logo

президент

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ АМНИЯТ: ПРЕЗИДЕНТ БА РОҲБАРОН ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ МУШАХХАС ДОД

17 феврал таҳти раёсати Раиси Шӯрои амният, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Шӯрои амнияти кишвар баргузор гардид, ки дар он асосан масоили вобаста ба таъмини амнияти иқтисодӣ, мубориза бо коррупсия ва ҳифзи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ дар ин соҳа баррасӣ шуд. Дар кори маҷлис аъзои доимӣ ва аъзои Шӯрои амният, ҳайати роҳбарии Палатаи ҳисоб ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва як қатор вазорату идораҳои дигар иштирок намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон коррупсияро “кирдори хатарноки зиддидавлатӣ” номида, таъкид дошт, ки ин амали нангин обрӯйи давлатро дар дохил ва хориҷи кишвар коҳиш дода, асосҳои давлатдориро заиф менамояд. Аз ин хотир, таъкид гардид, ки мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ яке аз роҳҳои асосии таъмини амнияти иқтисодӣ ва умуман амнияти давлат аст. Барои татбиқи босамари сиёсати давлатӣ дар ин соҳа пурзӯр намудани интизоми молиявӣ, истифодаи босамар ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, роҳ надодан ба исрофкорӣ ва муборизаи беамон бо ҷинояткории коррупсионӣ зарур шумурда шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон коррупсияро дар баробари терроризму ифротгароӣ аз ҷумлаи мушкилоти глобалӣ номида, ба он муборизаи беамон эълон намуд. Таваҷҷуҳи зиёд ба пурзӯр намудани мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ дар тақсимоти ғайриқонунии замин барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ва ҳамчунин, дар таъйин ва пардохти нафақаҳои маъюбӣ зоҳир карда шуд.
Дастур дода шуд, ки барои пурра баргардондани маблағҳои зарари молиявии ошкоршуда чораҳои муассир амалӣ карда шаванд. Гузашта аз ин, супориш дода шуд, ки аз як модда ба моддаи дигари хароҷотӣ гузарондани маблағҳои буҷетӣ манъ карда шавад ва маблағҳои зиёдатии дар чунин моддаҳо боқимонда ба буҷети давлатӣ баргардонда шаванд.
Дар ҷараёни маҷлиси Шӯрои амният, ҳамчунин ҳисоботи роҳбарони Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва дигар сохторҳои марбута низ шунида шуд.
Зимни ҳисоботи раиси Палатаи ҳисоб Дилмурод Давлатзода, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дар ду соли фаъолияти ин сохтори навтаъсис 334 санҷиш гузаронда, беш аз 85 миллион сомонӣ маблағ ба Буҷети давлатӣ баргардонда шудааст. Танҳо зимни як санҷиш дар Бонки миллии Тоҷикистон ба андозаи 15 миллион сомонӣ дар дастгоҳи марказии ин ниҳод зарари молиявӣ ошкор ва 10 миллион сомонӣ ба Буҷети давлатӣ ворид карда шудааст. Корҳои зиёд дар самти санҷиши лоиҳаи Буҷети давлатии кишвар, ки аз вазифаҳои асосии Палатаи ҳисоб ба шумор меравад, анҷом дода шудааст.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки фаъолияти молиявии Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби Палатаи ҳисоб ҳар сол санҷида шавад.
Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Абдуфаттоҳи Ғоиб доир ба фаъолияти панҷсолаи ин сохтор ҳисобот дода, аз ҷумла иттилоъ дод, ки дар ин муддат ба андозаи зиёда аз 1 миллиард сомонӣ зарари молиявӣ ошкор ва наздики 600 миллион сомонӣ барқарор карда шудааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки тамоми маблағҳои зарари молиявии ошкоршуда бояд баргардонда шавад, вале на ба ҳисоби бонкии ҳамон сохторҳо, балки ба Буҷети давлат.
Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмонов зимни ҳисобот, аз ҷумла иттилоъ дод, ки дар мубориза бо коррупсия саҳми ин сохтор низ намоён аст, вале камбудиҳои ҷиддӣ низ ба назар мерасанд.
Бо назардошти камбудиҳои ҷиддӣ дар ин соҳа Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки муовини якум ва ҳамаи муовинони Прокурори генералӣ ва прокурорҳои вилоятҳо иваз карда шаванд.
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода зикр намуд, ки тайи 5 соли гузашта аз 11741 ҷинояти коррупсионии сабтшуда 4453 тоаш аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ошкор гардидаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба вазири корҳои дохилӣ супориш дод, ки дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мардум бевосита мулоқотҳо доир намояд, то ки арзу доди онҳоро, аз ҷумла доир ба қонуншиканиҳои худи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шунида, барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта чораҷӯӣ намояд. Таъкид гардид, ки “барои ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини волоияти қонун бояд бо мардум дар алоқаи доимию бевосита бошед”.
Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Маҳмадтоир Зокиров доир ба хариду фурӯши ғайриқонунии замин, пеш аз ҳама, барои сохтмони манзили истиқоматӣ ҳисобот дод.
Зимни ҳисоботи вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода аз ӯ доир ба 88 миллион сомонӣ зарари молиявӣ, ки тайи 5 сол дар ин соҳа ошкор шудааст, пурсида шуд. Тавре зикр гардид, 15 миллион сомонӣ зарар дар ин соҳа танҳо дар соли 2014 ошкор карда шудааст.
Дар ҳисоботи вазири нақлиёт Шералӣ Ганҷалзода, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дар ин соҳа 12 лоиҳаи инвеститсионӣ бо маблағи 892 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мешавад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки рафти иҷрои ин лоиҳаҳо, истифодаи мақсадноки маблағҳо ва сифати корҳои сохтмонӣ таҳти назорати доимӣ бояд қарор дошта бошад.
Дар маҷлиси Шӯрои амният, ҳамчунин вазири маориф ва илм Нуриддин Саид, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Нусратулло Салимзода ва раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода ҳисобот доданд.
Доир ба бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ҳамчунин ба вазири адлия Рустам Шоҳмурод, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов, раиси Суди Олӣ Нусратулло Абдуллозода, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода ва роҳбарони дигар сохторҳо дастуру ҳидоятҳо дода шуд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.02.2015    №: 36    Мутолиа карданд: 29336
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед