номаҳо
«Бемуҳобо, бӯйи ҷон ояд ҳаме»…
Чандин сол пештар, яъне он гоҳ, ки ҷавон будам, ҳамроҳи нависандаи шинохтаи кишвар, устод Урун Кӯҳзод ба диёри Одамушшуаро сафар кардем. Пас аз зиёрати мақбараи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо мӯйсафедон, пирони рӯзгордида ҳамсӯҳбат гардидем. Мӯйсафеде аз он миён ёдовар шуд, ки пештар рӯи гӯри устод санге ва дар он санг байти зайл навишта шуда буд:
Рӯдакӣ, аз шеъри рӯҳафзои ту,
Бемуҳобо, бӯйи ҷон ояд ҳаме.
Аммо сел ин сангро бурд.
Мутаассифона, дар ин хусус ҳеҷ кас нанавишт ва он сангу ин байт бори дигар барқарор нагардид. Хуб мешуд, ки агар масъулон сари иҷрои ин масъала меандешиданд ва ҳам ин далел дар ҷилдҳои минбаъдаи «Донишномаи Рӯдакӣ» роҳ меёфт.
Ҳоҷӣ Исмоил ПИРМУҲАММАДЗОДА,
ноҳияи Ҳисор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3125