logo

маориф

ДИДИ НАВ БА РУШДИ РОБИТАҲО

Нормат ҲАЙБАТОВ,
сармутахассиси шуъбаи робитаҳои хориҷии Донишкадаи
соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон

Бо ворид гардидани кишвари мо ба фазои ҷаҳонии таҳсилот дар пешбурди самараноки фаъолияти  муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дуруст ба роҳ мондани робитаҳои гуногунҷабҳа бо донишгоҳу донишкадаҳо, созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва марказҳои илмӣ - тадқиқотии ватанию хориҷӣ хеле муҳим аст.
Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.  Қисми илм ва робитаҳои хориҷӣ дар асоси дастуру супоришҳои  Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  низомнома ва нақшаи кории донишкада,  супоришҳои мақомоти марбутаи Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати маориф ва илм, ректори донишкада амал намуда, пайваста талош меварзад, ки  шарикони ҳамкори худро зиёд ва самаранокии робитаҳоро афзун намояд. Ҳамин аст, ки танҳо дар як соли охир донишкада бо 10 донишгоҳу донишкада ва марказҳои илмӣ - тадқиқотии ватанӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, кишварҳои Чин, Федератсияи Русия, Қазоқистон, Қирғизистон  ва Украина қарордодҳои ҳамкорӣ  ба имзо расонидааст. Ин дар тамоми давраи фаъолияти муассиса дастоварди беҳтарин ба шумор меравад. Зерсохторҳои донишкада низ дар заминаи ҳамкориҳои доимӣ ва иштироки шахсони алоҳидаи ҳайатҳои худ дар самти густариши робитаҳо дар соли 2014 корҳои зиёдеро сомон бахшидаанд. Масалан, кафедраҳои туризм, идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ, иқтисодиёти ҷаҳон ва бизнеси байналхалқӣ дар доираи ҳамкориҳо бо донишгоҳу донишкадаҳо, марказҳои илмӣ - тадқиқотии ватанӣ ва созмонҳои байналмилалӣ як қатор конфронсҳои илмӣ - амалии сатҳи байналмилалӣ баргузор намуданд, ки онҳо доираи васеи олимон ва муҳаққиқони соҳаҳои гуногунро фаро гирифта, як идда масоили рӯзмарраро мавриди баррасӣ қарор доданд. 
Бо дарназардошти вазъияти замони муосир иштирок дар лоиҳаҳои маблағгузоришавандаи ватанию байналмилалӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти донишкада ба шумор меравад.  Дар ин самт кафедраи туризм корро дар доираи барномаи Иттиҳоди Аврупо – Темпус аз рӯи лоиҳаи  «Ҳуҷҷатҳо барои таъмини сифати  барномаҳои таълимӣ» ба роҳ монда, ба масоили шиносоӣ бо стандартҳои таълимии аврупоӣ назорати дохилии макотиби олиро дар мисоли муассисаҳои олии шарикони лоиҳаи Темпус ва татбиқи онҳо дар донишгоҳу донишкадаҳои шарикони лоиҳа идома дода, аз ҳисоби лоиҳаи мазкур барои донишкада ба маблағи 8274 евро таҷҳизоти техникӣ харид кардааст.
Соли чорум аст, ки дар кафедраи туризм лоиҳаи “Роҳҳо ва усулҳои такмили тайёр кардани мутахассисони соҳаи туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ маблағгузорӣ  мешавад ва дар асоси он мутахассисон оид ба тайёр кардани маҳсулоти туристӣ, ташкилотчиёни саёҳат, тарҷумонҳои роҳбалад ва дастурдиҳандагони  хатсайрҳои кӯҳӣ омӯзонида мешаванд. Маҳз ба шарофати ҳамин    лоиҳа имрӯз кафедраи туризм дар масъалаи аз рӯи ихтисос бо ҷойи кор ва таҷрибаомӯзӣ таъмин намудани  донишҷӯён бо як қатор ташкилоту муассисаҳо, меҳмонхонаҳо ва ширкатҳои туристӣ  ҳамкориҳои густурда ба  роҳ мондааст. Имрӯз  аксари дастпарварони тахассусҳои кафедра дар меҳмонхонаҳои “Ҳаят Риҷенсӣ”, “Шератон”, “Серена”, “Тоҷикистон” (дар ш. Маскав),  Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахшҳои ҷавонон, варзиш ва  сайёҳии ноҳияҳои Варзобу Шаҳритус фаъолият доранд. Дар давраи таҷрибаомӯзӣ низ донишҷӯён ба меҳмонхонаву осоишгоҳҳо фиристода шуда, таҷрибаи касбӣ меомӯзанд.
