номаҳо
Мутахассиси барқ
наёфтем...
Қариб аксар сӯхторҳоро мутахассисон аз барқ ҳисобидаанд. Албатта, пас аз сӯхтор масъулон соҳибони хонаҳоро гунаҳгор мекунанду ҷарима мебанданд ва эълон медоранд, ки он аз хунукназарияшон сар задааст. Аммо бояд бигӯям, ки дар хонаи мо чандин лаҳзаҳои ногувор шабона рух доданд. Яъне симҳои барқ ба ҳам расиданду шарора рехт. Мо надонистем, ки ба кӣ, ба куҷо муроҷиат намоем. Дар чандин хонаҳои гирду атроф як мутахассиси соҳаи барқ набуд. Ва ҳам онҳо дар он нимашабӣ ба ёрии мо намеомаданд.
Барои даъвати сӯхторхомӯшкунҳо, милитсия, ёрии таъҷилӣ рақамҳои маъмулу муайян вуҷуд доранд, ки дар мавридҳои зарурӣ бо даъват аз хидмати онҳо зуд баҳравар шудан мумкин аст. Пас чаро барои ба ёрӣ хостани мутахассиси барқ масъулон марказе таъсис намедиҳанд? То ба кай ба ҳар нафаре, ки дар бозор даъвои барқгарӣ мекунад, муроҷиат намоем? Ва, албатта, натиҷаи кори ғайримутахассис ба сӯхтор оварда мерасонад. Бадбахтона, аз ин дигарон низ зарар мебинанд. Охир, чаро илоҷи воқеаро пеш аз вуқӯъ наёбем?
Гулчеҳра САЙФИДДИНОВА,
донишҷӯи ДМТ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3156