logo

маориф

ОМӮЗГОР ҲУҚУҚИ ХАТО КАРДАН НАДОРАД

Омӯзгор набояд дар тарбияи шогирд ба хато роҳ диҳад, зеро мақоми устодӣ баробар ба мақоми тарбиятгари башар аст ва дар худ даҳҳо маънии хирадро мегирад. Баён гардидани ин ишора дар Паёми Сарвари давлат, мо, омӯзгоронро водор ба он кард, ки шиори ҳамешагиамон дар ҳамин маънӣ бошад. Бо қадам гузоштан ба остонаи мактаб ва дидани чеҳраи даҳҳо шогирд, рисолати касбии худро бидуни саҳлангорӣ ва хиёнат ба касби пуршафар иҷро кунем.

Дар кишвар ба тарбияи насли наврас шароит муҳайёст, мо бояд онро ба самти рушди кишвар, ваҳдати миллӣ, якпорчагии Тоҷикистон равона намоем.
Манфиатҳо ва арзишҳои миллӣ бояд асоси пешравии ҷомеа бошанд. Дар Паёми Президенти кишвар ба фаъ-олияти омӯзгору мактаб, оила ва масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд, аҳамияти вижа дода шуд. Соҳаи маориф самти афзалиятнок муайян гардид.
Сарвари давлат таъкид кард, ки дар таълим ба рушди фанҳои  дақиқ бештару беҳтар диққат дода шавад. Воқеан, нақши фанҳои дақиқ дар рушди ҷомеа муҳим аст. Донистани илмҳои риёзӣ, физика, химия, технологияи иттилоотӣ, зеҳн ва завқи шогирдонро ба илмҳои дақиқ ва воқеияти олам наздик мегардонад. Шогирдони мо аз фанҳои дақиқ дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ хеле фаъ-оланд. Пӯшида нест, ки имрӯз ҷомеаи мо ба кадрҳои муҳандис, меъмор, технолог ва ғайра бештар ниёз  дорад. Ин кадрҳоро кӣ метавонад омода созад? Алабатта омӯзгор. Аммо дар шинохт ва зеҳни шогирдон коштани меҳри касб кори саҳл нест. Барои ин омӯзгор бояд маҳорати педагогии худро истифода бурда тавонад. Танҳо муаллим, мактаб ва маориф бо дастгирии оила метавонад муҳитро барои тарбияи чунин кадрҳо фароҳам орад.
Тавре  Сарвари давлат дар Паём таъкид кард, дар кишвар 1 миллиону 750  ҳазор нафар хонанда ҳаст,  ки ҳар сол 110 – 112 ҳазор мактабро хатм мекунанд.  Кор бо хатмкунандагон заҳмати муаллим талаб менамояд. Обрӯю мақоми омӯзгор бештар аз дохилшавии хатмкунандагон ба муассисаи олии таълимӣ меафзояд. Ҳоло замон ва талабот дигар шудааст. Акнун давраи муаррифӣ кардани омӯзгор ва мактаб расидааст.
Сарвари давлат таъкид дошт, ки масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва дар низоми таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ ва фаъоли таълим, инчунин баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон таваҷҷуҳи боз ҳам бештари масъулонро тақозо мекунад. 
Ин ишора ҳам бамаврид буд, ки омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато кардан надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст.

Рафоат ҚУВВАТОВА,
омӯзгори гимназияи № 1 барои хонандагони
болаёқати шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.02.2015    №: 37    Мутолиа карданд: 1484
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед