номаҳо
Ҳамаи навиштаҳо ба забони русист
Ҳафтае як маротиба ба ҳаммом меравам, ба ҳаммоме, ки бароям писанд аст. Он дар канори таваллудхонаи рақами 3 – и шаҳри Душанбе воқеъ мебошад. Хидматрасонӣ дар сатҳи баланд қарор дорад. Буғи хушки он, фикр мекунам, ки ба чандин дард давост. Муштариёни ин даргоҳ зиёданд. Аммо тамоми навиштаҳо дар ҳаммоми мазкур бо забони русист, дар ҳоле ки ягон муштарияш русзабон нест ва ҳамаи кормандонаш низ тоҷиканду ба ин забон сухан мекунанд. Пас ин навиштаҳои бо забони ғайр ба чӣ хотир аст? Тибқи қонун дар кишвар ҳамаи навиштаҳо, эълонҳо нахуст ба забони давлатӣ пешкаши мардум бояд бигардад. Дар ин сурат амали мазкур беэҳтиромӣ ба қонун аст ё чизи дигар? Чунин мепиндорам, ки баъд аз нашри нома дар гӯшаи «Розу ниёз» масъулон ба ин ҷиҳати масъала таваҷҷуҳ менамоянд ва камбудии мавҷударо рафъ мекунанд. Охир ифтихори ватандорӣ ба эҳтироми забони давлатӣ низ сахт марбут аст.
Д. АМИНОВ, шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.02.2015 №: 35 Мутолиа карданд: 1192