Фаъолият дар доираи барномаи Иттиҳоди Аврупо - Темпус «Ташаббуси таҳсилоти олӣ дар соҳаи информатика дар Осиёи Марказӣ“ дар масоили мустаҳкам намудани пойгоҳи техникӣ ва методии таълим, дастрас намудани адабиёти замонавии таълимӣ, таъсис додани озмоишгоҳи муҳандисии компютерӣ, омӯзиши таҷрибаи шарикони лоиҳа, таҳияи модулҳои таълимӣ ва тарҷумаи онҳо ба забони давлатӣ бо роҳбарии дотсенти кафедраи низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт, Д. Шарапов бомуваффақият анҷом ёфт. Дар заминаи ин лоиҳа дар донишкада ихтисосҳои “Бехатарии иттилоотӣ” ва “Муҳандисии компютерӣ” таъсис дода шуд. Ба ғайр аз ин, дар доираи лоиҳаи мазкур ба донишкада бо маблағи 21993,05 евро ҷиҳати таъсис додани озмоишгоҳи муҳандисии компютерӣ 20 адад компютери замонавӣ ва таҷҳизоти навтарини шабакавӣ, сервер,  30 адад дастгоҳи FPGA бо маблағи 2050 доллар ва адабиёти тахассусӣ   ба  маблағи 4000 евро ворид гардидаанд.
Аз моҳи декабри  соли 2013 донишкада ба Барномаи Иттиҳоди Аврупо - Темпус,  дар доираи лоиҳаи «Рушд ва такмили иқтидори идоракунии донишгоҳ доир ба масоили робитаҳои байналмилалӣ” ба ҳайси шарик  пазируфта шуд. Ҳамин тавр,  имконият ба вуҷуд омад, ки тӯли солҳои 2014 - 2016 таҷрибаи шарикони лоиҳаро аз кишварҳои гуногуни дунё доир ба масоили гуногуни робитаҳои хориҷии макотиби таҳсилоти олӣ омӯхта, сатҳу сифати самти робитаҳои хориҷии донишкадаро вобаста ба меъёрҳои байналмилалӣ  куллан беҳтар намоем.
Яке аз масъалаҳои дигаре, ки вобаста ба рушди робитаҳо ҳалли худро тақозо менамояд, ба макотиби олии кишварҳои хориҷӣ фиристодани донишҷӯёну устодони донишкада мебошад. Дар ин самт бори нахуст нақшаи ба хориҷа барои коромӯзӣ ва таҳсил фиристодани устодону донишҷӯён барои солҳои 2015 - 2018 таҳия ва тасдиқ шудааст.
Доир намудани вохӯрӣ ва суҳбатҳо бо донишҷӯёни хориҷӣ ва мусоидат намудан ба раванди батартибдарории ҳуҷҷатҳои будубоши онҳо дар мадди назари доимии роҳбарияти донишкада ва қисми илму робитаҳои хориҷӣ  қарор дорад. Имрӯз дар донишкада 8 нафар шаҳрванди хориҷӣ аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (4 нафар), як нафарӣ аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону  Туркманистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ИМА таҳсил доранд. Аз ҷониби кафедраҳои марбута барои ба таҳсил  ҷалб намудани теъдоди бештари шаҳрвандони хориҷӣ бо ин донишҷӯён корҳои мушаххаси таълимӣ ва тарбиявию тарғиботӣ  роҳандозӣ шудааст.
Вале, вобаста ба гузариш ба  низоми кредитии таҳсилот, ворид гардидан ба фазои ягонаи таҳсилот, мушкилоти рафтуомад ва гирифтани раводид зарурати тавассути онлайн (интернет) ба роҳ мондани қабули  шаҳрвандони хориҷӣ барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ба миён меояд. Ин имкон медиҳад, ки шаҳрвандони хориҷӣ бидуни сафар ба Тоҷикистон тавассути шабакаи умумиҷаҳонии интернет ба муассисаи таҳсилоти олии интихобкардаашон ҳуҷҷат ирсол намоянд, имтиҳон супоранд ва ба донишгоҳ қабул шаванд. Танҳо баъд аз ин масъалаи танзими раводид ба миён меояд, ки ҳам қулай ва ҳам камхарҷ мебошад. Барои ин, пеш аз ҳама бояд ҳуҷҷатҳои  ҳуқуқии зарурӣ таҳия ва қабул карда шаванд
Ҳамкориҳои илмӣ дар рушди робитаҳо нақши муассир доранд. Аз ин рӯ, соли 2014 устодону олимон дар конфронсу машваратҳо ва чорабиниҳои байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, қариб бо 70 маърӯза баромад карданд ва мақолаҳои илмии худро дар китобу маҷаллаҳои илмӣ ба нашр расониданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.02.2015    №: 36    Мутолиа карданд: 1502
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед