди АШТӢ,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.02.2015    №: 34    Мутолиа карданд: 1451
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед