номаҳо
Изҳори сипос
менамоям, ки…
Бемории дил маро ба Маркази тиббии шаҳри Душанбе, воқеъ дар кӯчаи Абай 3 (маҳаллаи «Якуми Совет») овард. Ба ростӣ, ҳолам бисёр бад буд. Маҷбур гардидам, ки дарсро қатъ намояму аз шогирдони азизам дур шавам. Пас аз ташхис як моҳ дар ин ҷо табобат гирифтам.
Агар давову дармон ними тандурустиямро барқарор карда бошад, фикр мекунам, ки ними дигари он туфайли муносибати хубу меҳрубононаи табибон Абдурауф Қодиров, Ҷумъахон Холов ва ҳамшираҳои шафқат насибам гаштааст. Ба ҳамаи онҳо изҳори сипос менамоям, ки мани омӯзгорро боз сиҳату бардам ба назди шогирдонам баргардониданд.
Х. НУРОВА,
ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3055