номаҳо
Михаил
Калонтаров
сафедро
сиёҳ мегӯяд
Дар сайти «Цетр Азия» рӯзи 26 марти соли 2009 пайдо шудани мақолаи пур аз ғараз ва иғвогаронаи Михаил Калонтаров (аҷабе нест, ки ном бофта бошад) бо номи «Бюджет разрушенных надежд. Таджикские трудовые мигранты не хотят возвращаться на родину», ки аз сайти Tajmigrant.com гирифта шудааст, боиси қаҳру ғазаби ман шуд. Аввалан, оддитарин хонандаи ин мақола мефаҳмад, ки мақсад аз он иғво ангехтан ва кӯшиши заифонаи паст задани шаъни кишвару миллати мост. Фактҳои сар то ба по дурӯғи мақола ва таҳлилҳои сар-сарӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки муаллиф аз шароити имрӯзаи зисту зиндагии мардуми мо огоҳ нест. Дурӯғи аз ҳама беҳаёонаи муаллиф он аст, ки гӯё бо ман ҳамсӯҳбат гаштааст ва ҳатто аз «гуфтаҳо»-и ман «иқтибос» овардааст.
Дар асл бошад, Худоро шукр, бо чунин ному насаб дӯсте надорам ва бо ягон Михаил Калонтаров ҳамсӯҳбат ҳам нашудаам. Ба эҳтимоли зиёд ному вазифаи маро аз ягон сомонаи интернетӣ гирифта, мавриди «истифода» қарор додааст. Аслан, ӯ бо як тир ду нахчир ба ҳадаф гирифта буд: ҳам мехост низоми ҷомеаи моро таҳриф кунад ва ҳам маро дар байни ҷомеаи кишвар сиёҳ намояд. Вале тираш хок хӯрд, зеро давлати мо сол ба сол ободтар ва сатҳи зиндагии мардум болотару беҳтар шуда истодааст, инчунин ҳар касе боре бо ман ҳамсӯҳбат гашта ё ягон матлабамро мутолиа намудааст, аниқ мефаҳмад, ки ман аз миллат, Ватан ва Президенти худ ифтихор дорам..
Калонтаровҳо бояд эҳсос кунанд, ки бо чунин «матолиб»-у чунин «услуб» дигар касеро ба ҳайрат оварда ва ба иштибоҳ андохта наметавонанд.
Нозир Ёдгорӣ,
сардори Умури матбуоти
ШСХК «Барқи тоҷик»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3135